Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 01.07.2022

Қирғизистон ба "Эксимбонк"-и Чин $112 млн мепардозад

Ozodi.org 

Қарзи хориҷии Қирғизистон аз Эксимбонки Чин ба 1 млрд 794 млн 120 ҳазор доллар расидааст. Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, соли ҷорӣ Қирғизистон ба бонки чинӣ 111 млн 730 ҳазор доллар мепардозад. Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз "Эксимбонк"-и Чин мудирияти иншоотеро амсоли Маркази гармидиҳии Бишкек, "Датка-Кемин" ва роҳи мошингарди Шимол-Ҷанубро ба ихтиёр медарорад. Вазорати молияи Қирғизистон мегӯяд... Читать дальше...

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки ба Каримова рабт дошт, бо $68,4 млн фурухта шудааст

Ozodi.org 

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки эҳтимолан ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон рабт дошт, мумкин аст, бо қимати 68,4 млн доллар фурухта шуда бошад. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, хонаи мавриди назар соли 2008 бо қимати 36,5 млн доллар ба ширкати Zeromax фурухта шуда буд. Ширкати мазкурро ба Гулнора Каримова рабт медиҳанд. Додситонии кулли Узбекистон соли 2017 дар бораи хонаи мазкур хабар дода буд. Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Читать дальше...

Неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон ба кишварҳои африқоӣ фиристода мешаванд

Ozodi.org 

Порлумони Қазоқистон ирсоли неруҳои посдори сулҳи ин кишварро дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ иҷозат дод. Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд. Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд. "Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон бар ин назар аст, ки афзоиши... Читать дальше...

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо қонунӣ шуд

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд. Ҷабборов рӯзи 30 июн қонун "Дар бораи тиҷорати бозӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон" ва "Дар бораи тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаи тиҷорати бозӣ"-ро имзо кардааст. Дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон омадааст, ки қонунҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷа имзо шудаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шаҳрвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд... Читать дальше...

Қатъи гази Русия ба Аврупо чӣ оқибат дорад?

Ozodi.org 

Оҷонси Байнулмилалии Энержӣ ҳушдор додааст, ки Русия метавонад, интиқоли газро ба Аврупо пурра қатъ кунад. Коҳиши интиқоли газ дар як ҳафтаи охир барои иқтисоди кишварҳои азими истифодабарандаи он зарбаи ҷиддӣ аст. Ҳоло ин кишварҳо бошитоб анборҳои зеризаминии газро барои зимистон пур мекунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *