Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 07.02.2022

Тоҷикистонро барои боздошти Амриддин Аловатшоев танқид карданд

Ozodi.org 

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар як изҳорот аз он нигаронӣ карданд, ки Амриддин Аловатшоев “зери хатари шиканҷа қарор дорад.”

Худкушии раҳбари ДОИШ дар Сурия

Ozodi.org 

Дар паи як амалиёт дар қисмати шимолуғарби Сурия рӯзи 3-юми феврал раҳбари гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ даргузашт. Гузориши “Садои Амрико” ҷузъиёти рейди нирӯҳои амрикоӣ ва худкушӣ кардани Ал-Қурайшӣ ҳамроҳ бо аъзои оилаашро шарҳ медиҳад.

HRW дар бораи дастраси ба интернет дар Бадахшон ва парвандаи Амриддин Аловатшоев изҳорот дод

Ozodi.org 

Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе аз мақомоти тоҷик хостааст, ки дастрасӣ ба интернет дар вилояти Бадахшонро фавран барқарор кунанд ва парвандаи Амриддин Аловатшоев, як фаъоли муҳоҷирон дар Русияро одилона таҳқиқ кунанд. Дастрасӣ ба интернет дар Бадахшон пас аз оғози эътирози сокинон дар рӯзи 25-уми ноябр қатъ шуд. Амриддин Аловатшоев аввали моҳи январ дар Русия нопадид шуд ва баъдан мақомоти тоҷик тасдиқ карданд, ки боздошт шудааст. Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик хостаанд... Читать дальше...



Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футзал ба Бишкек меравад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футзал дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзҳои 12-19-уми феврал дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат меварзад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон – иштирок мекунанд. Бар асоси дастур, мусобиқа аз рӯи системи даврӣ... Читать дальше...

Яке аз дигар муовинони раиси пешини КАМ-и Қазоқистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Давлат Эргожин, муовини пешини раиси Кумитаи амнияти миллии (КАМ) Қазоқистон бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ин иттилоъро расонаҳои маҳаллии Қазоқистон рӯзи 7 феврал нашр карданд. "Додгоҳ қарори ҳабси Давлат Эргожинро содир кард. Парвандаи вай "махфӣ" аст", - навиштанд расонаҳои маҳаллӣ. Давлат Эргожин аз моҳи ноябри соли 2016 то январи соли ҷорӣ муовини раиси КАМ буд. Эргожинро баъди ду моҳи раисшавии Карим Масимов - раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон - муовин таъйин карда буданд. Читать дальше...

Муҳлати сабтиноми симкортҳо ба поён мерасад. Муштариёнро чӣ интизор аст?

Ozodi.org 

Хадамоти алоқа:"Симкортҳоро бо шиносномаи нав сабт кунед!" Чанд сол ба ин тараф мақомоти тоҷик сокинонро ба гирифтани шиносномаҳои нави пластикӣ ташвиқ доранд. Аз нимаи моҳи ҷорӣ симкортҳое ки бо шиносномаҳои намунаи нав аз сабти дубора нагузаштаанд, қатъ карда мешаванд.

Дар Андиҷони Узбекистон аз мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" талаб доранд

Ozodi.org 

Мудири яке аз мактабҳои шаҳри Андиҷони Узбекистон гуфт, ки мақомоти маорифи он шаҳр аз ҳамаи мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" талаб доранд. "Мудири мактаби №41 дар шаҳри Андиҷон рӯзи 3 феврал ҳангоми гирифтани 500 доллари пора боздошт шуд. Баъди он фармон шуд, ки ҳамаи мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" навишта, дар он савганд ёд кунанд, ки аз рӯи виҷдон кор карда, пора намегиранд", - гуфт мудири яке аз мактабҳо, ки нахост номаш зикр шавад. Мудири дигаре аз Андиҷон ин ҳарфҳоро тасдиқ кард. Порагирии... Читать дальше...

Русия дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 пешсаф аст

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд. Дар ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 18 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 11 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд. Мунтахаби Кумитаи олимпии Русия, ки 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи шумораи... Читать дальше...

Марги Дамирбек. Шарҳи ВКД ва хотираи дӯстон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби садамае, ки дар он Дамирбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар Хуҷанд ба ҳалокат расид, шарҳ дод. Дар хабарномаи ин Вазорат, ки рӯзи 7-уми феврал нашр шудааст, гуфта мешавад, ронанда Дамирбек Олимов “бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст.”

Комроншоҳ дар Paris Grand Slam 2022 боз ҳам аз рақиби итолиёвиаш шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо Paris Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 5-6-уми феврал дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор шуд, натавонист медал бигирад. Ӯ дар ин мусобиқа танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Комроншоҳ дар рӯзи дуюми мусобиқа – 6-уми феврал - дар вазни то 90 кило ба рақобат пардохт. Рақибаш Кристиан Парлати аз Италия буд. Қувваозмоӣ, ки 3 дақиқаю 14 сония давом кард, бо пирӯзии гуштигири итолиёвӣ бо баҳогузории “иппон” (ғалабаи соф) анҷом ёфт. Читать дальше...

Чин ба бахши амнияти Қирғизистон миллионҳо юан кумак мекунад

Ozodi.org 

Чин ба Қирғизистон 5 миллион моя ваксинаи зидди коронавирус ва дар бахши амният ба маблағи 50 миллион юан кумак мекунад. Дар ин бора 6 феврал дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Қирғизистону Чин -- Содир Ҷабборов ва Си Ҷинпин хабар дода шуд. Президентҳои Чину Қирғизистон дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тарҳҳои муштараки ду кишварро ба баррасӣ гирифтаанд. Си Ҷинпин ба саҳми Ҷабборов дар рушди ҳамкориҳои Чину Қирғизистон баҳои баланд дода, гуфтааст, аз замони... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *