Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 27.01.2022

Тоҷикистон Қирғизистонро ба "тирборон" ва "марзшикании бесарнишинҳо" гунаҳкор кард. Бишкек баръакс мегӯяд

Ozodi.org 

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сар кардани ҳамлаи мусаллаҳона дар сарҳад гунаҳкор карда, ҳамзамон талафот миёни сокинон ва марзбонҳои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Вале он шумораи муайянеро зикр накард.

Вазорат: Ҳафт шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон чаҳор низомии он кишвар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки маҷруҳонро аз деҳаи Куктош ба бемористони вилояти Бодканд бурданд.

Задухӯрд дар марз. Аҳмадзода: Оташбас эълон шуд. Жапаров: Бо гуфтушунид ҳал мекунем

Ozodi.org 

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, баъди онки мақомоти ду кишвар дар баёнияҳои алоҳида аз роҳбандӣ дар сарҳад хабар доданд, шоми 27-уми январ шуруъ шуд.



Эътироз ба нишасти 13 мансабдори тоҷик дар як рӯз. "Иззати журналистон иззати 9 миллион аҳолии Тоҷикистон аст" ВИДЕО

Ozodi.org 

Эълони ҷадвали нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ бо вокуниши тунди ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Нигаронии хабарнигорон аз он аст, ки дар як рӯз нишасти раҳбарони 13 вазорату идораҳои муҳими давлатиро таъин кардаанд.

Эътироз ба нишасти 13 мансабдори тоҷик дар як рӯз

Ozodi.org 

Эълони ҷадвали нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ бо вокуниши тунди ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Нигаронӣ аз он аст, ки дар як рӯз нишасти раҳбарони 13 вазорату идораҳои муҳими давлатиро таъин кардаанд.

Симои нави Душанбе

Ozodi.org 

Аз замони ба даст овардани истиқлолият, Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, шаҳри Душанберо аз як маркази ҷумҳурии комунистӣ ба пойтахти кишвари соҳибистиқлоли дорои ҳуввияти миллӣ табдил диҳад.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми январи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Нороҳатии рӯзноманигорон аз ҷадвали нишастҳои матбуотии солона дар ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон, боздошти ҷияни Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хатлон, талоши бунёди пойтахти кишвари соҳибистиқлоли миллӣ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҷавони африқоӣ баъди 16 соли саргардонӣ дар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ.

Амрико ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки Украинро тарк кунанд

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Киев бо нашри баёния аз амрикоиҳои муқими Украина хостааст, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти "ғайри қобили пешбинӣ", бинобар таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина, ҳамин "ҳоло" ин кишварро тарк кунанд.

Си Ҷинпин: Мақомоти Чин ба баргузории бомуваффақияти бозиҳо итминон доранд

Ozodi.org 

Пойтахти Чин барои мизбонии тақрибан 3000 варзишгар аз ҳудуди 90 кишвар ва минтақа дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ омодагӣ мегирад. Дар ин бора Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи сешанбе зимни мулоқот бо раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, ки дар қароргоҳи давлатии Дяоюйтай баргузор шуд, изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС. Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Чин аз қавли Си Ҷинпин гуфтааст, "дастгирии Олимпиадаи Пекин на танҳо аз ҷониби мардуми Чин, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад. Ин... Читать дальше...

Мутахассиси хорватӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар таъйин гардид.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ мегӯянд, боздоштшудагон шиканҷа мешаванд

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Алмаато талаб доранд, ки ба шиканҷаи боздоштшудагони гумонбар дар ширкат ва ташкили ошӯбҳои оммавӣ хотима дода шавад. Хешовандони баъзе аз боздоштшудагон дар бораи мавридҳои зиёди латукӯб ва бадрафторӣ хабар медиҳанд.

Амрико ба рӯйхати тундгароён шомил кардани Навалнийро маҳкум кард

Ozodi.org 

Департаменти давлатии Амрико дар робита ба қарори ҳукумати Русия, ки роҳбари мухолифони ин кишвар Алексей Навалний ва ҳамсафонашро шомили рӯйхати террористҳову тундгароён кардааст, изҳори нигаронӣ кард.

Дар Қирғизистон барканории раиси КДАМ ва вазири умури дохилиро талаб доранд

Ozodi.org 

Фаъолони мадании Қирғизистон бо нашри як муроҷиатнома ба унвони президент Содир Ҷабборов талаб карданд, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилии ин кишвар аз мақомҳояшон барканор шаванд. Дар изҳороти фаъолон ҳамчунин талаб шудааст, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилии Қирғизистон - Қамчибек Тошиев ва Улан Ниёзбеков ба ҷавобгарӣ низ кашида шаванд. "Мо талаб дорем, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ, ки шаъну шарафи инсон, ҳуқуқ ба даххлнопазирӣ ва маълумоти махфиро ошкоро поймол мекунанд... Читать дальше...

11 варзишгари тоҷик муборизаро дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд идома медиҳад

Ozodi.org 

Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар Қасри универсалии варзиши шаҳри Тошканд ҷараён дорад, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар муборизаро барои ҷоизаҳо идома медиҳанд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар пойтахти Узбекистон 22-юми январ шуруъ шуда буд, 109 муштзан аз 12 кишвари қора - Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қирғизистон, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон... Читать дальше...

Амрико ба дархостҳои Русия посухи хаттӣ дод ва талаби напайвастани Украина ба НАТО-ро рад кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми январ ба дархостҳои амниятии Русия посухи хаттӣ дод. Ин дар ҳоле аст, ки Русия размоишҳои низомии худро дар наздикиҳои марзи Украина оғоз кардааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *