Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 06.02.2022

Президенти Туркия ва ҳамсараш ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд

Ozodi.org 

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, ки ба КОВИД-19 сироят ёфтааст, вале нишонаҳои ҷиддии ин бемориро дар худ ҳис намекунад. Ӯ гуфтааст, пас аз нишонаҳои сабук ӯ ва занаш аз озмоиш гузаштанд ва собит шуд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд. Эрдуғон рӯзи 5-уми феврал дар саҳифаи Твитери худ навишт, ки дар хона дар карантин қарор дорад. Дар Туркия гирифториӣ ба КОВИД-19 афзоиш ёфтааст. Рӯзи 4-уми феврал Вазорати тандурустии ин кишвар аз сабти беш аз 111 ҳазор гирифторони КОВИД-19 хабар дод.

Русия ба марзи Украина нерӯи бештар фиристод

Ozodi.org 

Русия 70 дар сади бахши аслии неруи низомии худро ба марзи Украина бурдааст. Дар ин бора оҷонсии “Рейтерз” ва нашрияи “Вашингтон пост” бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар додаанд. Ба қавли мусоҳибони расонаҳо дар Хадамоти истихборотии Амрико, шумораи баталионҳои тактикии Русия дар марз бо Украина ба 83 расидааст, дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта ин шумора ба 60 баробар буд. Ҳамзамон 14 гурӯҳи дигар дар роҳ қарор доштаанд. Маълум нест, ки дар ин қатор шумораи низомиёни рус дар Белорус ҳисоб шудаанд ё на. Читать дальше...

Ҳазорон нафар озодии ду ҳамҷинсгаро дар Чеченистонро хостанд

Ozodi.org 

Беш аз сад ҳазор нафар дар як дархости интернетӣ барои озодии ду бародари ҳамҷинсгаро аз Чеченистон имзо гузоштаанд. Дар маъракаи ҷамъоварии имзо аз мақомоти ИМА хостаанд, ки бо роҳи дипломатӣ фишор орад, то аз Боздоштгоҳи муваққатии Грозний Солеҳ Муҳаммадови 20-сола ва Исмоил Исоеви 18-соларо раҳо кунанд. Муҳаммадов ва Исоев, ду бародаранд, ки яке ҳамҷинсгарост ва дигаре зоҳиран ҷинсашро иваз карданист. Онҳоро аз шаҳри Нижний Новгород рабуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар Чеченистон шиканҷа шудаанд. Читать дальше...

Сӣ Ҷинпин Тоҷикистонро "дӯсти оҳанин" номидааст

Ozodi.org 

Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “дӯсти оҳанин” хондааст. Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ба Чин сафар кардаааст. Расонаи чинии “Чайна.орг” навиштааст, ки Сӣ Ҷинпин ба идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ҳамеша омодаи кумак барои ҳифзи истиқлол ва амният дар ин кишвари ҳамсоя аст. Ду ҷониб нақшаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишварро имзо кардаанд. Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ки барои рушди босуръати Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Читать дальше...

Блогери қазоқ пас аз шаш сол ба ватан баргашт ва боздошт шуд

Ozodi.org 

Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ, ки соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд, ҳангоми бозгашт, рӯзи 6-уми феврал, дар фурудгоҳи шаҳри Алмато боздошт шуд. Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад". Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад. Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад. Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Читать дальше...

Вазирону раисони тоҷик ба хабарнигорон чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Бо вуҷуди норозигиҳо, нишасти хабарии 13 мансабдори баландпояи тоҷик дар як рӯз, 2-юми феврал, баргузор шуд. Иддае журналистони тоҷикро ба "человек паук" монанд карданд, ки бояд ба ҳама чиз ва дар вақташ бирасанд, аммо нашуд. Он рӯз чӣ гузашт? Дар видео бинед

Гурези вазирони тоҷик аз суолҳои "вазнин". Рӯзи "таърихӣ"-и хабарнигорон чӣ гуна гузашт? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо вуҷуди норозигиҳо, нишасти хабарии 13 мансабдори баландпояи тоҷик дар як рӯз, 2-юми феврал, баргузор шуд. Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналистони тоҷикро ба "человек паук" монанд карданд, ки бояд ба ҳама чиз ва дар вақташ бирасанд, аммо нашуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *