Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 25.01.2022

"Иқтисоди Тоҷикистон 9% афзуд." Рушди саноат, афзоиши пули муҳоҷирон ё зиёданависӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон аз рушди 9,2-дарсадии иқтисод дар соли 2021 хабар доданд. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ, ҳадди ақал дар 17 соли охир чунин рушди иқтисод барои Тоҷикистон “рекордӣ” ба ҳисоб меравад.

Иқтисоди Тоҷикистон аз кадом ҳисоб рушд кард?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон аз рушди 9,2 дарсадии иқтисод дар соли гузашта хабар доданд. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ, ҳадди ақал дар 17 соли ахир чунин рушди иқтисод барои Тоҷикистон “рекордӣ” ба ҳисоб меравад.

Видеои ҳамлаи маргбор ба як оилаи афғонро нашр карданд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико чанде пеш навори видеои ҳамлаи хонаеро нашр кард, ки дар натиҷаи он 10 узви як оила кушта шуданд. Фармондеҳони амрикоӣ, ки мегуфтанд, аъзои ДОИШ-ро ҳадаф гирифтаанд, баъдан гуфтанд, ки ба хатои ғамангезе роҳ додаанд.

Сокини Суғд фермаи хукпарвариашро баст, ҷонваронро ба Ёвон фиристод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сокини вилояти Суғд фермаи хукпарвариашро дар Деҳмой, канори дарёи Сир, ки боис ба нигаронии мардуму мақомот шуда буд, бастааст. Насим Дӯстматовро соли гузашта бо гуноҳи "ифлос ё олуда кардани об" ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур карданд. Вай сесад хук дошт, аммо мегуфт, аз ночорӣ мепарварад.

Тақдири хукҳои фермаи Деҳмой чӣ шуд?

Ozodi.org 

Дар пайи шикояти сокинони деҳаи Деҳмой ва ҷаримаҳои чандбора, Насим Дӯстматов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи хукпарвариашро барҳам додааст. Соли гузашта, додгоҳ молики фермаи хукпарвариро дар канори руди Сир барои олуда кардани об ба якуним сол кори маҷбурӣ маҳкум кард.

Шарофиддин Гадоев: Қарори Созмони Милал одилона аст

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ, аз қарори як гуруҳи Созмони Милал истиқбол кард, ки гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистону Русия дар рабудану ба Душанбе фиристодани ӯ нақш доранд.

Шарофиддин Гадоев: Қарори Созмони Милал одилона аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ, аз қарори як гуруҳи Созмони Милал истиқбол кард, ки гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистону Русия дар рабудану ба Душанбе фиристодани ӯ нақш доранд.



Вазир рӯзноманигори ифшогарро ба истеъмоли ҳашиш муттаҳам кард

Ozodi.org 

Улан Ниёзбеков гуфтааст, гуё маълумотеро дарёфт карданд, ки "нафаре бо номи Болот аз 25-уми октябри соли гузашта маводи мухаддир истеъмол мекунад ва ҳамчунин дӯстонашро ба он ташвиқ менамояд".

Бишкек ба Пекин тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро супурд

Ozodi.org 

Қирғизистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро ба ҳукумати Чин расонид. Дар ин бора Достон Усубакунов, муовини мудири кулли ширкати Роҳи оҳани Қирғизистон хабар дод.

Байден гуфт, ИМА ва муттаҳидонаш ба таҳдидҳои Русия якҷоя посух медиҳанд

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои муттафиқи аврупоияш дар масъалаи вокуниш ба таҳдидҳои Русия дар марзи Украина мавқеи ягона доранд. Ӯ дар ин бора 24-уми январ пас аз муколамаи онлайнӣ бо муттаҳидони аврупоияш сухан гуфт.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии санҷиширо бо Булғористон дар Туркия мусовӣ кард

Ozodi.org 

Аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16), ки рӯзи 24-уми январ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар  Анталияи Туркия бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи  Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бозии дувуми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия рӯзи шанбе, 29-уми январ, бо тими Академияи «Краснодар» (U-17) аз Русия доир мегардад. Футболбозони навраси... Читать дальше...

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Узбекистон дар қаҳрамонии футзали СAFA-2022

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар даври севуми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 24-уми январ дар Маҷмааи варзишии универсалии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон... Читать дальше...

Ҳалокати як нафар дар тирпаронии Донишгоҳи Гейделберги Олмон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар Донишгоҳи маъруфи Гейделберги Олмон як нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамлагар, ки гуфта мешавад донишҷӯи факултети тиббӣ буд, баъдан худро низ парондааст. Дар ин бора пулиси шаҳри Мангейм ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст. Шахсияти ҳамлагар ошкор карда намешавад. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳамла ангезаи сиёсӣ ё динӣ надорад. Ҳамлагар бо худ чандин силоҳ дошта, ба танҳоӣ амал кардааст. Донишгоҳи Гейделберг бар асоси натиҷагирии Times Higher Education... Читать дальше...

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Конститутсия ва қонуни интихоботро тағйир диҳанд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ба ҳайати он соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва омӯзгорон шомиланд, 24 январ аз таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятие бо номи "Ҳаракат барои дастгирии Ҷумҳурӣ" хабар доданд. Дар изҳороти гуруҳи ташаббускор, аз ҷумла гуфта шудааст, "ҳаракат низоми худкомаеро, ки Нурсултон Назарбоев сохтааст, қабул надорад ва барои шикастани ин низом талош хоҳад кард". Матни изҳоротро дар нишасти хабарӣ аз номи ҳаракат раиси шӯрои "Пажӯҳишгоҳи волоияти ҳуқуқ" Азамат Тулеуов қироат кард. Читать дальше...

Алишер Усмонов бузургтарин корхонаи сементбарории Узбекистонро харид

Ozodi.org 

Ширкати русии "Akkermann Cement" 98,6 дарсади саҳмияҳои корхонаи сементбарории "Оҳангаронсемент"-и Узбекистонро харидорӣ кардааст. Раиси Шӯрои мудирони "Akkermann Cement" Антон Селявко гуфтааст, сармоягузорӣ дар "Оҳангаронсемент" ба монанди сармояҳои дигари ширкати USM дар Узбекистон, пеш аз ҳама ба рушди ин кишвар, зодгоҳи саҳҳоми асосии USM Алишер Усмонов равона шудааст". "Akkermann Cement CA" корхонаи зертобеи ширкати холдингии USM олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов аст. Дороиҳои асосии... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *