Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 03.06.2022

Имзои созишномаҳо бо арзиши 570 000 000 доллар байни Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

То ду ҳафтаи дигар мумкин аст, байни шаҳри Душанбе ва Тошканд қатори мусофирбар ҳаракат кунад, то ба гуфтаи раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон равуо ва тиҷорат байни ду тараф ривоҷ ёбад.

Созишномаи пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ба Дума рафт

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия рӯзи 2-юми июн созишнома дар бораи пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро ба баррасии аъзои Думаи давлатӣ ирсол кард. Ин созишнома сентябри соли 2021 имзо шуда, ҳадафаш тақсими одилонаи масъулияти пардохти нафақаи кор ба шаҳрвандони ду кишвар дар ҳолати кор карданашон дар қаламрави Русия ё Тоҷикистон аст.    Коршиносон мегӯянд, ки ин созишнома, пеш аз ҳама, барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, чун ҳар сол беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар бо ҳадафи кор ба Русия мераванд... Читать дальше...

Амрико мегӯяд, ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон ҳануз ҳам помол мешавад

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро ҳамчунон дар радифи кишварҳои мояи нигаронии хос нигаҳ доштааст.  Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро помол ва ё маҳдуд мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гуфтанд, “гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад.” Дар гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2021, ки рӯзи 2-уми июл нашр шуд... Читать дальше...

"Толибон" ва ДОИШ - таҳдид ба саршумори бабри кӯҳии Тоҷикистону ҷаҳон

Ozodi.org 

Дар остонаи рӯзи муҳити зист, ки 5-уми июн таҷлил мешавад, панҷоҳ  донишманди улуми зоология ба ҳимоят аз паланг ё бабри кӯҳӣ даъват кардаанд. Дар номаи кушоде, ки зери он донишмандон аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, зоологи маъруф Ҷейн Гудолл имзо кардаанд, аз хатари нопадидшавии паланги кӯҳӣ, ё ба истилоҳ, “Леопарди форсӣ” изҳори нигаронӣ шудааст. Дар номаи донишмандон гуфта мешавад, ки хонаи ин гурбаи ваҳшии холдор асосан дар 11 кишвари Қафқозу осиёи Марказиву Ховари Миёна, аз ҷумла, замоне дар кӯҳистонҳои  Тоҷикистону Узбекистон ҳам буд... Читать дальше...

Аз паймони дӯстӣ то ҳаракати қатори Тошканд-Душанбе. Чанд тарҳи нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон

Ozodi.org 

Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дирӯз дар Тошканд бо мақомоти ин кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Узбекистону Тоҷикистон “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон”-ро имзо карданд, ки барои тақвияти робитаҳои ду ҳамсояи наздик равона шудааст. Бар асоси созишномаҳои дигар, аз ҷумла, ду кишвар муштаракан бар зидди ҷинояткории иқтисодӣ ва маблағгузории терроризм мубориза хоҳанд бурд. Дар миёни мувофиқаҳои... Читать дальше...

Ҷоизаи ҷашнвораи Авруосиёи "Бачаи обӣ"

Ozodi.org 

Дар як ҷашнвораи филми Авруосиё (http://eurasianfilmfestival.uk), ки дар Лондон натиҷагирӣ шуд, филми сохтаи коргардони тоҷик “Бачаи обӣ” ҷоизаи “Интихоби тамошобин”-ро сазовор шуд. Филми сохтаи Файзуллоҳи Файз соли 2020 тавлид шуда, дар бораи фалокати эҳтимолии башарӣ баҳс мекунад. Ин филм дар соҳилҳои Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон бардошта шудааст. Ҷашнвораи филми Авруосиё бори чорум барпо мешавад ва ҳадафи он муаррифиву пешбурди синамои кишварҳои минтақа ба забони англисӣ дар ғарбу Аврупо мебошад. Читать дальше...



Медали биринҷии гуштигири ҷавони тоҷик дар Алмато

Ozodi.org 

Асламҷон Азизов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, мураббии маъруфи қазоқ,  ки 2-юми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон оғоз ёфт, дар гуштии юнонию румӣ дар вазни 55 кило медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Асламҷон, ки рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ ғолиб омад. Читать дальше...

Томас Вэст: ИМА ва Тоҷикистон дар мавриди оғози раванди сиёсии фарогир дар Афғонистон ҳамназаранд

Ozodi.org 

Намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, кишвараш дар мавриди як раванди сиёсии сулҳомез, ки дар он ҳама ҷонибҳо ва қавмҳои Афғонистон иштирок дошта бошанд, бо Тоҷикистон назари муштарак дорад.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё бо тими Арабистони Саудӣ доир мегардад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) имрӯз, 3-юми июн, дар шаҳри Тошканд нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” бо тими Арабистони Саудӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 20:00 шуруъ мешавад. Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарӣ, ки 2-юми июн дар пойтахти Узбекистон доир гардид... Читать дальше...

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дӯстона, ки 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳаитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Хазза ба ҳадаф расонд.  Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи шанбе... Читать дальше...

Фавти яке аз осебдидагони сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтар

Ozodi.org 

Яке аз осебдидагони сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар фавтидааст. Аз бахши эҳёи Бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Маҳмадӣ Сангов, ки дар ин ҳодиса беш аз 90 дарсади баданаш сӯхта буд, соати 4-и субҳи имруз ҷон бохт.  Гуфта мешавад, ки Маҳмадӣ Сангови 50-сола сокини шаҳри Кӯлоб буда, дар бозори "Фаровон" дӯкон доштааст ва вақти баровардани бораш, балони газ кафида осеб дидааст. Бозор шаби 1-уми июн оташ гирифт ва дар натиҷа 12 нафар осеб дида, соҳибкорони... Читать дальше...

Вазири тандурустии Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки азхудсозии ғайриқонунии маблағҳои буҷа ва "дағалона вайрон кардан"-и фармони президентро дар бораи рушди ҳифзи тандурустӣ аз сӯи роҳбарияти вазорати тандурустӣ ошкор кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи декабри соли 2020 то сентябри соли 2021 Қирғизистон ҳамчун кӯмак аз созмонҳои байналхалқӣ, Русия, Чин ва Озарбойҷон 451 ҳазору 560 вояи воксини зидди коронавирус дарёфт кардааст. Дертар Қирғизистон бо Чин ва Русия дар бораи дарёфти ройгони 6 миллион вояи... Читать дальше...

Узбекистон аз неругоҳи "Роғун"-и Тоҷикистон барқ мехарад

Ozodi.org 

Ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди интиқоли барқи неругоҳи Роғун дар мавсими тобистон тафоҳумнома имзо карданд. Дар ин бора нашрияи "Газете.uz" бо такя ба вазорати энержии Узбекистон хабар медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, раванди марҳила ба марҳила ба кор даровардани ҳамаи чархаҳои неругоҳи Роғун идома дорад. Муҳлат, низоми интиқоли неруи барқ, ҳаҷм ва қимати он дар доираи созишномаи алоҳида баррасӣ мешавад. Созишномаи алоҳида, қарор аст, то охири сол баста шавад. Читать дальше...

Зилзилаи сахт Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.  Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази зилзила дар 59-километрии ғарби шаҳри Душанбе ва 12- километрии ғарби шаҳри Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Узбекистон будааст. Манбаъ мегӯяд, шиддаташ дар онҷо ба 4.4 дараҷаи Рихтер баробар будаааст. Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати зилзиларо дар Душанбе 3-4 дараҷаи Рехтер гуфтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *