Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 22.06.2022

Оқибати зилзила дар Афғонистон. "Мардум пайиҳам гӯр мекананд"

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ, ки шарқи Афғонистонро бомдоди 22-уми июн такон дод, ба марзи 1000 нафар наздик шудааст. Ба гуфтаи мақомот, чунин зилзила дар 20 соли ахир дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон дида нашуда буд ва асосан рустоҳои дурдастро вайрон кардааст.

Тазоҳуроти мухолифони бозшавии дари қиморхонаҳо дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Мухолифони боз шудани дари қиморхонаҳо дар Қирғизистон субҳи 22 июн дар назди бинои порлумони он кишвар ба нишони эътироз ҷамъ шуданд. Тазоҳургарон, ки ҳудуди 20 нафар ҳастанд, аз вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, то қонуни баҳсбарангез дар бораи додани иҷозат ба фаъолияти қиморхонаҳоро қабул накунанд. Порлумони Қирғизистон 11 майи соли равон баррасии лоиҳаи қонунеро оғоз кардааст, ки фаъолияти қиморхонаҳоро дар он кишвар иҷозат медиҳад. Лоиҳа ҳамчунин иҷозати қиморбозии онлайниро низ дар он кишвар пешбинӣ кардааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Равуои доимӣ байни Душанбеву Тошканд тавассути роҳи оҳан барқарор шуд, чеҳранигорӣ аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, мубориза бо талбандагӣ дар вилояти Суғд ва матолиби дигар.

Дар Узбекистон як корманди давлатӣ худро ба дор овехтааст

Ozodi.org 

Ҷасади як корманди ҳукумати ноҳияи Боёвути вилояти Сурхандарёи Узбекистонро дар утоқи корияш овезон пайдо кардаанд. Дар додситонии Сурхандарё гуфтанд, мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ҳукумати Боёвут Т.Б. 13 июн ба далели мушкилоти шахсӣ худро дар утоқи корияш ба дор овехтааст. Додситонии ноҳия ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон навиштаанд, ки ин хидматчии давлатии Боёвут қурбони қиморбозӣ шудааст. Вале ҷузъиёти бештар надодаанд.

HRW аз Тоҷикистон хост, блогерҳоро озод кунад ва фишор ба расонаҳоро поён диҳад

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки блогерҳои тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро "фавран" озод кунад.

Дар Андиҷон қотили ду кудаки ноболиғро дастгир карданд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон хабар додааст, ки дар робита ба куштори ду кудак дар Андиҷон як хеши наздики модари онҳо боздошт шудаааст. Зани гумонбар дар куштор гуфтааст, оилааш аз пушти модари кудакон вайрон шуд ва ӯ ҳамчунин намехост хонаи онҳоро тарк кунад. Расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо истинод ба додситонӣ навиштаанд, гумонбар сокини ноҳияи Избоскани вилояти Андиҷон аст ва кудакон, духтарчаи 7-сола ва писарбачаи 10-сола ҳамроҳи модарашон дар хонаи ӯ зиндагӣ мекарданд. Зан 16 июн аз набудани... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *