Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 16.02.2022

Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ба изҳороти Русия бовар надоранд

Ozodi.org 

Кишварҳои ғарбӣ ва Киев ба иддаои Русия дар мавриди берун бурдани нерӯҳояш аз марзи Украина бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, Русия ҳамоно ба тақвияти нерӯҳояш дар сарҳади кишвари ҳамсоя идома медиҳад ва баръакс хавфи ҳамларо бештар кардааст.

Афзоиши амалиёти зидди муҳоҷирон дар Маскав. Коршинос: "Ба қасосгирӣ монанд аст." ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфтанд, дар як ҳафтаи охир тафтишу боздошти онҳо аз ҷониби пулис бештар шудааст. Аксари онҳое, ки чунин шикоят мекунанд, дар минтақаи Истраи вилояти Маскав кору зиндагӣ доранд.

"Гуфт, барои таҳқири домулло посух мегӯӣ." Ҳабси ҷавоне бо гумони таҳдид ба Абдуқодир Талбаков. Модараш хабар надорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Душанбе як ҷавонро бо гумони "таҳқир ва таҳдид" ба Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири китобхонаи Лоҳутии пойтахт, дастгир карда, бо гуноҳи "майдаавбошӣ" ба понздаҳ рӯз ҳабс маҳкум намуданд. Талбаков бовар дорад, шарҳу баёнияҳояш дар бораи рӯҳониён ба ин ҳодиса сабаб шуд.



Ҳабси маъмурии ҷавони муттаҳам бо ҳамла ба Абдуқодир Талбаков

Ozodi.org 

авоне, ки гуфта мешавад, барои таҳқиру таҳдиди фаъоли ҷамъиятӣ Абдуқодир Талбаков боздошт шудааст, ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум гашт. Ҳодиса шоми 14 - уми феврал рух додааст ва баъди як соат пулиси Душанбе аз боздошти Туғён Исмоилов хабар дод.

Даҳони баста чанд тило? Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба низои Русия ва Украина чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Ба назари коршиносони тоҷик, вазъи ҳозира ё ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва пулҳои фиристодаи онҳо ба иқтисоди кишвар муҳим аст.

Парвандаи нав алайҳи мухолифи Путин. Навалнийро 10 сол зиндон таҳдид мекунад

Ozodi.org 

Муҳокимаи додгоҳии Алексей Навалний, аз мухолифони саршиноси ҳукумати Русия, ки аз як сол ба ин тараф дар зиндон ба сар мебарад, рӯзи сешанбеи 15-уми феврал ба иттиҳоми дигар -- "қаллобӣ", оғоз шуд.

Мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз Афғонистон шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, баъди ду бохт ба тимҳои Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2), дар бозии сеюмаш аз мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Қирғизистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 9:3 мағлуб кард. Дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд. Читать дальше...

Пешсафони Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 26 медал (12 тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Олмон бо касби 18 медал (9 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 19 медал (8 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст. Дар байни даҳгонаи аввал... Читать дальше...

Дар Туркманистон як зиндонии собиқи сиёсӣ даъвои президентӣ дорад

Ozodi.org 

Гелдӣ Кяризов, зиндонии сиёсии пешини Туркманистон мехоҳад, барои нишастан дар курсии президентии он кишвар мубориза барад. Навори муроҷиати вай дар сомонаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Туркманистон" нашр шуд. Ба гуфтаи Кяризов, вай баъди он чунин тасмим гирифтааст, ки писари президенти кунунии Туркманистон ба мақоми президентӣ номзад шудааст. Мухолифи ҳукумати Туркманистон гуфт, ӯро "ба таври меросӣ, мисли сулолаи фиръавнҳо" идора кардани кишвараш хашмгин кардааст. "Амалан онҳо бештар аз як сол аст... Читать дальше...

Қирғизистон аз Қазоқистону Белорус автобус мехарад

Ozodi.org 

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои хариди 2 ҳазор автобус сармоя пайдо карданд. Рӯзноманигорон аз Жапаров пурсиданд, ки оё ҳукумати Қирғизистон омодааст, дар сурати пешниҳоди автобусҳои босифати маҳаллӣ тасмими хариди техникаҳоро аз хориҷ бозбинӣ кунад. "Мо ба шаҳрдории Бишкек дастур додем, ки 2 ҳазор автобус харидорӣ намояд. Мо аллакай манбаи сармоягузориро пайдо кардем. Қарор шуд, ки 1000 автобус аз Белорус ва 1000 автобуси дигар аз Қазоқистон харида шавад. Читать дальше...

Дар Қазоқистон нафткашҳо дубора гирдиҳамоӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 15-уми феврал коргарони ширкати нафткаши "Озенмунайгаз" корпартоӣ карданд. Онҳо аз мақомот талабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи январи имсол нахустин гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон дар ҳамин шаҳр шуруъ шуда буданд. Коргарон аз корфармо беҳсозии шароити корӣ ва афзоиши маошро талаб доранд. Ба ҷуз ин, эътирозгарон аз мақомот талаб доранд, ки шиканҷа қатъ ва эътирозгарони ҳаводиси моҳи январ фавран озод карда шаванд. "Мо аз он маҳзунем... Читать дальше...

Меросбари Фирташ ва Зайд Саид. Соҳиби нави "Азот" шахси номаълум, аммо "хуштолеъ" аст

Ozodi.org 

Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш) ба ихтиёри ширкате дода шуд, ки дар борааш ягон маълумот вуҷуд надорад. Соҳибаш маълум нест ва гуфта намешавад, ки ба чӣ маблағе ин коргоҳро харидааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *