Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 15.02.2022

Дар Тоҷикистон дарсҳои омӯзгорони намунавиро видеоӣ сабт мекунанд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон студияе таъсис ёфт, ки дар он дарсҳои намунавии омӯзгорон сабт мешаванд. Рӯзи 15-уми феврал намояндагони Вазорати маориф, Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсиониро расман ба истифода доданд. Ин Марказ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар ҳамоҳангӣ бо ЮНИСЕФ бунёд шудааст. “Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, сатҳи дониш ва малакаҳои худомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна, студияи мазкур барои... Читать дальше...

Иштироки чаҳор паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tel Aviv Grand Slam 2022"

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 17-19-уми феврал дар пойтахти Исроил баргузор мегшавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 307 варзишгар (169 мард, 138 зан) аз 34 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд. Барномаи мусобиқа: 17-уми феврал (панҷшанбе). Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми феврали соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон ба хабарнигори Радиои Озодӣ имкон надоданд савол диҳад, ҳизби ҳокими Туркманистон писари Президенти кишвар- Сардор Бердимуҳаммадовро ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ кард, қарзи ширкати "Барқи тоҷик", ҳаёти серхатар ва пурпечутоби сокинони деҳоти марзии ивлояти Суғд ва матолиби дигар.



Дар Тоҷикистон 39 қирғизистонӣ барои убури ғайриқонунии марз ҷазо гирифтаанд

Ozodi.org 

Дар вилояти Суғд дар соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз боздошт ва ҷавобгар шудаанд. Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд. Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, аз рӯйи 27 парванда бо моддаи 335... Читать дальше...

Хатарҳои болои Тоҷикистон. Дар иқтисод, сиёсат ва амният

Ozodi.org 

Норӯшанӣ дар  иҷтимоъ ва иқтисод, интиқоли қудрати пешорӯ, бесуботӣ дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон, танишҳои иҷтимоӣ дар ВМКБ аз ҷумлаи таҳдидҳое мебошанд, ки Тоҷикистон дар соли 2022 бо онҳо дасту панҷа нарм хоҳад кард.

Қирғизистон ширкати Русия дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро рад кард

Ozodi.org 

Раиси кабинаи вазирони Қирғизистон даъвати як мақоми Русияро барои ширкат дар музокироти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон рад кард. Оқилбек Ҷапаров дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек рӯзи 15 феврал гуфт, ки ин ду кишвар бидуни мудохилаи ҷониби сеюм масоили марзиро ҳаллуфасл хоҳанд кард. ТАСС менависад, О.Ҷапаров дар Бишкек ба журналистон гуфтааст, “президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки метавонанд масъаларо бе ҷониби сеюм ҳал кунанд”.  Ӯ гуфт, ки... Читать дальше...

Медали паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск

Ozodi.org 

Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи Ҷоми бози Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳурии Беларус, ки рӯзҳои 12-13-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Чунонки сомонаи sambo.sport.ru аз қавли раиси Федератсияи самбои Беларус Александр Кобрусев хабар додааст, дар Ҷоми бози Аврупо наздики 150 варзишгар аз 11 кишвар – Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Юнон - иштирок карданд. Читать дальше...

Пешбарии номзадии Сардор Бердимуҳаммадов ба интихоботи президентии Туркманистон

Ozodi.org 

Писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон номзади интихоботи президентии имсола шуд. Дар аввалин соатҳои шурӯи бақайдгирии номзадҳои интихоботӣ аз ҷониби Комиссиюни марказии интихоботҳо, номзадии Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ба қайд гирифта шуд. Номзадии Сардор Бердимуҳаммадовро рӯзи 14 феврал дар анҷумани Ҳизби ҳокими демократии Туркманистон пешбарӣ карданд. Дар Туркманистон, ки як кишвари худкомаву таҳти назорат мебошад, се ҳизби сиёсӣ расман сабтином шудаанд. Се рӯз пеш аз... Читать дальше...

Шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони "Пешниҳоди пора" дар Қирғизистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони "Пешниҳоди пора" ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар боздошт кардаанд. Хадамоти КДАМ-и Қирғизистон аз боздоштшуда Ч. М- и 28-сола ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ном бурдааст. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми феврал рух додааст ва мақомоти тоҷик ҳанӯз ба он вокуниш накардаанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҷавони тоҷик аз соли 2019 бе иҷозаи расмии кор дар Қирғизистон будааст, вале ҳангоми боздошт... Читать дальше...

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин бозии санҷиширо дар Туркия мусовӣ кард

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо тими «Ворскла» (U-20)-и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ин бозии санҷишӣ 13-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид. Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки ин бозиро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозигарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард. Читать дальше...

Шолтс барои мулоқот бо Путин ба Маскав меравад

Ozodi.org 

Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзи 15 феврал барои дидору гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба Маскав меравад. Ин сафар чун яке аз охирин талошҳои раҳбарони ғарбӣ барои мутақоид кардани Кремлин барои даст кашидан аз ҳама гуна иқдоми низомӣ алайҳи Украина ва интихоби роҳи дипломатия ба шумор меравад.  Мустақар кардани беш аз 100 ҳазор нирӯ дар хати сарҳади Русия бо Украина нигарониҳое аз эҳтимоли ҳуҷуми нирӯҳо ба Украинаро ба миён овардааст. Пеш аз ин бо айни чунин ҳадаф ба Маскав президенти... Читать дальше...

Дар гумруки Хатлон 13 тонна "Қуръон" барои "ташхис" мусодира шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти гумрук дар вилояти Хатлон авоили соли ҷорӣ 13 тонна китоби "Қуръон"-ро мусодира кардаанд. Ба гуфтаи масъулин, ин китобҳо аз Афғонистон тариқи гузаргоҳи "Панҷи поён" ворид шуда, барои "бехатарӣ" мусодира шудаанд. Ҳамакнун бояд Кумитаи дини Тоҷикистон ин китобҳоро аз ташхис гузаронида, хулосаашоро пешниҳод намояд. Ин китобҳо ҳамакнун дар шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои манбаъ, ин китобҳо бар асоси декларатсия ё расман вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, ба хотири санҷиши муҳтавояшон мусодира шудаанд. Читать дальше...

Зеленский 16 февралро Рӯзи ваҳдати Украина эълом кард

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, президенти Украина дар як муроҷиат ба мардуми кишвараш гуфт, ки 16 феврал Рӯзи ваҳдат эълом карда шавад. Фармони Рӯзи ваҳдатро вай имзо кардааст. "Дар ин рӯз мо парчами давлатиро овезон мекунем, матои кабуду зард мепӯшем ва ба ҳамаи дунё ваҳдати худро ба намоиш мегузорем", - гуфт Зеленский дар муроҷиаташ. Нашрияи олмонии Spiegel ва чанд расонаи дигар хабар доданд, ки эҳтимол дорад Русия рӯзи 16-уми феврал ба Украина ҳамла кунад. "Мо чизе ки дар муқобил бигзорем, дорем, артиши хуб дорем... Читать дальше...

Олимпиадаи Пекин-2022: Натиҷаҳои даҳ рӯзи мусобиқот

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 21 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Олмон бо касби 14 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 16 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст. Дар байни даҳгонаи аввал... Читать дальше...

Узбекистон аз шаҳрвандонаш дар Украина хост, бо намояндагиҳои дипломатӣ дар тамос бошанд

Ozodi.org 

Сафорати Узбекистон дар Киев ба узбекистониҳое муроҷиат кард, ки дар Украина ҳузур доранд. Ба иттилои расонаҳо, сафорат аз узбекистониҳои Украина даъват кардааст, ки "иттилои носанҷида паҳн насозанд ва ба хабарҳои дурӯғ эътибор надиҳанд". Ҳамзамон дипломатҳо гуфтаанд, ки Cафорати Узбекистон бо мақомоти Украина дар иртиботи доимӣ аст ва дар сурати сар задани ҳодисае аз узбекистонҳо даъват мекунанд, ки бо сафорат иртибот бигиранд. Дар сафорат илова карданд, ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба парвозҳои... Читать дальше...

Сухангӯи Тоқаев роҳбари ширкати телевизион ва радиои Қазоқистон шуд

Ozodi.org 

Берик Уалӣ, котиби матбуотии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев роҳбари шӯрои мудирони ширкати давлатии телевизион ва радиои "Қазоқистон" шуд. То ин замон курсии раисии шӯрои мудирони ширкати мазкурро Айдос Укибай, сухангӯи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ишғол карда буд. Берик Уалӣ аз 22--уми марти соли 2019 ба ин тараф котиби матбуотии Тоқаев буд. Дар гузашта Уалӣ рӯзноманигор ва муҳаррири барномаҳои иттилоотӣ буд ва дар мақомҳои давлатӣ низ кор кардааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *