Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 09.07.2022

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боз ба бозпурсӣ бурда, "вале ҷавоб надодаанд"

Ozodi.org 

Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, рӯзноманигори мунтақид Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 9-уми июл дигарбора ба бозпурсӣ даъват карда, ба қавли яке аз шахсони наздикаш, "то ҳанӯз ҷавоб надодаанд".

Рустами 8-килоӣ 5 сола шуд

Ozodi.org 

Кӯдаке, ки бо вазни рекордӣ дар Кӯлоб таваллуд шуда буд, 5-сола мешавад. Ӯ ҳангоми ба дунё омадан ҳашт кило вазн дошт ва ба гуфтаи пизишкон, ҳеҷ гоҳ дар кишвар бо чунин вазн тифле ба дунё наёмада буд.

Тоҷикон имсол барои истироҳат ба куҷо мераванд?

Ozodi.org 

Бархе сокинон пас аз ду соли маҳудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз КОВИД 19 сафар барои истироҳат дар хориҷро оғоз кардаанд. Сокинони миёнаҳол Самарқанду Бухороро интихоб кардаанд ва сарватмандон бештар ба Туркия ва Дубай мераванд. Гурӯҳи зиёд ҳам бинобар бепулӣ ба ҳеҷ ҷо нарафтаанд.

Боздошти Саидаминӣ ва бозпурсии Пирмуҳаммадзодаро "худсарӣ" номиданд

Ozodi.org 

Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҷамъиятии тоҷикон дар Аврупо, боздошти Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори собиқи Телевизиони давлатии Тоҷикистон ва бозпурсии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”-ро “худсарӣ”-и мақомоти тоҷик номидааст. Ин созмон, ки ба хотири Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи зиндонӣ аз ҷониби пайвандони ӯ таъсис ёфтааст, фишор болои рӯзноманигоронро ба фаъолияти расонавии онҳо рабт додааст. Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, рӯзи 8-уми июл аз ҷониби мақомот боздошт шуд. Читать дальше...

Дар Шри-Ланка мардуми хашмгин қароргоҳи президентро ғасб карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка эътирозгарон қароргоҳи президентро ғасб карданд ва истеъфои ӯро талаб доранд. Президент ба ҷои амн интиқол ёфтааст ва ӯро нерӯҳои баҳрии ин кишвар ҳифз мекунанд. Дар шаҳр миёни эътирозгарон ва пулис задухӯрд ҷараён дорад. Хабаргузории France-Presse бо такя ба мақомоти ин кишвар хабар додааст, ки ҳазорон эътирозгар ба хиёбонҳо рехтаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, 14 эътирозгар захм бардоштааст. Шаби ҷумъа дар Коломбо шабгардиро манъ карданд, вале касе ин амрро иҷро накард. Читать дальше...

Боздошти рӯзноманигорон ва фаъолон дар Қароқалпоқистон

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон 14 нафар, аз ҷумла Давлатмурод Тоҷимуродов, рӯзноманигори фаъол дар Қароқалпоқистонро, барои "талоши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ" айбдор кард. Лолагул Калихонова, рӯзноманигори дигар дар Нуқус, бо айби "анҷом додани амалҳое, ки ба амнияти ҷомеа хатар меорад", низ боздошт шудааст. Додситонӣ хабар додааст, ки ин 14 нафар бинобар сабаби хатар доштан дар ҷомеа то содир шудани ҳукм дар боздошт мемонанд. Дар оғози моҳи июл ҳазорон нафар дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистони Узбекистон... Читать дальше...

Илон Маск аз харидории Twitter даст кашид

Ozodi.org 

Илон Маск, миллиардери амрикоӣ, аз харидории шабакаи иҷтимоии Twitter даст кашид. Моҳи апрел ин сарватманд эълони хариди Twitter-ро карда буд, вале 9-уми июл хабар дод, ки онро намехарад. Ҳуқуқшиноси соҳибкор гуфтааст, ки хадамоти Twitter омода нашудааст, дар бораи саҳифаҳои қалбакӣ ё сапмҳо, ки донистани онҳо барои тиҷорат муҳиманд, маълумот диҳад. Пештар Маск гуфта буд, ки агар саҳифаҳои қалбакӣ 5 дар сади шумораи умумии корбарони ин шабакаро ташкил диҳанд, онро намехарад. Дар бозори саҳҳомӣ... Читать дальше...

Мавҷи дигари коронавирус. "Маҳдудият нест, санҷиш сахттар шудааст"

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон дар робита бо мавҷи дигари коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷиши гувоҳномаи эм ва ҳарорати мусофиронро дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд. Ҳамзамон мегӯянд, дар марзҳои Тоҷикистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *