Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 15.06.2022

Маъмурони интизомӣ Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ бурданд

Ozodi.org 

Даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА

Ozodi.org 

Рӯзи 15 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дидору гуфтугӯ кард. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот густариши равобити Тоҷикистону ИМА дар бахши низомиву амниятӣ баррасӣ гардид. Ба навиштаи манбаъ, дар ин мулоқот сӯҳбат аз вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рафтааст. Тафсилоти дигари ин гуфтугӯҳо нашр намешавад. Читать дальше...

Як шаҳрванди Узбекистон мехоҳад хонаашро дар Душанбе ба ӯ баргардонанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нарзулло Тӯраеви 77-сола аз Бойсун иддао дорад, ки солҳои 90-ум манзили зисташро дар маҳаллаи Заҳматободи пойтахти Тоҷикистон шахсе бо номи Исломиддин Насриддинов ба “зӯрӣ” гирифтааст. Ҷониби дигар мегӯяд, хона аз онҳост, Нарзулло Тӯраев танҳо як муддат онҷо иҷора менишаст.

Дар Ашт паёмадҳои фалокатро бартараф мекунанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ашт рафъи оқибатҳои сели харобиовар идома дорад. Сокинони зарардидаи ноҳия, ки ба кишту кор машғул буданд, ҳоло ҳама корро як сӯ гузошта бо роҳи ҳашари умумӣ дар пайи бартараф кардани паёмади офати табиӣ ҳастанд.

Чаро Тоҷикистон истифодаи чароғҳои каммасрафро манъ кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор воридот ва фурӯши чароғҳои каммасрафро манъ карда, лампаҳои светодиодӣ ҷойгузини онҳо шуданд. Сабаби манъ кардани воридот, фуруш ва истифодаи лампаҳои каммасрафро зиёни он ба саломатӣ ва муҳити зист гуфта шудааст.

Қатори нахустини Душанбе-Тошканд 20-уми июн ба роҳ мебарояд

Ozodi.org 

Нахустин қатори роҳи оҳани самти Душанбе-Тошканд қарор аст рӯзи душанбе, 20-уми июн ба ҳаракат дарояд. Ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” шоми 14-уми июн дар саҳифаи Телеграм-канали худ хабар дод, ки қатори байни ду пойтахти кишварҳои ҳамсоя ҳафтае як бор ҳаракат хоҳад кард. Тӯли роҳ 916 км буда, ба навиштаи вебсайти your.tj, дар шаҳрҳои узбекистонии Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон ва дар хоки Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ист хоҳад кард. Нархи билети қатор аз 35 доллар шурӯъ мешаванд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон таблиғи пирамидаи молиро ҷиноят эълом карданд

Ozodi.org 

Маҷлиси порлумони Қазоқистон рӯзи 15 июн лоиҳаи қонун дар бораи таҳкими танзим, назорати бозори молиявӣ, созмонҳои молиявӣ ва мубориза бо фаъолияти пирамидаҳои молиро ба тасвиб расонд. Қонун ба пурзӯр кардани масъулияти ташкили пирамида молӣ ва ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои шахсоне, ки онро таблиғ мекунанд, нигаронида шудааст. Бар асоси ин лоиҳаи қонун, ба Кодекси ҷиноии Қазоқистон банди 217 илова мешавад, ки қисми аввали он ҷарима дар ҳаҷми 6 миллиону 126 000 танга, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати... Читать дальше...



Интиқоли нафти Қазоқистон тавассути Консорсиуми лӯлаи Хазар дубора қатъ шуд

Ozodi.org 

Ҳамлу нақл ва содироти нафти Қазоқистон тавассути Консорсиуми лӯлаи Хазар (КЛХ) дубора қатъ карда шуд. Хабаргузории "Inbusiness.kz" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки аз 15 июни соли равон дар КЛХ баъзе аз корҳои техникӣ ба нақша гирифта шудааст ва сабаби қатъи ҳамлу нақли нафти Қазоқистон низ ҳамин аст. Консорсиуми лӯлаи Хазар нимаи моҳи апрели имсол хабар дода буд, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст ва интиқоли нафт тавассути он коҳиш ёфт. Читать дальше...

Президенти Қазоқистон "Қурултойи миллӣ" таъсис доду худаш раҳбар шуд

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 15 июн фармон дар бораи таъсиси "Қурултойи миллӣ" (шӯрои мардумӣ)-ро имзо кард, ки вазифа ва ҳайати ин ниҳодро низ муайян ва тасдиқ мекунад. Раҳбари қурултой худи Тоқаев интихоб ва муовинаш мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Қарин таъйин шудааст. Ерлан Карин гуфт, ба ҳайати аъзои қурултой намояндагони тамоми шӯроҳои минтақавии ҷамъиятӣ, аз ҷумла нависандаи халқии Қазоқистон Мухтор Шаханов, аввалин кайҳоннаварди қазоқ Токтар Аубакиров, ходими маъруфи давлатӣ Алихон Байменов... Читать дальше...

Мақомоти тоҷик боздошти корманди полиси тоҷик дар Қирғизистонро тасдиқ ё рад намекунанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти корманди милисаи тоҷик аз ҷониби мақомоти Қирғизистонро бо гумони қочоқи беш аз 33 кило маводи мухаддир тасдиқ ё рад накард.

Раҳимзода ба аҳамияти барқарор кардани бозори минтақавии Фарғона таъкид кард

Ozodi.org 

Як иқтисодшиноси калони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Узбекистон нақши бозори водии Фарғона бояд мисли солҳои шӯравӣ барҷаста шавад. Шариф Раҳимзода, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо хабаргузории “Ховар” рӯзи 15-уми июн гуфт,  водии Фарғона, ки “бозори муштараки се ҷумҳурӣ - Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, бояд боз нақши таърихии муттаҳидкунандаи худро бозида дар рушди иқтисоди минтақа саҳмгузор бошад”. Читать дальше...

Иштироки ду шиновари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ

Ozodi.org 

Ду варзишгари тоҷик – Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов – бо роҳбарии сармураббӣ Катерина Измайлова дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки аз 18-уми июн то 3-юми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.   Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи        қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2021 дар шаҳри Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузоштани Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба соли 2022 интиқол ёфт. Читать дальше...

Шурӯи таҳқиқи марги таҳлилгаре, ки сиёсати марзии ҳукумати Қирғизистонро танқид мекард

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, ки барои таҳқиқи сабабҳои марги як таҳлилгари сиёсӣ ва мунаққиди ҳукумат дар шароити зиндон комиссиюни ҷамъиятӣ ташкил мекунад. Марат Қазоқбоеви 56-сола дар таҳқиқу таҳлили таҳаввулоти сиёсии ватанӣ ва байналмилалӣ таҷрибаи калоне дошт.  Ба навиштаи AFP, ҳамсараш Анор Қазоқбоева гуфтааст, ки ҳамсари ӯро барои интиқод аз Қамчибек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт карда буданд. Қазоқбоев гуфта буд, ки “бесалоҳиятии... Читать дальше...

USAID: Дар давраи пандемия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $ 14 млн. кӯмак кардем

Ozodi.org 

ИМА мегӯяд, мизони кӯмакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон дар давраи пандемияи ду соли гузашта ба 14 миллион доллар наздик шудааст. Питер Райлӣ, мудири намояндагии USAID дар Тоҷикистон дар як изҳороташ, ки  аз ҷониби дафтари матбуоти сафорати ИМА рӯзи 13-уми июн нашр шуд, гуфт, бастаи охирини кӯмакҳо дар ҳаҷми 1,5 миллион доллар барои дастгирии талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  равона хоҳад шуд. Райлӣ гуфтааст, кӯмакҳои  ду соли охир бар асоси як барномаи президенти ИМА... Читать дальше...

Беҳрӯзи Хоҷазода баъди ду соли табобат дар "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" иштирок мекунад

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Ulaanbaatar Grand Slam 2022",  ки рӯзҳои 24-26-уми июн дар пойтахти Муғулистон – Уланбатор - баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳанд  кард. Ҳарсе паҳлавони тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков  (ҳарду дар вазни то 73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (дар вазни то 90 кг) - дар сабқати мардон ширкат меварзанд. Зимнан, Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, пас аз ду соли муолиҷа ба тамрин оғоз кардааст. Ба гуфтаи ӯ феълан таваҷҷӯҳаш ба... Читать дальше...

Боз як ширкати хешони Назарбоевро давлатӣ мекунанд

Ozodi.org 

Корхонаи коркарди гази "GPC Investement" ба ҳисоби давлати Қазоқистон мегузарад. Бино ба иттилои хабаргузории КазТАГ, Кайрат Шарипбоев дар давраи раиси ширкати миллии "КазТрансГаз" будан дар таъсиси корхонаи коркарди газ дар кони Қашагон лоббигарӣ кардааст. Шарипбоевро шавҳари Дариға Назарбоева, духтари калонии раисиҷумҳури пешини Қазоқистон меноманд. Дар лоиҳаи қарори ҳукумат, ки рӯзи 14 июн онро Вазорати энержии Қазоқистон пешниҳод кард, гуфта мешавад, пешниҳоди ширкати "TauBerekeGroup" дар... Читать дальше...

Қазоқистон 48 шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистонро ихроҷ кардааст

Ozodi.org 

Раёсати пулиси вилояти Туркистони Қазоқистон шахсияти 48 шаҳрванди хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар иқомат доштанд, ошкор кардааст. Ба огаҳии раёсат, 31 шаҳрванди Узбекистон ва 17 шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Қарақонири Қазоқистон ба ҷамъоварии растании шифобахше машғул будаанд. Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ бо банди "Вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши муҳоҷират аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд" санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Шаҳрвандони хориҷӣ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *