Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 26.02.2022

Шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз

Ozodi.org 

Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст.

“Роскомнадзор” ба матбуот гуфт, бархе гузоришҳоро дар бораи ҷанги Украина "нобуд кунанд"

Ozodi.org 

“Роскомнадзор” – идораи нозири матбуоти Русия амр додааст, ки расонаҳо гузоришҳоеро, ки дар тасвири ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина аз вожаҳои “ҳуҷум”, “ишғол” ва “эълони ҷанг” истифода кардаанд, пок кунанд. Рӯзи 26 феврал ин идора хабар дод, ки нисбати расонаҳои мисли “Новая газета”, “Эхо Москвы”, ИноСМИ, “Медиазона”, “New Times”, “Дождь”тафтише ба роҳ мондааст, ки ба шеваи пӯшиши ҷанг дар Украина рабт мегирад. Дар ин феҳрист инчунин исми як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО)... Читать дальше...

Баъди таҳримҳо Путин ва дигар мақомоти русӣ бо раҳбарони ОМ ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Дар пасманзари таҳримҳои ғарбии Русия президенти Русия Владимир Путин, нахуствазир Михаил Мишустин ва раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ мавзӯи ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Дафтари матбуоти Кремл рӯзи 25 феврал гуфт, ки Путин дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба ва вазъи ҷорӣ дар Украинаро баррасӣ карданд, ки дар хоки он нирӯҳои русӣ ҳуҷуми худро идома медиҳанд. Дафтари матбуоти президенти Русия навишт... Читать дальше...

 Раҳбарони НАТО ба тавсеаи як бахши нирӯҳои вокуниши сареъ дар кишварҳои шарқӣ розӣ шуданд

Ozodi.org 

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки  ба хотири итминони хотири кишварҳои ҷойгир дар самтҳои шарқии қаламрави ин паймони низомӣ баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина, НАТО омода аст бахше аз нирӯҳои вокуниши сареи худро мустақар кунад.  Столтенберг, ки рӯзи 25 феврал дар нишасти матбуотие сӯҳбат мекард,  истиқрори ин нирӯҳоро ҷавобгӯи  амнияти ҳамагонӣ номид. Столтенберг шумори дақиқи нирӯҳоро ба забон наовард, вале гуфт: «Дар вокуниш ба тавсеаи азими қудрати низомии Русия дар чанд моҳи охир... Читать дальше...

Макрон пешбинӣ кард, ки ҷанг "тӯлонӣ" давом мекунад

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг тӯлонимуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз нархи май (вино) сар карда то меваву сабзавот,  баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ ҳамааш осеб мебинанд. Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд... Читать дальше...

Украина аз 198 куштаву беш аз ҳазор захмии ҳуҷуми Русия хабар дод

Ozodi.org 

Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина шумори кушташудаҳо 198 нафар ва маҷрӯҳшудаҳо беш аз як ҳазор нафарро ташкил додаанд. Маълум нест, ки то куҷо вазир ҳам афроди мулкӣ ва ҳам низомиро дар назар дорад. Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк  карда ба давлатҳои ҳамсоя гузаштаанд. Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Читать дальше...



Таҳримҳои зидди Путин дар ИМА, ИА ва дигарҳо

Ozodi.org 

Вазорати молияи ИМА дар робита бо ҳамлаи Русия ба Украина феҳристи нави таҳримҳоро нашр кард, ки ба ин рӯйхат президенти Русия Владимир Путин ҳам дохил карда шудааст. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, сарфармондеҳи ситоди кулл Валерий Герасимов таҳрим шуданд. Ин нафарон ҳақ надоранд ба ИМА ворид шаванд ва сармояҳои онҳо масдуд мешавад. Исми Путин ва Лавров ба феҳристи таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам дохил карда шудааст. Аврупо дороиҳои онҳоро масдуд карда... Читать дальше...

Русия қатъномаи маҳкумкунандаи ҳуҷум ба Украинаро вето кард

Ozodi.org 

Русия қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро, ки ҳуҷумаш ба Украинаро маҳкум мекард, вето кард. Дар овоздиҳӣ барои қабули қатънома 11 кишвари узв ба тарафдорӣ овоз дода, се кишвар – Ҳинд, Чин ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ худдорӣ варзиданд. Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар СММ дар робита бо қабул нашудани қатънома изҳори таассуф  ва таъкид намуд, ки худи СММ баъди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба хотири пешгирӣ аз ҷангҳои монанд ба оне, ки ҳоло дар Украина мегузарад, ташкил шуда буд. Бо пешниҳоди Сергей Кислитса... Читать дальше...

На ҷойи рафтан, на ҷойи мондан. Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, роҳҳои заминию ҳавоӣ барои берун шудан аз ин кишвар баста аст ва онҳо дар шароити номаълуме зиндагӣ доранд. Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Украина мегӯянд, рӯйхати шаҳрвандонро таҳия кардаанд ва бо даст додани имкон онҳоро аз ин кишвар берун мекунанд. Мақомоти Русия ва Украина аз талафоти зиёд хабар медиҳанд. Бо шиддат ёфтани ҷанг дар Украина кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, омодаи пазироии паноҳандагон ҳастанд. Маълум нест, ки тоҷикон низ дар қатори шаҳрвандони Украина ҳаққи паноҳанда шудан доранд ё не. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *