Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2022

Новости за 12.06.2022

Бародари Алим Шерзамонов боздошт шудааст

Ozodi.org 

Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз тарҳрезони эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон меноманд, рӯзи 12-уми июн дар маркази Бадахшон дастгир шудааст.

Радду бадали Чину Амрико дар бораи Тайван

Ozodi.org 

Вазири дифои Амрико, Ллойд Остин, фаъолиятҳои низомии Чинро дар наздикии Тайван ва таҷовузи афзояндаи Пекинро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором танқид кард.

Идомаи "амалиёт" дар Хоруғ. Ба Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров чӣ шуд?

Ozodi.org 

Манобеъ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи "Тирчид" ё УПД-и маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсус шуруъ шудааст. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ бо Бадахшон, дарёфти тафсилоти ҳодиса мушкил аст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Сингапурро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ба тими миллии Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи шанбе, 11-уми июн, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов доир гардид.

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи динӣ то чӣ ҳад риоят мешавад?

Ozodi.org 

Дар барномаи Гапи озод ин навбат дар бораи эҳтиром ба озодиву ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мешавад. То куҷо ҳукумат ба ин ҳуқуқ эҳтиром мегузорад ва то куҷо нодида мегирад? Шерзот Абдуллозода муҳақиқи дини ислом аз Душанбе ва руҳонӣ Муҳаммадсаид Ризоиён руҳонии хориҷ аз кишвар баҳс мекунанд.

Гапи озод: Тоҷикистон ба ҳуқуқи динӣ то чӣ ҳад эҳтиром мегузорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мояи ташвишу нигаронии хос зикр кардааст. Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро поймолу маҳдуд мекунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *