Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 10.02.2022

Парвандаи “хиёнат ба ватан”. Барои созиш бо Тоҷикистон ё рақобат бо Ҷабборов?

Ozodi.org 

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро ба "хиёнат ба ватан" муттаҳам кардаанд. Порлумони Қирғизистон барои баррасии қазия кумисюн ташкил дод. Худаш рӯзи 10-уми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "иттиҳом 100 дар сад сиёсӣ аст".

120 парвоз дар як ҳафта. Баҳси харҷи сафар аз Тоҷикистон ба Русия "доғ" монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба Русия "дубора ба давраи пеш аз коронавирус" расидааст, вале мавзӯи нархи билет ҳамоно доғ мемонад.

Аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, чаро қимати билетҳо баланд аст

Ozodi.org 

Чаро нархи билети ҳавопаймоҳо ба Русия гарон аст? Ин савол дар нишасти хабарии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳама бештар садо дод. Раиси ин ниҳод аз афзоиши парвозҳо маълумот дода, афзуд, ки онҳо ҷонибдори боло бурдани нархи билетҳо нестанд.

Додгоҳи Суғд 6 муттаҳам ба дуздии 48 тонна ангиштро аз ҷавобгарӣ озод кард

Ozodi.org 

Шаш сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ба дуздии 48 тонна ангишт гумонбар буданд, аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд. Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд 3-юми феврал дар мурофиаи ниҳоӣ, бо назардошти барқарор кардани зарари ворида ба корхонаи "Қудрат 2010", ин афродро озод намуд.

Вазир гуфт, барои ташхиси "омикрон" дар Тоҷикистон дастгоҳ мегиранд

Ozodi.org 

Вазири тандурустӣ мегӯяд, барои муайян кардани он ки дар Тоҷикистон навъи "омикрон"-и коронавирус ҳаст ё не, дастгоҳи махсус талаб кардаанд ва "рӯзҳои наздик ин дастгоҳ вориди кишвар мешавад".



Вазири тандурустӣ муҳоҷирати табибонро "мушкил" номид, аммо гуфт, "танҳо хоси Тоҷикистон нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Тоҷикистон эътироф кард, ки ба муҳоҷират рафтани пизишкон "проблемаи актуалӣ" аст, вале ба қавли ӯ, "ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест".

"Пулу ҷиҳозамонро гирифта наметавонем." Шикояти даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз пулиси Маскав

Ozodi.org 

Тақрибан сӣ муҳоҷири тоҷик шикоят доранд, ки телефонҳои мобилӣ, либос ва ним миллион рубли худро аз пулиси Маскав пас гирифта наметавонанд. Онҳо 27-уми январи имсол бо гумони фаъолият дар як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли шароб дастгир ва пас аз ду рӯз раҳо шудаанд.

Дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 Олмон пешсаф шуд

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Олмон бо касби 8 медал (5 тилло ва 3 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо ба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Норвегия бо касби 10 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Шведсия, ки 7 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад. Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи... Читать дальше...

Нафткашҳои Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ мекунанд

Ozodi.org 

Кормандони ширкати нафти "Бургилау" 9-уми феврал дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон даст ба корпартоӣ заданд. Онҳо ба корфармои худ даҳ талаб, аз ҷумла беҳтар кардани шароти кориро гузоштаанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба яке аз кормандони ширкат Бауирҷон Абубакиров рӯзи чоршанбе хабар дод, ки "корҳои пармакунӣ пурра қатъ шудааст". Ба гуфтаи ӯ, дар истгоҳе, ки кормандон корпартоӣ мекунанд, ҳудуди 400-500 кас ҷамъ шудааст. "Дар ширкат ҳудуди 2000 нафар дар чор баст кор мекунанд. Кормандони... Читать дальше...

Қатъи интиқоли газ ба се вилояти водии Фарғона

Ozodi.org 

Интиқоли газ ба нуқтаҳои газфурӯшии вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Узбекистон аз 9-уми феврал қатъ шуд. Намояндаи ширкати "Ҳудудгазтаминот", ки масъули тақсимоти гази табиӣ дар Узбекистон аст, ба расонаҳои мустақил гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, интиқоли газ ба вилоятҳои мазкур кай аз сар гирифта мешавад. Ба гуфтаи намояндаи ширкат, интиқоли газ барои он қатъ мешавад, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баланд кардани фишори он идома доранд. Вазорати энержии Узбекистон 25 январ, ду рӯз баъд... Читать дальше...

USAID бо $19 млн дар Осиёи Марказӣ бозорҳои нав мекушояд

Ozodi.org 

Сафорати ИМА дар Қирғизистон хабар додааст, ки Оҷонси Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID дар Осиёи Марказӣ барномаи наверо роҳандозӣ кард. Ба огаҳии сафорат, барномаи навбатии панҷсолаи созмон бо буҷаи 19 миллион доллар ба беҳсозии ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон равона шудааст. Дар доираи барнома ҳамоҳангсозии расмиёти назорати гумрукиву марзӣ, тавсеаи хадамоти содиротӣ ва боздиди ширкатҳои хориҷӣ дар назар буда... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *