Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 21.06.2022

Аз 60-сола боло. Намоиши ғайриоддии муд дар Душанбе

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе бори аввал намоиши муди модарон баргузор шуд. Бонувони синнашон боло аз 60 рӯйи саҳнаи муд паём доданд, ки "онҳо низ зебову замонавӣ ҳастанд". Идомаро дар гузориши видеоӣ бинед.

Ахбори Озодӣ аз 21-уми июни соли 2022

Ozodi.org 

Вазъи Бадахшон баъди нооромиҳои моҳи май, хавфи хушксолӣ дар Афғонистон, нороҳатии барандагони "корти сабз"-и Амрико дар Тоҷикистон, намоиши либос барои занон дар шаҳри Душанбе ва матолиби дигар.



Вайронгариҳои сел дар Хуросону Деваштич

Ozodi.org 

Мақомот гуфтанд, бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастикам се хона вайрон шуда, заминҳои кишт зери лой мондааст. Сокинон зиёни расидаро бештар аз ин мегӯянд.

Русияи зери таҳримҳои Ғарб ба бузургтарин таъминкунандаи нафти Чин табдил шуд

Ozodi.org 

Оморҳои нави гумруки Чин нишон медиҳад, ки ин кишвар дар моҳи май ҳудуди 8 миллиону 420 ҳазор тонна нафти хом, баробар ба ду миллион бушка, аз Русия харидорӣ кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 55 дарсад бештар аст.

Боздошти ду сокини Душанбе, ки барои "бурдан ба Амрико" аз чанд кас пул гирифтаанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду сокинони шаҳри Душанберо ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт кардааст. Ин ду нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки аз чанд сокин бо ваъдаи бурдан ба Амрико, пул гирифтаанд. ВКД мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат кардааст, ки ду сокини пойтахт аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд. Бо ҳамин роҳу ваъда ҳамчунин аз ҷавони 24-солаи дигари сокини ноҳияи Тоҷикобод... Читать дальше...

Воридоти орд ба Тоҷикистон 12 дарсад коҳиш ёфтааст

Ozodi.org 

Дар панҷ моҳи аввали имсол воридоти орд ба Тоҷикистон 12,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Хадамоти гумруки кишвар хабар додааст, ки дар ин муддат худуди 330 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии 102  миллион доллар ворид карда шуд. Афзоиши нарх қариб 11 фоизро ташкил додааст. Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд. Читать дальше...

Қирғизистон ба Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷири корӣ мефиристад

Ozodi.org 

Сокинони вилояти Талласи Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки дар доираи як барнома дар Кореяи Ҷанубӣ ҷои кор пайдо кунанд. Ба огаҳии Вазорати меҳнат, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, ин имкон дар пайи имзо шудани як созишнома бо раиси ноҳияи Кочанги Кореяи Ҷанубӣ фароҳам шудааст. Бар асоси созишнома, 50 сокини Талас бо ҷои кори муваққат (панҷмоҳа) дар бахши кишоварзии Кореяи Ҷанубӣ таъмин шуда, соли оянда теъдоди ҷойҳои корӣ ба 300 расонида мешавад. Озмуни интихоби кормандонро дастгоҳи... Читать дальше...

Аскар Оқоев дар бораи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон ибрози назар кард

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд. Аскар Оқоев 19-уми июн зимни суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора изҳори назар кард. "Ба назари ман, ҳар як халқ, ҳар як миллат мехоҳад, ҳар замон ба сатҳи нави рушду тараққӣ бирасад. Ин як раванди табиӣ аст. Метавон гуфт, ки ин рӯйдодҳо баъзан бе эътирози иҷтимоӣ мешаванд... Читать дальше...

Мирзиёев тағйири Конститутсияи Узбекистонро "тақозои замон" номид

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар раъйпурсии умумимиллӣ баргузор карда шавад. "Фикр мекунам, ки агар мо бо такя ба раъй ва дастгирии шаҳрвандони худ ислоҳоти конститутсионӣ анҷом диҳем, ин иродаи халқи мо - Конститутсияи воқеии мардумӣ хоҳад буд", - гуфт президент дар мулоқот бо аъзои комиссия оид ба ташкили пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон. Мирзиёев афзуд, ки тағйири Конститутсияи... Читать дальше...

Таъмири як роҳи вайрону маргбори Суғд оғоз ёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шимоли Тоҷикистон таъмиру бозсозии роҳе оғоз ёфт, ки онро яке аз роҳҳои вайрон ва ҳам маргбор дар ин самти кишвар мешуморанд. Ин роҳи 100 километрӣ ноҳияи Аштро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони сохта шуданаш дар даврони шӯравӣ боре ҳам дуруст таъмир нашудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *