Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 27.06.2022

Файзаливу дигарон ҷинояткоранд, ё қаҳрамон?

Ozodi.org 

27-уми июн, аз имзои созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифини собиқ 25 сол сипарӣ шуд. Созишнома дар соли 1997 ба ҷанги хунини чандсола дар Тоҷикистон поён дод. Ҷанги дохилӣ исми чандин нафареро муаррифӣ кард, ки бархе ҳоло аз онҳо чун қаҳрамону гурӯҳи дигар чун ҷинояткор ёд мекунанд.

Сокинон гуфтанд, ки 27-уми июн чӣ гуна рӯз аст

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки дар бораи санаи 27-уми июн чӣ медонанд ё аслан медонанд, ки ин чӣ рӯз аст? Посухҳоро дар навор бинед.

Сел хонаву иншооти мардумро дар Ворух вайрон кард

Ozodi.org 

Бедодгарии табиат дар баъзе аз минақаҳои Тоҷикистон идома дорад. Борону сел ба манзилҳои зист дар Исфара низ зарар расонидааст. Корбарони Озодӣ мегӯянд, дар ин ҳодиса хонаву киштзорҳои зиёд вайрон шуд.



Модару бародари Анора Саркороваро дар Душанбе бозпурсӣ кардаанд

Ozodi.org 

Анора Саркорова, журналисти мустақили тоҷик, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, гуфт, маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД субҳи 27-уми июн модару бародарашро аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Фишор, таҳдид, боздошт... Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Ozodi.org 

Ба бовари таҳлилгарони мустақил, воқеаҳои Бадахшон ва фишорҳо ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, мумкин аст, охирин шуълаҳои умеди ҷомеаи маданӣ ва иқдомҳои озоди шаҳрвандиро фурӯкаш кунад.

Матни нави Қонуни асосии Узбекистон мухторияти Қарақалпоқистонро бекор мекунад

Ozodi.org 

Дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон, ки матнаш дар дастраси умум қарор дорад, пешниҳод шудааст, мақоми мухтори Қарақалпоқистон бекор карда шавад. Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қарақалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қарақалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад. Нашрияҳои... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *