Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 02.06.2022

Ҷойи шабакаҳои русиро дар Тоҷикистон GemTV гирифтааст, на ТВ-ҳои худӣ. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Як таҳқиқ дар байни дуним ҳазор кас дар Тоҷикистон нишон додааст, ки мардум мисли пешина телевизионҳои Русияро тамошо намекунанд, чун ҷойи онҳоро каналҳои форсӣ ва узбекӣ танг кардаанд.

Сабаби сӯхтор дар бозори Бохтарро гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтарро эълон кард. Бозор шаби 1-уми июн оташ гирифт ва дар натиҷа 12 нафар осеб дида, соҳибкорони зиёде пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.



Ду донишҷӯи Ҳиндро бегуноҳ дониста, дар бораи тоҷикон чизе нагуфтанд

Ozodi.org 

Як додгоҳи низомии Ҳинд ду донишҷӯи Академияи Низомии Деҳрадунро дар ин кишвар, ки ба занозанӣ бо донишҷӯёни тоҷик гунаҳкор дониста шуда буданд, бегуноҳ донист ва барои таҳсил ба ин донишгоҳ баргардонд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол" таъин шуд

Ozodi.org 

Собиқ футболбози маъруфи дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъин шуд. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, қаблан Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бошгоҳи «Истиқлол» ба ҳайси сармураббии даста фаъолият карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ дар мавсими соли 2017 қаҳрамони Тоҷикистон ба финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) роҳ ёфт. Муҳаммадиев дорои муҷҷавизи мураббии аврупоии "Pro" УЕФА мебошад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 2-уми июни соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҳаҷҷи имсола барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шуд, ситоди махсус паёмади сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтарро ҳисоб мекунад, таваҷҷӯҳи бинандагони ҷавони тоҷик ба телевизионҳои форсизабон ва хушксолӣ дар Хатлон.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022

Ozodi.org 

Дар қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол, ки 31-уми май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе доир гардид, намояндагони 12 дастаи лигаи аввал ширкат карданд. Тибқи қуръакашӣ дар марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳо шаш ҷуфтро ташкил доданд: «Панҷшер» (Балхӣ) – «Динамо» (Душанбе), «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Ҳосилот» (Фархор), «Моҳир» (Ёвон) – «Душанбе» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Саройкамар» (Панҷ) – «Гулистон» (Гулистон) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ). Читать дальше...

Баёнияҳо аз Бадахшон, аммо бе тасдиқи мустақилона

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ дар Бадахшон мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир дар вилоят чаҳор нафар, ки ба ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мешуданд ва дар пайгарди қонунӣ буданд, ба идораи милиса омада, худро “супурдаанд”.

Раҳмон ва Мирзиёев танҳо аз иқтисод хоҳанд гуфт, ё амнияти минтақа?

Ozodi.org 

Ду кишвари ҳамсоя, ки аз солҳои навадум то 2017 муносибати сард доштанд, имсол мизони додугирифтро ба як миллиард доллар расонданиянд. Вале ончӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронист, бахши асосии додугирифт воридоти мол аз Узбекистон хоҳад буд, на содирот ба он кишвар.

Туркия ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия омода шудааст

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, дар мулоқот бо аъзои Ҳизби адолат ва рушд гуфт, кишвараш омодаи шурӯи амалиёти низомӣ зидди Нерӯҳои мусаллаҳи мардумии Сурия аст. Дар ин бора расонаҳои Туркия рӯзи 1-уми июн хабар доданд.

Тоҷикони аз 40 то 65-соларо ба ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд, вале бо нархи гаронтар. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар Дубай ба тими миллии Сурия бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар доираи омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шоми чоршанбеи 1-уми июн дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Голи ягонаро Умар Ал-Сумоҳ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум, ба самар расонид. Ин бозии ҳаштуми футболбозони тоҷику суриягӣ дар сатҳи тимҳои миллӣ ба шумор мерафт. Дар чаҳор бозӣ мунтахаби Сурия, дар се дидор мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шудаанд... Читать дальше...

Президенти Радиои Озодӣ иҷозаи кори хабарнигоронро дар Узбекистон баррасӣ кард

Ozodi.org 

Рӯзи 31-уми май мулоқоти роҳбари Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон Асадҷон Хоҷаев бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай ва намояндаи ин радио Паҳлавон Тургунов баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои мавҷуд ва роҳҳои ҳалли онҳо, аз ҷумла "ба қонунгузории Узбекистон ва меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ мутобиқ кардани матлабҳоеро баррасӣ карданд, ки дар бахши узбекии Радиои Озодӣ нашр мешаванд". Сабти ном кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Узбекистон низ баррасӣ шуд. ... Читать дальше...

Узбекистон содироти равғани растаниро манъ кард

Ozodi.org 

Сар аз 1-уми июн Узбекистон содироти равғани растанӣ ва пахтаро манъ кард. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 31-уми май фармон "Дар бораи чораҳои иловагӣ барои таъмини арзиши муътадили бозор"-ро имзо кард. Бино ба ин фармон, шуруъ аз 1-уми июн содироти равғани растанӣ, ҳам пахта ва ҳам офтобпараст манъ шудааст. Ҳамчнунин, бино ба фармони мазкур аз 1-уми июн Узбекистон содироти донаи офтобпараст ва дигар донагиҳое, ки барои истеҳсоли равған пешбинӣ шудаанд, манъ шудааст. Девони вазирони Узбекистон метавонад... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *