Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 09.06.2022

Узбекистон ду нерӯгоҳи нав месозад

Ozodi.org 

Ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 22 миллион китоват-соат дар сол дар обанбори Ҳисор дар вилояти Қашқадарё ва обанбори Оҳангарон дар вилояти Тошканди Узбекистон сохта мешавад.

"Ягон меҳмон ояд, сарбозҳои Қирғизистон зуд ҳозир мешаванд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.

Гузориш аз Панҷшер. Суҳбат бо Толибон ва фармондеҳони Ҷабҳа. Дар паси саҳна чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Роҳбари намояндагии “The Washington Post” дар Исломободу Кобул, Сюзанна Ҷорҷ, ба пойгоҳи суннатии истодагӣ зидди Толибон дар Афғонистон рафт ва вазъро аз наздик дид. Бар пояи ин гузориш, Толибон кӯшиши зиёде кардаанд, ки набардҳоро дар Панҷшер пинҳон доранд.

Муҳлати ҳабси Кара-Мурзаро дароз карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав муҳлати ҳабси пешакии Владимир Кара-Мурзаро дароз кардааст. Ин фаъоли мухолифин ба паҳн кардани гуё маълумоти бардурӯғ дар бораи артиши Русия муттаҳам аст.

Чаро Муродҷон наметавонад, девор бардорад?

Ozodi.org 

Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.



"Ба ҷонамон сер шудем..." Чаро хонаҳои мардумро дар Суғдиён чаппа карданд? АКС

Ozodi.org 

Тахриби хонаҳо дар чанд маҳаллаи ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб, канори шаҳри Душанбе, мардумро норозӣ кардааст. Онҳо мегӯянд, солҳо пеш бо қарори ҳукумат барои худу оилаашон сарпаноҳ сохтанд, аммо дигарбора беҷой монданд.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" пешсафанд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек рақибонашонро шикаст доданд, дар ҷадвали гурӯҳи “F” пешсаф шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард. Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонид. Ду голи дигарро Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти) ва Эҳсони Панҷшанбе заданд. Читать дальше...

Ҷабборов гуфт, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар 3-4 соли оянда сохта мешавад

Ozodi.org 

Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ мешавад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8-уми июн хабар дод. Вай гуфт, ки айни замон асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳа идома дорад. "Дар сурате, ки агар асосноксозӣ тирамоҳ ба анҷом расад, сохтмон соли оянда шуруъ мешавад. Ин роҳ дар давоми 3-4 сол сохта хоҳад шуд, агар се кишвар дар якҷоягӣ кор кунанд. Даромад аз ин роҳ на камтар аз 200 млн доллар хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов. Пештар аз ин раиси девони... Читать дальше...

Куштори як кирокаш дар Узбекистон дар дохили мошин

Ozodi.org 

Дар шаҳри Урганҷи Узбекистон, дар яке аз кӯчаҳои серодам ронандаи таксиеро куштаанд. Рӯзи 2 июн дар шаҳри Урганҷи Узбекистон ронандаи таксиеро куштанд, ки дар канори роҳ меистод. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки чи гуна чанд одам сӯи мошин медаванд ва яке аз онҳо, ба эҳтимоли зиёд, бо корд ба ронанда чанд зарба мезанад. Дар шарҳи навор гуфта мешавад, ки дар ин куштор ҳашт нафар ширкат кардааст. Дар додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда... Читать дальше...

Дар Берлин мошине издиҳоми одамонро пахш кард. Чанд кас куштаву захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Берлини Олмон як мошин издиҳоми одамонро пахш кард. Дар натиҷа як кас кушта, ҳашт тани дигар маҷруҳ шуд. Ин ҳодиса дар кӯчаи Ранкештрасси ноҳияи Шарлоттенбурги Берлин рух дод, ки серодам аст. Бино ба баҳогузориҳои гуногун, аз 8 то 30 кас ҷароҳат бардоштааст. Пулиси Берлин барқасдона будани ҳодисаро рад намекунад. Ронандаи мошин боздошт шудааст. То кунун маълум нест, ки вай ба чӣ далел мошинро сӯи издиҳом рондааст. Дар ҳамин кӯча охири соли 2016 ҳамла рух дода буд. Он замон як мошини боркаш издиҳоми одамонро пахш карда буд. Читать дальше...

"Табибон мефаҳманд, волидон наметарсанд." Ҷоизаи ҳомии дархудмондагон дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони мустақили “Ирода” дар Тоҷикистон, ки солҳо боз ба гирифторони аутизм ё дархудмондагӣ мадад мекунад, ҷоизаи байнулмилалии Ҷулетта Гимон-2022-ро гирифт. Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ беморони аутизм сабтином нашудаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *