Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 09.01.2022

"Тоҷикон ҳамроҳам буданд". Вокуниш ба боздошти мусиқинавози қирғиз дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 9-уми январ навори суҳбати як боздоштшуда бо чеҳраи зоҳиран латукӯбшударо нашр карданд, ки худашро шаҳрванди Қирғизистон муаррифӣ кард ва гуфт, барои иштирок дар эътирозҳои ин кишвар ба ӯ 200 доллар ваъда карда буданд.

Дар нооромиҳои Қазоқистон 164 нафар кушта шудааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст. Ба қавли Вазорат, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилордин 21 нафар, дар Ҷамбул 10 нафар ва дар вилояти Алмато 8 нафар кушта шудаанд. 22 нафари дигар дар кадом вилоят кушта шудаанд, Вазорат шарҳ надодааст. Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Пештар мақомоти қазоқ хабар дода буд... Читать дальше...

Дар қуръакашии AFC-2022 “Истиқлол” дар сабади сеюм ҷой гирифт

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ дар сомонаи худ нашр кард. Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 17-уми январ баргузор мешавад, даҳ гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё, тибқи тақвими AFC, дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 10-ум то 26-уми май ва дар минтақаи Шарқ аз 15-уми апрел то 1-уми май барпо мегардад. Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе... Читать дальше...

Соли гузашта 33 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ дар Душанбе фавтидааст

Ozodi.org 

Пулиси Душанбе соли 2022-ро "Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" эълон кардааст. Дар як хабарномаи РВКД-и Душанбе гуфта шудааст, ки соли гузашта дар хиёбонҳои Душанбе 242 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Пулиси Душанбе мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо сокинон талош хоҳад кард, ки садама дар роҳҳоро коҳиш диҳад. Аз ин пеш низ Раёсати ВКД дар Душанбе аз сокинон хост, ки ҳар куҷое нақзи қоидаҳои роҳро диданд, ба онҳо хабар диҳанд.

Тоқаев навиштааш дар бораи ҳамлаи "20 ҳазор террорист"-ро пок кард

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон навиштааш дар бораи ҳамлаи “20 ҳазор террорист” ба Алматоро аз саҳифааш дар Твиетр пок кардааст. Ӯ рӯзи 7-уми январ дар саҳифааш дар Твитер чанд паём дар бораи эътироз дар Қазоқистон нашр кард. Тоқаев дар як паёми худ навишта буд, ки "20 ҳазор террорист" ба Алмато ҳуҷум кардаанд ва бархеи онҳо ба қазоқӣ суҳбат намекунанд. “Онҳо кормандони пулису сарбозонро мекушанд, идораҳои давлатӣ ва дуконҳои савдоро оташ мезананд, занҳои ҷавонро таҷовуз мекунанд”.—навишта буд ӯ. Читать дальше...

Рақибони ду дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2022 маълум мешаванд

Ozodi.org 

Конфедеросиюни футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022, дуюмин мусобиқоти муҳими бошгоҳҳои қораи Осиё, дар сомонаи худ нашр кард. Рақибони ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар - "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 тавассути қуръакашӣ рӯзи 17-уми январ маълум хоҳанд шуд. Мисли соли гузашта дар минтақаи Марказии Ҷоми AFC-2022 ду гурӯҳ ... Читать дальше...

"Назарбоев ихтиёрӣ вазифаашро ба Тоқаев дод"

Ozodi.org 

Сухангӯи собиқи президенти Қазоқистон гуфтааст, ки Нурсултон Назарбоев вазифаи раиси Шӯрои амнияти миллиро ба ихтиёри худ ба Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар супурдааст. Нурсултон Назарбоев, ки се даҳсола Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, ду сол пеш аз мансаби президенти канор рафта буд, вале ҳамчун “Элбаси” (Пешвои миллат) раиси Шӯрои амниятро бар душ дошт. Айдос Укибай, сухангӯи президенти собиқи Қазоқистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки тасмими канор рафтан аз раиси Шӯрои амниятро... Читать дальше...



Сабаби садамаи автобус дар Корвонро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Ронандаи автобусе, ки дар назди бозори Корвон чанд мошин ва як ҷавонзанро пахш кард, бар асари истеъмоли зиёди дору аз ҳуш рафта, натавонистааст нақлиётро идора кунад. Ҳодиса рӯзи 8- уми январ дар сероҳаи назди бозори калонтарини Душанбе, Корвон рух додааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар хабарномае сабаби ин садамаро шарҳ дода, гуфтааст, ронандаи автобус, Шуҳрат Мардонов қабл аз ба роҳ баромадан доруи “Баралгин”- ро зиёд истеъмол карда, дар назди бозори Корвон аз ҳуш рафтааст. Дар натиҷа... Читать дальше...

Толибон боздошти профессори "оташнафас"-ро тасдиқ карданд

Ozodi.org 

Гурӯҳи Толибон боздошти Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсиро тасдиқ карданд. Ӯ аз камтарин афғонистонӣ буд, ки дар дохили Афғонистон ҳукумати Толибонро сахт танқид мекард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 9-уми январ дар саҳифааш дар Твитер навиштааст, ки “як инсони мутаасиб бо номи Ҷалол” барои “таҳрики мардум алайҳи низом” боздошт шудааст. Намояндагони Толибон, ки моҳҳо боз назорат бар Афғонистонро дар даст доранд, барои саркуби дигарандешон танқид мешаванд. Читать дальше...

"Тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ бештар аз Русия маош мегиранд"

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ, як кишвари пешрафтаи саноатӣ таваҷҷӯҳи ҳазорон муҳоҷири тоҷикро ҷалб кардааст. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, феълан беш аз шаш ҳазор тоҷикистонӣ расман дар ин кишвар кор мекунанд, ки наздики панҷ ҳазор нафари онҳо ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд. Муҳоҷирони тоҷик, ҳатто дар ширкатҳои маъруфи “Самсунг” ва “Ҳундай” кор пайдо кардаанд. Аҳрорҷон Боқиев, раҳбари Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумлаи тоҷикони муввафақ дониста мешавад. Ӯ ҳамзамон дар ширкати боркашонии... Читать дальше...

Нархи газ ва "Пирамард, бирав". Яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон чӣ давронеро паси сар мекунад?

Ozodi.org 

Қазоқистон, кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ ва яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон, шоҳиди тазоҳуроте шуд, ки дар сӣ соли истиқлоли он кишвар собиқа надоштааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *