Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 12.02.2022

Телевизиони Бадахшон навори суҳбати Аловатшоевро нашр кард

Ozodi.org 

Телевизиони Бадахшон навори суҳбати Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскавро пахш кард, ки ҳоло дар боздошт аст. Амриддин Аловатшоев аввали моҳи январ дар Русия нопадид шуд ва баъдан мақомот гуфтанд, ки ӯро барои “гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта” боздошт кардаанд. Дар наворе, ки рӯзи 12-уми феврал нашр шудааст, Аловатшоев, ки зоҳиран зери назари мақомот суҳбат мекунад, мегӯяд, зери шиканҷа... Читать дальше...

Вазорати маориф: Пеш аз фурӯравии бинои мактаб хонандагону омӯзгорон аз бино берун шудаанд. АКС

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар ҷои бинои тахрибшудаи мактабе дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “дар доираи имконият” синфхонаҳои нав бунёд хоҳад кард. Нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ин ноҳия боми бино замоне, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, фурӯ рафт. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 12-уми феврал гуфтааст, "қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд." Ба гуфтаи Вазорат... Читать дальше...

Шоҳиди садама гуфт, Дамирбек Олимов “маст набуд”. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори зоҳиран бозпурсии яке аз шоҳидони садамаеро нашр кард, ки дар он Дамирбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расида буд. Дар ин навор Муқимҷон Юсупов, ки шаби ҳодиса ҳамроҳи Дамирбек Олимов қарор доштааст, дар посух ба суоли корманди БДА мегӯяд, “онҳо нушидагӣ набуданд” ва замони ҳодиса овозхон аз телефони мобилиаш мусиқӣ гуш мекард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз шабнишиние аз самти шаҳри Гулистон ба Хуҷанд меомаданд. “Суръати... Читать дальше...

Мақомот гуфтанд, танҳо як дарсади аҳолии Суғд бекоранд. Сокинон бовар надоранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шабу рӯзе, ки раванди муҳоҷиршавии омӯзгорону табибон бархе мансабдорон ва доираи таҳлилгарону коршиносонро ба ташвиш овардааст, эълони омори бекорон дар вилояти Суғд низ бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт.

"Сомон эйр" аз "Боинг" ҳавопаймо иҷора мегирад

Ozodi.org 

"Сомон Эйр" ният дорад, ки аз ширкати амрикоии "Боинг" ду ҳавопаймои 737-800-ро ба иҷора бигирад. Дар ин бора Қосим Вализода, намояндаи ширкати "Сомон эйр", рӯзи 10-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод. Ӯ пас аз анҷоми нишаст дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назар аст, то тобистони имсол ҳавопаймоҳоро ба даст оранд. Вализода таъкид намуд, ки ҳавопаймоҳо то 189 ҷои нишаст дораyд. Ба иттилои ӯ,  феълан "Сомон Эйр" 6 ҳавопаймо дорад, ки аз ин чаҳортояш коршоям буда, дар хатсайрҳои гуногун парвоз анҷом медиҳанд. Читать дальше...

Толибон дар Кобул ду рӯзноманигорро боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Дар Афғонистон ду рӯзноманигоре, ки барои Дафтари СММ дар умури паноҳандагон кор мекарданд, боздошт шудаанд. Ҷузъиёти боздошти онҳо шарҳ дода намешавад, вале Дафтари СММ дар умури паноҳандагон дар Твитер хабар додааст, ки барои ҳали мушкил ҳамаи чораҳои мумкин андешида мешавад. Расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки дар Кобул Эндрю Норт, хабарнигори собиқи ББС, ки бо дафтари СММ дар умури паноҳандагон кор мекард, нопадид шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҳамроҳ бо Норт ҳашт хориҷӣ низ будааст. Дар хабари расонаҳои маҳаллӣ гуфта мешавад... Читать дальше...

Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон сарояндагонро танқид кард

Ozodi.org 

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гуфтааст, “сарояндагони зиёде, ки бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабук” рӯи саҳна омадаанд, ба ҷавонону наврасон таъсири бад мерасонанд. Мӯҳриддин Низомӣ, ректори ин Донишкада дар нишасти матбуотие рӯзи 10-уми феврал аз ин сарояндаҳо сахт интиқод кард. Ӯ аз ҳеҷ сарояндае ном нагирифтааст, вале гуфтааст, онҳо “забони тоҷикиро намедонанд ва калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд.” Ин мақомдор пешниҳод кард, ки забон ва шеваи... Читать дальше...

Президенти Туркманистон ишора кард, ки аз мақомаш даст мекашад

Ozodi.org 

Рӯзи 12-уми март дар Туркманистон интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба Комиссияи марказии интихоботии  ин кишвар хабар додааст. Аз ин пеш, рӯзи 11-уми феврал Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии порлумони кишвараш гуфт, ба қароре омадааст, ки роҳро ба раҳбарони ҷавон боз кунад. Ӯ гуфт, ки ду сол пеш ба синни пайғамбарӣ, яъне синни 63-солагӣ расида буд. Бердимуҳаммадов соли... Читать дальше...

Модари чор муҳоҷири боздоштшуда аз Раҳмон хостанд, ба Путин занг занад

Ozodi.org 

Модари чор муҳоҷири тоҷик, ки дар боздоштгоҳи Иркутски Русия ҳастанд, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостаанд, то ба Владимир Путин занг занад ва барои озоди фарзандонашон кумак кунад.

Дар Хатлон бинои як мактаб дар вақти дарс чаппа шуд

Ozodi.org 

Бинои як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шоҳидии даҳҳо хонандаи мактаб чаппа шудаааст. Ин ҳодиса пас аз нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ин ноҳия замоне иттифоқ афтодааст, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, вале чанд лаҳза пеш аз хароб шудани бино синфхонаҳоро тарк кардаанд. Дар ин мактаб наздики 300 хонанда таҳсил мекунад. Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса... Читать дальше...

Равобити Тоҷикистон бо Чин. Наздиктар, беш аз ҳар вақти дигар?

Ozodi.org 

Дар моҳи аввали соли 2022 мавзӯи ҳамкорӣ бо Чин чанд бор дар дастури кори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қарор гирифт. Баъзе аз коршиносон ин равандро идомаи наздикии ду кишвар меноманд. Аммо баъзеи дигар талоши Душанбе барои ҷалби пуштибонии ҳамсояи қудратманд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *