Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 17.01.2022

Созмони Милал гуфт, Толибон занонро аз ҳама соҳаҳо дур мекунанд

Ozodi.org 

Як гурӯҳи 36-нафарии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз “кӯшишҳои пайваста”-и Толибон барои берун кардани занон аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

"Ҳар рӯз 3-4 мавриди сирояти COVID сабт мешавад." Вазорати тандурустӣ чаро хомӯш аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи охир шикоятҳо дар бораи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Мақомот аз додани ҳама гуна шарҳ худдорӣ меварзанд. Ёфтаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон доданд, ки дар кишвар чанд мавриди гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабт шудааст.

Ҷавоне бо дастони худ заврақ сохт

Ozodi.org 

Собир раҳбари ширкати таксиронӣ мошинашро фурӯхт ва ба пули он заврақи мотордор сохт, зеро дар назди обанбори Норак зиндагӣ мекунад.



Тоқаев бародарзодаи Назарбоевро аз мақом барканор кард

Ozodi.org 

Самат Абиш, бародарзодаи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар барканор шудааст. Фармони барканории ӯро президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17-уми январ имзо кард.

Муфаттишон дар Хоруғ, хости фаъолон аз Душанбе. Таҳқиқи ҳодисаҳои Бадахшонро "аз сар гирифтаанд"

Ozodi.org 

Як гуруҳи иборат аз муфаттишони Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ва шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғро аз сар гирифтаанд. Пештар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нигарон буданд, ки эҳтимол таҳқиқ бас шудааст. Додситонӣ мегӯяд, дар таътил буданд.

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2022 муайян шуданд

Ozodi.org 

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш”-и Душанбе - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 17-уми январ, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала Лумпур – доир гардид, муайян шуданд.

Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев ҳам истеъфо дод

Ozodi.org 

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, истеъфо дод. Изҳороти ӯ рӯзи 17-уми январ дар вебсайти созмон нашр шуд.

Даъвати Amnesty International ба тарафдорӣ аз озод шудани Навалний. Аз ҳабси мунаққиди Кремлин як сол гузашт

Ozodi.org 

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International дар яксолагии ҳабсу зиндоникунии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний аз ҷаҳониён хост, ки бо талаби  озод кардани  сиёсатмадор садо баланд кунанд, то ки “маъракаи  бесобиқаи саркӯбу интиқомҷӯиҳо” хотима ёбад. Алексей Навалний баъди муолиҷааш  аз як заҳролудшавӣ дар моҳи августи соли 2020 расо як сол пеш 17-уми январ дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд. Мари Струзерс, раиси умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International дар изҳороте гуфт... Читать дальше...

Президенти гумонбар ба "хиёнат ба давлат" ба кишвараш баргашт. Порошенкоро чӣ интизор аст?

Ozodi.org 

Петро Порошенко, президенти пешини Украина, ки дар кишвараш ба хиёнат ба давлат муттаҳам аст, вале дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад, ба Киев баргашт. Вай аз моҳи декабри соли гузашта дар хориҷа буд.

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии футзали CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Созмони футболи Осиёи Маракзӣ тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро, ки аз 19-ум то 29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

HRW: Ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон дар Узбекистон ба сустӣ пеш меравад

Ozodi.org 

"Дар Узбекистон дар соли 2021 ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон ба кундӣ пеш рафт ё умуман пеш нарафтааст, ба хусус дар остонаи интихоботи президентӣ, ки дар он президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд", - омадааст дар гузориши нави созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар.

Дар Туркманистон дубора маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро ҷорӣ карданд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон дубора маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз коронавирусро ҷорӣ карданд. Бозорҳои либосфурӯшӣ, марказҳои тиҷорӣ, тарабхонаҳо ва мағозаҳо, ба истиснои мағозаҳои ғизо, аз рӯзи 15 январ баста шуданд. "Барои ман ин тасмим ногаҳонӣ буд. Тарабхонаҳо барои баргузории маъракаҳо фармоиш гирифта буданд. Акнун баста шудаанд. Бархе аз огаҳон гуфтанд, ки ин марказҳо то моҳи феврал баста боқӣ мемонанд", - нақл кард як сокини шаҳри Ишқобод. Бино ба иттилои манобеъ, дар шаҳри Ишқобод театру кинотеатр ва толорҳои консерт ҳам баста шудаанд. Читать дальше...

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Гурҷистон дар ду бозии дӯстона дар Тифлис

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона бо мунтахаби Гурҷистон, ки рӯзҳои 15-16-уми январ дар Тифлис баргузор шуд, шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Гурҷистон ва Тоҷикистон бо ҳисоби 6:2 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Дар нимаи дувуми 20-дақиқаӣ мунтахаби Гурҷистон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор тӯби беҷавоб заданд. Ҳамин тариқ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *