Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 08.01.2022

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Раҳпаймоие, ки рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон шуруъ шуд, дар минтақаҳои дигар ҳамовозӣ ёфт ва баъдан ба хушунат печид.

Вуруди нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон. Пайомадаш чӣ хоҳад буд?

Ozodi.org 

Эътирозҳо дар Қазоқистон тақрибан як ҳафта пеш ба далели боло рафтани нархи гази моеъ дар шаҳри нафтии Жанаозен оғоз ёфтанд. Баъдан одамон ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои дигари Қазоқистон баромада, аз сиёсати ҳукумати худкома ибрози норозигӣ карданд.

Панҷ зани тоҷикро бо гуноҳи "ҷанг дар Афғонистон" зиндонӣ кардаанд. Вакил розӣ нест. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ занро бо гуноҳи иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот ба таври расмӣ тафсилоти парвандаҳоро ошкор намекунанд. Манобеи огоҳ аз парвандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин занонро тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда буданд.

Сабаби эътирозу беназмӣ дар Қазоқистон чист?

Ozodi.org 

Баҳси “Гапи озод” ба ҳамин масъала бахшида мешавад ва меҳмонони барнома Боир Саидов, коршиноси минтақа аз беруни Тоҷикистон ва таҳлилгар Абдумалик Қодиров аз Душанбе даъват шудаанд.

Боздошти профессори "оташнафас". Файзулло Ҷалол дар куҷост?

Ozodi.org 

Маҳсо Ҷалол, ки худро духтари Файзулло Ҷалол муаррифӣ кардааст, рӯзи 8-уми январ дар Твиттер навишт, намедонад падарашро ба куҷо бурданд. Вай аз мардум хостааст, садояшро ба созмонҳои ҳуқуқи башар бирасонанд.

ВКД-и Қазоқистон аз боздошти 4266 нафар, аз ҷумла хориҷиҳо хабар дод

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 8-уми январ хабар дод, ки 4266 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷиро ба идораи пулис бурдаанд. Дар баёнияи расмии вазорат гуфтаанд, "дар яке аз рустоҳои вилояти Алмаато беш аз 100 нафар дастгир шуд."



"Бо ин пул Роғунро месохтем." Э.Раҳмон харҷи телефону интернетро зиёд гуфт, сокинон чӣ посух доданд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта мардумро танқид кард, ки барои истифода аз телефону Интернет дар даҳ соли охир 30 миллиард cомонӣ (қариб 3 миллиард доллар) харҷ кардаанд.

"Маҷбурем бо наздикони ғарибамон интернетӣ сӯҳбат кунем"

Ozodi.org 

Тоҷикон мегӯянд, "маҷбурем бо наздикони ғарибамон интернетӣ сӯҳбат кунем". Ин вокуниш ба суханони Президенти Тоҷикистон аст, ки гуфта буд, тоҷкон миллиардҳо сомниро барои сӯҳбатҳои интернетӣ масраф мекунанд

"Берун кардан душвор хоҳад буд." Блинкен гуфт, даъвати нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон суолбарангез аст

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 7-уми январ бори дигар нигаронии Вашингтонро дар бораи таҳаввулоти Қазоқистон ва дахолати нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба раҳбарии Русия дар ин кишвар иброз дошт.

Боздошти Карим Масимов, яке аз ёрони Назарбоев

Ozodi.org 

Карим Масимов, аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, дастгир шудааст. Хабари боздошти ӯро рӯзи 8-уми январ дар сомонаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон нашр карданд.

Гапи Озод: Чӣ сабаби эътирозҳо дар Қазоқистон шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон, тазоҳуроти мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ, ки рӯзи 2-уми январ оғоз ёфт, ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил ёфт ва ба хунрезӣ печид.  Чӣ сабаб шуд, дар кишвари сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад.

Гапи Озод: "Чӣ сабаби тазоҳурот дар Қазоқистон шуд?"

Ozodi.org 

Чӣ сабаб шуд, ки дар кишвари амнтарину сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад? То куҷо эътирозҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт? Посух ба ин суолҳо дар навор аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *