Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 12.07.2022

Даъвати Шабнам Худойдодова аз созмонҳои байнулмилалӣ дар мавриди Тоҷикистон

Ozodi.org 

Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар хостааст, ки ба боздошти пайиҳами хабарнигорону блогерон дар Тоҷикистон бетараф набошанд ва барои озодии онҳо саъй кунанд.

Як ҳайати "Толибон" ба Тошканд меравад

Ozodi.org 

Ҳайати "Толибон" дар нишасти байнулмилалӣ дар бораи Афғонистон дар шаҳри Тошканди Узбекистон иштирок мекунад. Нишаст рӯзҳои 25 ва 26-уми июл баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон, рӯзи 11-уми июл хабар дод.

Марги ду марди бесарпаноҳ дар як ҳафта дар Суғд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Хуҷанд ва Гулистон ду марди бесарпаноҳ дар кӯча ва бекасу кӯй даргузаштаанд. Яке аз онҳо 44-сола ва дигаре 26-сола аст. Ба иттилои созмонҳои иҷтимоӣ, дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд.

Бахтиёри бекасу кӯй дар Хуҷанд ҷон дод

Ozodi.org 

Бахтиёр Тоҳиров, марди бехонае, ки Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти ӯ гузориш дошт, чанде пеш бекасу кӯй даргузаштааст. Фавти ин марди бехонаро намунае аз тақдири бади афроди оворагард дар Тоҷикистон медонанд, ки теъдодашон ба тадриҷ зиёд мешавад.

Барои нерӯгоҳи "Роғун" чархаҳои аврупоӣ мехаранд, вале бо кадом пул? ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷикистон истеҳсоли чор чархаи дигарро барои нерӯгоҳи "Роғун" ба ширкате дар Австрия супориш додааст. Ин тасмим дар ҳоле эълон шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ба хотири коҳиши пойбандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯзишориву энержии Русия мехоҳад, сохтмони “Роғун”-ро сармоягузорӣ кунад.

Барои неругоҳи Роғун турбинаҳои аврупоӣ мехаранд

Ozodi.org 

Чаҳор чарха ва агрегати баъдии ниругоҳи барқи обии Роғун тавлидоти аврупоӣ хоҳад буд. Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири эенергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.



Тоҷимуродов ба "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат" айбдор шуд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон нисбати рӯзноманигори қарақалпоқистонӣ Давлатмурод Тоҷимуродов айб эълом кард. Тоҷимуродов ба "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ва ё барҳамзании сохти конститутсионӣ" айбдор шуд.

Мусодираи телефону кортҳои бонкӣ. Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода дар куҷоянд?

Ozodi.org 

Аз боздошти хабарнигору фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Завқибек Саидаминӣ чаҳор рӯз ва аз боздошти рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода се рӯз гузашт. Онҳоро маъмурони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дастгир карда, аммо дар ин муддат нагуфтаанд, ки ба чӣ гумонбар ҳастанд.

Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист?

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои паҳн кардани хабару овозаи дурӯғ дар бораи артиш ҷазо пешбинӣ шавад. Яъне имкон дорад, акнун барои сабти навор аз лаҳзаи облава ҳам кас муҷозот шавад. Ин пешниҳод нигарониҳоро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист?

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки барои пахши хабарҳои, ба гуфтаи онҳо, "дурӯғ" дар бораи шарту шароити хидмат дар артиш, аз ҷумла "сарбозшикор", ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин шавад. Пешниҳоди онҳо ба порлумон рӯзи 12-уми июл расонаӣ шуд.

"Ба сиёсати имрӯза мувофиқ нест." Вазир гуфт, ки чаро монеи "Манқурт" шуданд

Ozodi.org 

Зулфия Давлатзода рӯзи 12-уми июл дар як нишасти матбуотӣ иддао кард, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст", аммо далели мушаххас наовард. Барзу Абдураззоқов мегӯяд, бо ҳамин мазмун номаи расмӣ гирифт, вале бо он розӣ несту хулосаашро ба зудӣ хоҳад фиристод.

"Бигзор маош бетағйир монад, нархи маҳсулотро боло набаранд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинон афзоиши 20-дарсадии маошро дар Тоҷикистон дуруст шумурда, вале онро барои харчи моҳона кофӣ намедонанд. Далели онҳо болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар будааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳое, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол дорад тариқи он ба Русия ворид шаванд

Ozodi.org 

Вазорати молия ё хазонадории Амрико феҳристи кишварҳоеро нашр кард, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид шаванд.

Қирғизистон ба Кореяи Ҷанубӣ 92 муҳоҷири меҳнатӣ фиристод

Ozodi.org 

Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон рӯзи 11 июл бо қирғизистониҳое мулоқот кард, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ раҳсипор буданд. Аз вазорати меҳнати Қирғизистон гуфтанд, 92 шаҳрванди ин кишвар дар доираи тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ барои кор ирсол шуданд. Айни замон 2 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд. Дар 15 соли охир вазорати меҳнати Қирғизистон дар маҷмуъ бештар аз 5 ҳазор қирғизистониро барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ ирсол кардааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *