Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2022

Новости за 08.02.2022

Макрон гуфт, буҳрони Украина тӯлонист, аммо роҳи ҳал дорад

Ozodi.org 

Президенти Фаронса пас аз мулоқоташ бо раҳбарони Маскаву Киев иброз дошт, ки ҳарчанд ҳалли буҳрони бархоста миёни Русия ва Украина “моҳҳо дароз мекашад”, вале фурсат “барои пешрафт” вуҷуд дорад.

Тазоҳуроти нав дар Қазоқистон. Гуруҳе кор меҷӯянд, дигарон аз шиканҷа шикоят доранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони Жанаозен (ҳудуди вилояти Мангистау)-и Қазоқистон як ҳафта боз бо талаби кор дар соҳаи нафту газ гирдиҳамоӣ доранд. Дар рӯйхати шахсони корҷӯ дар ин шаҳр номи 2500 нафар дарҷ шудааст.

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон "оши оштӣ" хӯрданд, вале нобоварӣ мондааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз як ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, чанде аз намояндагони деҳаҳои наздимарзӣ бо нияти “оши дӯстона” ҷамъ шудаанд.

"Оши оштӣ" пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз

Ozodi.org 

Пас аз як ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, чанде аз намояндагони деҳаҳои наздимарзӣ бо нияти “оши дӯстона” ҷамъ шудаанд.

Нуриддин Саид дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ ва баҳсҳои марзӣ

Ozodi.org 

Ба бовари раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, пахши гузоришҳо дар бораиҷанҷолҳои марзӣ бо Қирғизистон ва ҳодисаҳои охир дар вилояти Бадахшон "хилофи арзишҳои ватандориву сулҳу суботи кишвар" мебошанд. Ин ҳарфҳоро Нуриддин Саид 8-уми феврал баён дошт. Телевизион ва радиои Тоҷикистон ниҳодҳои давлатиянд ва аз буҷаи кишвар таъмини молӣ мешаванд. Бинандагону шавандагон борҳост, онҳоро ба пахши матолиби якҷониба ва бештар барномаҳои тафреҳӣ айбдор мекунанд.

Додситонӣ: Эътирозҳои осоиштаро "нерӯҳои гуногун" истифода карданд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 7-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки "эътирозҳои осоиштаи ибтидои моҳи январро “нерӯҳои гуногун истифода кардаанд" ва "баъзе аз роҳбарони мақомоти қудратӣ ҳадафмандона фаъолияти нерӯҳои махсусро маҳдуд кардаанд".



Нуриддин Саид гуфт, ки чаро баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ва ҳодисаҳои Хоруғро бозтоб намедиҳанд

Ozodi.org 

Телевизион ва радиои Тоҷикистон ниҳодҳои давлатиянд ва аз буҷаи кишвар таъмини молӣ мешаванд. Бинандагону шавандагон борҳост, онҳоро ба пахши матолиби якҷониба ва бештар барномаҳои тафреҳӣ айбдор мекунанд.

Гуфтугӯ барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон оғоз мешавад

Ozodi.org 

Музокирот барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон рӯзи 8-уми феврал дар Вена, пойтахти Австрия, оғоз мешавад. Дар ин ҳол, Эрон ҳушдор додааст, ки бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар, “хатти сурх” барои баргаштан ба созиши ҳастаӣ буд.

Талошҳо барои ҳалли буҳрони Украина. Макрон аз Маскав ба Киев рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, пас аз суҳбати дароз бо раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар Маскав рӯзи 8-уми феврал ба Киев рафт. Вай мехоҳад, барои фурӯ нишондани буҳрони Украина бо роҳҳои дипломатӣ мусоидат кунад.

Қирғизистон тасдиқ кард, ки 81 километр марз бо Тоҷикистон муайян шудааст

Ozodi.org 

Хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 7-уми феврал хабар дод, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ин кишвар ва Тоҷикистон, аз 1-уми майи соли гузашта, 81 километр марзи ду кишвар муайян шудааст.

"Масҷиди калонтарин дар Душанбе омода аст", вале…

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, масҷиди калонтарини Тоҷикистон аз комиссияи давлатӣ гузашта, барои истифода омода аст. Ин масҷид бо сармояи Қатар сохта шуда, то ҳол дари он барои намозгузорон боз нашудааст.

"Останкино"-и Душанбе тахриб мешавад

Ozodi.org 

Бурҷи мавҷафкани телевизиони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тахриб мешавад. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳод шудааст, ки ин бурҷи мавҷафкани телевизион дар маҳаллаи "Ховарон"-и пойтахт бунёд шавад. "Ҳоло талош дорем барои бунёди он дар болои "Боғи Ғалаба" иҷозат бигирем",-гуфт ӯ. Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳамзамон дар маҳалли идораи "Шабакаи Тоҷикистон" барои ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар идораҳо бунёд мешаванд. Читать дальше...

Чин дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 пешсаф шуд

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот мизбонон бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо ба ҷойи аввал баромаданд. Мунтахаби Шведсия бо касби 3 медали тилло мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Кумитаи олимпии Русия, ки 7 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад. Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад... Читать дальше...

Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо Молдова дар "Ҷоми Рушд-2022" дар Минск

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар Мински Беларус бозии аввалинашро бо тими Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба самар расонид. Як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар Ҷоми Рушд-2022 рӯзи чоршанбеи... Читать дальше...

Дар Туркманистон касоне, ки аркони исломро риоя мекунанд, бозпурсӣ мешаванд

Ozodi.org 

Дар вилояти Марӣ (Марв)-и Туркманистон Вазорати амнияти миллӣ назорат аз болои диндоронро сахттар кардааст. Ба иттилои сокинон, мақомоти қудратӣ касонеро бозпурсӣ мекунанд, ки дар нигаҳдории адабиёти диннӣ гумонбар ҳастанд. "Маро пурсиданд: "Кӣ амри маъруф мекунад? Кӣ зидди ҳукумат ҳарф мезанад? Кӣ намозхониро ёд медиҳад?"", - нақл кард як сокини Марӣ. Яке дигар аз диндорон гуфт, мақомоти қудратӣ онҳоеро бозпурсӣ мекунанд, ки дар "рӯйхати сиёҳ" шомил шудаанд. "Мо пурсидем, ки чаро дар рӯйхати сиёҳ ҳастем? Читать дальше...

Дар Қазоқистон шиканҷаи гумонбарон афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Раиси комиссияи таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон - "Ҳақиқат" ва вакили дифоъ Айман Умарова гуфт, баъди оғози нооромиҳо "шиканҷа зиёд шудааст". "Дар вазъияти маъмулӣ ин қадар парванда нест. Бинобар ин, дар чашм наменамояд, ки онҳо чи гуна сурат мегиранд. Зеро шиканҷаҳо оҳиста анҷом мешаванд. Аммо ҳоло дастаҷамъона мешавад", иқтибос овардааст хабаргузории ​Tengrinews аз суханони Умарова. Ба гуфтаи Умарова. кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон чунин хулоса мекунанд, ки вақте одамон дар тазоҳурот иштирок карда бошанд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *