Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 11.02.2022

Сохтмони девор дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳсбарангез шуд

Ozodi.org 

Чанде аз сокинони маҳаллаи Ҳалимбобо дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд) рӯзи 11-уми феврал аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.

Ҳодисаи нав дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин рӯз дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак корҳои сохтмонӣ ҷараён дошт, аммо “15-20 шаҳрванди Тоҷикистон монеи он шуданд”. Онҳо гуфтаанд, гузоштани пойдевор фавран бас карда шавад, “чун дар минтақаи баҳсӣ аст”.

Ҷасади қурбониёни эътирозҳоро дар Қазоқистон аз гӯр берун меоранд. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон ҷасади баъзе аз қурбониёнро аз гӯр берун овардаанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии моҳи январи имсол кушта шуданд. Хешовандони онҳо мегӯянд, мухолифи берун овардани ҷасади азизашон буданд ва ҳоло метарсанд, ки ин қурбониёни рӯзҳои тазоҳуротро террорист эълон накунанд.

Дар як вилояти Русия кори муҳоҷиронро маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Калугаи Русия фаъолияти муҳоҷиронро дар бисёре аз соҳаҳо манъ кардаанд. Сухангӯи ҳукумати Калуга рӯзи 11-уми феврал гуфт, корхонаҳое, ки дар бахши савдову ғизо ва нақлиёти мусофирбар кор мекунанд, дигар иҷоза надоранд, шаҳрвандони хориҷиро бо патент ба кор қабул кунанд.

Қатъи фаъолияти беш аз 20 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон. Мақомот: "Сармоягузории хориҷӣ афзуд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Дар ҳоле ки коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва гаронии андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба "рақобатнопазирӣ" пайванд медиҳанд.



Cармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Дар ҳоле ки коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва гаронии андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба "рақобатнопазирӣ" пайванд медиҳанд.

Блинкен ҳушдор дод, ки Русия метавонад "ҳар вақт" ба Украина ҳамла кунад

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, мегӯяд, Русия ба ҷобаҷо кардани нерӯҳояш дар наздикии марз бо Украина идома медиҳад ва метавонад, ҳар вақт, аз ҷумла дар ҷараёни Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Пекин, ба ҳамла оғоз кунад.

Дороиҳои духтару домоди Назарбоев дар Олмон

Ozodi.org 

Духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев – Динора ва ҳамсараш Темур Қулибоев дар Олмон қароргоҳи Зеелах, як вилла ва ду меҳмонхона доранд, ки ба 100 миллион евро баробар аст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия тамрин ва 4 бозии санҷишӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Туркия ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад. Даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев 10-уми феврал вориди Туркия шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷамъомад, ки то рӯзи 23-юми феврал дар Туркия идома хоҳад кард, 25 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шудаанд. Дар байни... Читать дальше...

Дар Душанбе хостанд, Толибон занонро раҳо кунанд

Ozodi.org 

Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 8-уми феврал дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе хоҳони раҳоии заноне шуданд, ки ба қавли онҳо дар пайи эътирозҳо дар кишварашон аз сӯи Толибон боздошт шудаанд.

Чаро омӯзгорон аз Тоҷикистон мераванд? Посухи корбарон ба изҳороти вазир. ВИДЕО

Ozodi.org 

Изҳороти вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди аз кишвар рафтани садҳо омӯзгор баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард. Дар ҳоле ки бисёриҳо чунин равандро сабаби нигаронӣ медонанд, Маҳмадюсуф Имомзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "аз ин фоҷиа насозед".

Олмон пешсафиашро дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 идома медиҳад

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Олмон бо касби 9 медал (6 тилло ва 3 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Норвегия бо касби 12 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Австрия, ки 14 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад. Зимнан, австриягиҳо аз ҷиҳати теъдоди медалҳо ҷойи аввалро касб кардаанд. Читать дальше...

Путин: Русия дар ҳаводиси январ "такягоҳ"-и Қазоқистон шуд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, Москва дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ "такягоҳи ҳамсоякишвари худ" шуд. Путин дар ҷараёни ин гуфтугӯ бо Тоқаев, ки дар шаҳри Москва анҷом шуд, аз фарзияи мақомоти қазоқ дар бораи дахолати хориҷӣ ҷонибдорӣ карда, афзуд, "Қазоқистон қурбони кадом як гуруҳи байналмилалӣ шуд, ки аз вазъи дохилии кишвар сӯистифода кард". Тоқаев низ дар навбати худ бори дигар такрор кард, ки ҳаводиси моҳи январ амалиёти тарҳрезишудаи террористони байналмилалӣ буд... Читать дальше...

Узбекистон ба боздошти шаҳрвандаш дар Қазоқистон эътироз кард

Ozodi.org 

Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Алмато баъди боздошт шудани шаҳрванди кишвари худ Сакен Толибов дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ ба ҷониби Қазоқистон нотаи эътирозӣ фиристодааст. Дар Вазорати умури хориҷии Узбекистон тасдиқ карданд, ки ба ҷониби Қазоқистон нота фиристода шудааст. Вале масъулони вазорат аз шарҳи муҳтавои он худдорӣ карданд. Толибови 17-сола тирамоҳи соли гузашта ба назди модари худ ба Қазоқистон рафтааст ва дар яке аз маҷмааҳои зисти Алмато ба ҳайси посбон кор мекард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *