Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 28.01.2022

Ҳафт муштзани тоҷик ба финали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

​Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар Қасри универсалии варзиши шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ҳафт варзишгари тоҷик ба финал роҳ пайдо кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Роҳи хатми ҷангу низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кадом аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба андешаи бархе таҳлилгарон  “идомаи низои мусаллаҳона ва пурхушунати апрели соли 2021” ва баёнгари “сиёсати фишор ва ноомодагӣ ба гузашт дар аломатгузории марзи муштарак” мебошад.

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, интернетро ба Бадахшон баргардонад

Ozodi.org 

Платформаи «Ҳамрайъии шаҳрвандӣ», ки аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва 33 кишвари дигар иборат аст, дар як изҳорот аз барқарор нашудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардаанд. Фаъолон аз мақомоти тоҷик талаб доранд, ки фавран дастрасӣ ба интернетро дар вилоят барқарор кунанд.  Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли гузашта дастрасӣ ба интернет ба Бадахшон қатъ шуд. Мақомот дар ин замина ҳеч шарҳе намедиҳанд ва рӯшан нест, ки интернет барои сокинон кай дастрас мешавад. Читать дальше...

Мотам дар ду хона дар Исфара. Ҷузъиёти шаби тарсноки ҷанг дар марз. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Исфара арзёбии зарар аз муноқиша байни марзбонони тоҷику қирғиз идома дорад, ки дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва беш аз 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Яке аз қурбониён ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ Абдулатиф Шарифови 58-сола аст,  ки ҳангоми шитоб барои кумак ба захмиён ба ба ҳалокат расид. Азбаски тири минамёт мустақим ба мошин бархӯрдааст, сокинон мегӯянд, ки ӯро қасдан ҳадаф гирифтаанд. Ду корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар ин мошин будаанд, захми ҷиддӣ бардоштаанд ва дар ҷарроҳӣ шудаанд. Читать дальше...

Идораи мусулмонони Русия тоҷикону қирғизҳоро ба сулҳу дӯстӣ даъват кард

Ozodi.org 

Идораи мусулмонони Русия мегӯяд, мусулмонони Русия ҳангоми намози ҷумъа дар масҷидҳои кишвар хостори ҳарчӣ зудтар поён додан ба муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шудаанд. Онҳо изҳори умедворӣ кардаанд, «муколама сулҳ ва дӯстӣ ҳарчӣ зудтар байни мардуми бародари ду кишвар бармегардад.» Дар баёнияи расмии Идораи мусулмонони Русия дар рӯзи 28-уми январ омадааст: «Имрӯз дар рӯзи саиди  ҷумъа дар Масҷиди ҷомеаи Маскав ва тамоми дигар масҷидҳову ҷамоаҳои Идораи мусулмонони Русия имомҳо аз... Читать дальше...



Раиси САҲА гуфт, омодаи кумак ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд

Ozodi.org 

Раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз созиши оташбас байни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол карда ва гуфтааст, ин созмон ҳозир аст, дар сурати зарурат ба ҳарду кишвар кумак расонад. Збигнев Рау, рӯзи 28-уми январ дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, «Ман аз созиши оташбас байни Тоҷикистону Қирғизистон, баъди ҳодисаҳои ахир дар марз истиқбол мекунам.» Ӯ аз ҳарду тараф хостааст, ки шиддати танишҳоро коҳиш дода ва мушкилотро аз роҳи осоишта ҳал кунанд. Збигнев Рау гуфтааст, Созмони... Читать дальше...

Нарендра Модӣ раҳбарони Осиёи Марказиро "мизбонӣ" кард

Ozodi.org 

Дар як нишасти онлайнӣ сарони Ҳинд ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд ва дар замоне, ки Пекину Деҳлӣ саъй доранд, нуфузи худро дар ин минтақаи суннатии таҳти назари Русия мустаҳкам кунанд. Нахуствазир Нарендра Модӣ, ки рӯзи 27-уми январ раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистонро мизбонӣ мекард, гуфт: “Осиёи Марказӣ дар чашмандози Ҳинд, як ҳамсояи якпорча ва босуботи густурдае аст.” Ду рӯз пештар аз ин, Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури... Читать дальше...

Қирғизистон Тоҷикистонро аз медалҳои CAFA-2022 маҳрум кард

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:4 бохт, аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гашт. Дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе имрӯз, 28-уми январ, ба анҷом мерасад, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Мунтахаби Эрон... Читать дальше...

Тоҷикистон бозиро ба Қирғизистон бохт ва аз медалҳои биринҷии қаҳрамонии CAFA-2022 маҳрум шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:4 бохт, аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гашт. Дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе имрӯз, 28-уми январ, ба анҷом мерасад, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Мунтахаби Эрон... Читать дальше...

Оқибатҳои ҷанг дар марз. Хонаҳои сӯхта ва мошинҳои олуда ба хун. ВИДЕО. НИГОРИСТОН

Ozodi.org 

Видеову аксҳо аз маҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миқёси ҳодиса ва паёмадҳои хунрезиро нишон медиҳанд. Дар чанд видеое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, хонаҳои осебдида дар ҷамоати Сурх дар ноҳияи Исфара дида мешавад. Дар феҳрасти тартибдодаи мақомот, ки нусхае онро Радиои Озодӣ дид, омадааст, ки дар маҷмуъ дар ин ҷамоат 11 хона ва иншооти сокинон осеб дидаанд. Нодира Авезова яке аз занони фаъоли маҳаллаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркуҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи гулӯландозиҳои... Читать дальше...

Пажуҳишҳои нав коромадии ваксинаи саввумро нишон додаанд

Ozodi.org 

Ду пажуҳиши нав дар Амрикову Бритониё далелҳои наверо нишон додаанд, ки ваксинаи саввум аз COVID-19 теъдоди беморони бистарӣ ва маргу мир аз бемориро бисёр кам мекунад. Оҷонси Тандурустии Бритониё рӯзи 27-уми январ гуфт, ваксинаи саввум хатари марг аз навъи омикронро дар байни мардуми аз 50-сола боло то 95 дар сад кам мекунад. Ба гуфтаи ин муассисаи тиббӣ, ёфтаҳо нишон додаанд, ки ваксинаи саввуми Пфайзер-Бионтек то 90 дар сад аз бемори бистарӣ шудан эмин нигаҳ медорад. Масунияти бадани баъзеҳо... Читать дальше...

Оқибатҳои низоъ: "Хонаҳои сӯхта ва мошини ёрии таъҷилии олуда ба хун"

Ozodi.org 

Видеоҳое, ки корбарон аз деҳаи Сурхи Исфара ва Хоҷаи Аъло ба Радиои Озодӣ фиристоданд, чанд хонаи нимавайрона ва як мошини ёрии таъҷилиро нишон медиҳанд, ки олуда ба хун аст. Ин оқибатҳои муноқиша дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки рӯзи 27-уми январ рух дод.

Ҳафт варзишгари тоҷик ба финали қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар Қасри универсалии варзиши шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ҳафт варзишгари тоҷик ба финал роҳ пайдо кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар даври ниманиҳоӣ, ки 27-уми январ баргузор шуд, аз 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 нафарашон ба финал роҳ ёфтанд. Дар нимфинал миёни занон Сумайя Қосимова (-48 кг) бидуни сабқат пирӯз шуд. Рақибаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз рақобат даст кашид. Ду варзишгари... Читать дальше...

Русия гуфт, аз Амрико "посухи мусбат" нагирифтааст

Ozodi.org 

Русия рӯзи 27-уми январ гуфт, дар робита ба буҳрони Украина ва нигарониҳои аслии амниятиаш аз Амрико “ҳеч посухи мусбате” нагирифтааст, вале ҳануз ҳам дарича барои идомаи муколама сари чанд масоил боз мондааст. Онгуна ки интизор мерафт, Амрико ва НАТО рӯзи 26-уми январ талаби Русия барои ҳечгоҳ напазируфтани Украина ба узвияти НАТО-ро рад карданд ва гуфтанд, ки ҷойгир кардани аслиҳаву неруҳои паймон дар Аврупои Шарқӣ масъалае барои музокирот нест. Айни замон дар нома ба Маскав, Иёлоти Муттаҳида... Читать дальше...

Кишоварзони қазоқ талаб доранд, ширкати духтари Назарбоев пулҳоро баргардонад

Ozodi.org 

Соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Қазоқистон рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Нурсултон мулоқот ва аз ҳукумати ин кишвар талаб карданд, ки молиёт барои партови техникаҳои кишоварзӣ бекор карда шавад. Онҳо ҳамчунин хостанд, 30 миллиард тангае, ки соли 2021 барои партови техникаҳои кишоварзӣ пардохт шудааст, баргардонда шавад. Ба гуфтаи кишоварзон, молиёти мазкур боиси гароншавии арзиши техникаҳои кишоварзӣ ва ҳамзамон нархи маҳсулот шудааст. "Ба нархи ҳар як дона нон ва ҳар як литр шир молиёти партов зам мешавад. Читать дальше...

Ҳудуди 30 сокини Узбекистон бо гумони терроризм боздошт шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти муштарак гуруҳе аз аъзои созмони мамнуи террористии "Тавҳид ва ҷиҳод катибати"-ро дар шаҳри Тошканд дастгир карданд. Раёсати пулиси Тошканд санаи дақиқи баргузории амалиётро зикр накардааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо гӯё нақша доштанд, ки дар оянда дар пойтахти Узбекистон иқдомҳои гуруҳиеро ба роҳ монда, ба созмонҳои террористии фаъол дар Сурия пайванданд. "Ҷонибдорони ошкоршудаи гуруҳи террористӣ ҳудуди 30 нафар ҳастанд. Читать дальше...

Сомон аз рӯи натиҷаи мусбати санҷиши COVID-19 ба Гран-Прии Португалия роҳ дода нашуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи ҷудо бо номи “Гран-Прии Португалия 2022” (Grand Prix Portugal 2022), ки имрӯз, 28-уми январ, дар шаҳри Алмада шуруъ мешавад, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Комроншоҳ Устопириён – намояндагӣ хоҳад кард. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португалия ширкати 301 варзишгар (179 мард ва 122 зан) аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст. Қаблан дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *