Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 24.06.2022

Профессор Аҳмад Абдуллоев даргузашт

Ozodi.org 

Абдуллоев солҳои 1980 бо мақолаҳои ҷасуронааш дар нашрияи "Маориф ва маданият"-и зери раҳбарии Бӯринисо Бердиева дар Тоҷикистон шуҳрат дошт. Ҳадаф аз онҳо бедории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллии тоҷикон буд.

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. Роҳе, ки Далеру Абдуллоҳ интихоб карданд

Ozodi.org 

Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми май Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ду рӯзноманигори тоҷикро боздошт кард.

Президенти пешини Туркманистонро ба додгоҳ кашиданд

Ozodi.org 

Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар Туркия паноҳанда ҳастанд, президенти пешини худ Қурбонгуӣ Бердимуҳаммадов ва як қатор мансабдоронро ба додгоҳ кашидаанд. Онҳо президенти пешини Туркманистон ва мансабдрони кишвари худро ба нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон айбдор кардаанд. Вакили дифои паноҳандаҳои туркман Гюлден Сонмез бо нашри як видео дар Интернет хабар дод, ки зидди Бердимуҳаммадов, вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва вазири умури дохилии он кишвар Муҳаммад Хидиров 21 июн ба додгоҳи... Читать дальше...

Вазири савдои Қазоқистон гуфт, гароншавии шакар ногузир аст

Ozodi.org 

Вазири савдои Қазоқистон Бахт Султонов гуфт, гароншавии нархи шакар дар он кишвар ногузир аст. "Бештари маҳсулотҳое, ки аз воридот вобаста ҳастанд, ба монанди шакар, хоҳед ё нахоҳед, нархи он гарон мешавад. Нархи шакар дар ҷаҳон гарон шудааст ва яке аз кишварҳои содиркунандаи шакар - Русия содироти онро маҳдуд кардааст ва ин бетаъсир нахоҳад монд", - изҳор доштааст Султонов. Ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон аз кишварҳои хориҷ 100 ҳазор тонна шакар дархост кардааст ва дар ҳоли ҳозир 350 ҳазор тонна шакар захира намудааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон "Стелс-омикрон" ошкор шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон яке аз намудҳои коронавирусро бо номи "Stealth-Omicron BA.2" ошкор кардаанд, ки хеле зуд паҳн мешавад. Дар ин бора сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Баҳодур Юсупалиев рӯзи 23 июн дар суҳбат бо хабаргузории УзА иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, давоми як ҳафтаи ахир шумори мубталоён ба навъи мазкури коронавирус афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла 20 июн 87 кас, 21 июн 82 кас ва 22 июн 98 кас ба он мубтало шудааст. Намуди "Stealth-Omicron BA.2" бо номи "стелс-омикрон" маъруф... Читать дальше...

Ҳайатҳои порлумонии кишварҳои туркзабон вориди Бишкек шуданд

Ozodi.org 

Ҳайатҳои порлумонӣ ба роҳбарии раиси Маҷлиси Қазоқистон Ерлан Кошанов ва раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон Соҳиба Ғафарова 23-юми июн вориди шаҳри Бишкек шуданд. Муовини раиси порлумони Қирғизистон Улан Примов худи ҳамон рӯз ҳайатҳои дигарро таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси олии Туркия Мустафо Шентоп ва раиси Маҷлиси олии Узбекистон Танзила Норбоева ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, ин ҳайатҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии кишварҳои туркзабон иштирок хоҳанд кард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *