Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 14.07.2022

Блогерҳо ба Тоҷикистон 18 миллион сомонӣ овардаанд. Андоз низ додаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 32 блогерро расман сабтином кардаанд ва онҳо дар ним сол аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютюбу Инстаграм тақрибан 300 ҳазор сомонӣ андоз ё молиёт додаанд. Мақомот онро кам мегӯянд.

Даҳҳо блогерро дар Тоҷикистон сабтином кардаанд

Ozodi.org 

32 блогери тоҷик дар ним сол аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютюбу Инстаграм тақрибан 300 ҳазор сомонӣ андоз ё молиёт додаанд. Мақомот онро кам мегӯянд. Блогерон шикоят доранд, ки пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, сафи бинандаву муштариён кам шуда, ба даромадҳояшон зарба зад.

Президенти Қазоқистон масъулони ҳукуматро барои гаронии бозор танқид кард

Ozodi.org 

"Чораандешии ҳукумат барои ба эътидол овардани нархи маҳсулот таъсире надорад," -- гуфт Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 14-уми июл дар як ҷаласа бо ҳузури аъзои ҳукуматаш.

Парвозҳо ба фурудгоҳи Кӯлоб аз Русия бештар шудааст

Ozodi.org 

Аксар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки роҳашон ба кишварҳои дигар баста аст, ба кишварҳои Осиёи Миёна рӯ овардаанд. Ширкати “Уралские авиалинии” аз ҷумлаи онҳост, ки парвозҳоро ба Фурудгоҳи Кӯлоб дар Тоҷикистон бештар кардааст.

Муомила бо рубл дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Ozodi.org 

Як сабаби поин рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон муомилаи бештар бо рубли русӣ будааст. Баъди оғози ҷанг ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия муомилот бо рубли русиро бо кишварҳое ба роҳ андохт, ки шарикони асосиаш ба ҳисоб мераванд.

Ширкати писари Бег Сабур аз андоз қарздор мондааст

Ozodi.org 

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, ки ширкати сохтмонии "Комил 2010" ҳанӯз қарзашро аз андоз напардохтааст, аммо рақами мушаххасеро ба забон наоварданд. Дар гузашта қарзи ширкат танҳо дар Кӯлоб зиёда аз 4 миллион сомонӣ эълон шуда буд.



Баҳси хабарнигорон ва масъулон дар бораи нарх

Ozodi.org 

Болоравии нархи маводи ниёзи аввал дар бозорҳо, ки аз аввали сол бори чандум аст мушоҳида мешавад, рӯзи 13-уми июл баҳси зиёдеро дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба миён овард. Чӣ гуфтанду чӣ шуниданд? Дар навор ҳаст.

Пиёзу орд гарон, сабзиву лубиё арзон шудааст

Ozodi.org 

Муқоисаи нархҳо дар Тоҷикистон аз тарафи як муассисаи Созмони Милал нишон додааст, ки арзиши се навъи маводи ғизоӣ дар кишвар имсол назар ба соли гузашта фавқулода боло рафтааст.

Афзоиши додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон дар аҳди Толибон. Душанбе чӣ медиҳад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давраи ҳокимияти Толибон аз гузашта дида бештар шудааст. Ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, он асосан аз содироти моли Тоҷикистон ба Афғонистон иборат буда, дар ним соли гузашта ба 40 миллион доллар расид.

Додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон афзудаааст

Ozodi.org 

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давраи ҳокимияти Толибон аз гузашта дида бештар шудааст. Ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, он асосан аз содироти моли Тоҷикистон ба Афғонистон иборат буда, дар ним соли гузашта ба 40 миллион доллар расид.

Дар Бонки Миллӣ камбуд ёфтаанд, вале...

Ozodi.org 

Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, аудит ё санҷиши молии онҳо дар Бонки миллӣ 1,2 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кард, вале ҳанӯз касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Дар гузашта низ ин ниҳод дар Бонки миллӣ камбуди молиро ёфта буд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *