Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 18.07.2022

"Ба келину домод ва фарзандон вазифа додаанд." 37 ҳолати хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 37 мавриди фаъолияти хешовандони наздикро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст. Аксари ин парвандаҳо соҳибони мансабҳои хурди давлатиро фаро мегиранд, ки Бунгоҳи зидди фасод мегӯяд, онҳоро бартараф намуд.

Хешони Назарбоев садҳо миллион долларро ба давлат баргардондаанд

Ozodi.org 

Комиссияи махсуси "мубориза ба зидди истифодаи ғайриқонунии захираҳои иқтисодӣ" дар Қазоқистон мегӯяд, дар давоми як моҳи фаъолияти худ тақрибан 230 миллиард тангаро "ба буҷаи давлат баргардондааст".

Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон лоиҳаи бартари АвруОсиё шудааст

Ozodi.org 

Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба феҳристи лоиҳаҳои афзалиятноки зербиноии ҳамгироӣ дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шудааст.

Падару писарро дар Балҷувон афв кардаанд. Баҳс бо бародари вазир поён ёфт? ВИДЕО

Ozodi.org 

Парвандаи Сайидмуъмин ва Сайфиддин Давроновҳо бар асоси қаллобӣ тафтиш мешуд. Додситонӣ гуфт, онҳо афв шуданд. Хонаводаи Давроноҳо аз оғоз парвандаашонро фармоишӣ медонистанд, аммо баъди раҳоӣ нахостанд, суҳбат кунанд.

Ифшои 37 мавриди кори хешовандон дар идораҳои давлатӣ

Ozodi.org 

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 37 мавриди фаъолияти хешовандони наздикро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст. Аксари ин парвандаҳо соҳибони мансабҳои хурди давлатиро фаро мегиранд, ки Бунгоҳи зидди фасод мегӯяд, онҳоро бартараф намуд.



Мақомот навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷанд

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, як наворро дар бораи амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ хоҳанд кард. Дар видеое, ки ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, лаҳзаи ба тартиб овардани чанд ҷасад аз тарафи низомиён дида мешавад. Муаллифони навор онро саҳнасозии мақомот гуфтанд.

Баҳси падару писар бо бародари вазир хотима ёфт?

Ozodi.org 

Парвандаи Сайидмуъмин ва Сайфиддин Давроновҳо бар асоси қаллобӣ тафтиш мешуд. Додситонӣ гуфт, онҳо афв шуданд. Хонаводаи Давроноҳо аз оғоз парвандаашонро фармоишӣ медонистанд, аммо баъди раҳоӣ нахостанд, суҳбат кунанд.

Қирғизистон ду тоҷиктаборро озод кард, вале тақдири Акмалҷон Исоев маълум нест

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон ду сокини тоҷиктабори деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлакро озод карда, вале далелашро ба пайвандонашон нагуфтаанд. Маълум нест, ки раҳоии онҳо дар пайи табодули зиндониён ва боздоштшудаҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст ё чизи дигар.

Ахбори Озодӣ аз 18-уми июли соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Додситонии Тоҷикистон навори "мусаллаҳсозии ҷасадҳо" дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро таҳқиқ мекунад, идораи мубориза бо фасод мегӯяд, камаш 37 ҳодисаи фаъолияти муштараки хешовандон дар идораҳои давлатиро ошкор кардааст, падару писари балҷувонӣ аз боздошт раҳо шуданд, вале баҳси онҳо бо бародари вазир чӣ хоҳад шуд?

Оҷонсӣ: Раиси Додгоҳи Хуҷанд ва зердасташ ба гирифтани $4000 гумонбаранд

Ozodi.org 

Масъулони Оҷонси зидди коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини Додгоҳ (Суд)-и шаҳри Хуҷанд ва зердасташ, Рустам Муҳаммадсаидзода, ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва гумонбаранд.

"Ҷасадҳои мусаллаҳ". Додситонӣ гуфт, навори баҳсиро аз Рӯшон месанҷад

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, як наворро дар бораи амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ хоҳанд кард. Дар видеое, ки ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, лаҳзаи ба тартиб овардани чанд ҷасад аз тарафи низомиён дида мешавад. Муаллифони навор онро саҳнасозии мақомот гуфтанд.

"Равшан орзуҳои зиёд дошт". Марги як марзбон дар Бадахшон

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта ҷасади як сарбози Нерӯҳои марзбонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пайвандонашон супурда шудааст. Равшан Носиров 10 моҳ пеш аз ноҳияи Деваштич ба ноҳияи Ишкошим ба аскарӣ рафта буд.

Таъхир дар парвози ҳавопаймоҳои "Эйр Остона" таҳқиқ мешавад

Ozodi.org 

Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон тафтиши "таъхири зиёди парвозҳои ширкати миллии ҳавопаймоии "Эйр Остона" ва бахши он "FlyArystan"-ро оғоз кардааст. "Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон роҷеъ ба муроҷиатҳои сершумори мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба таъхир дар парвозҳои ҳавопаймоҳои "Air Astana" ва "FlyArystan" дар масирҳои "Алмато-Мале", "Нурсултон-Тошканд" ва "Алмато-Қустанай" тафтиши дахлдор мегузаронад. Дар сурати ошкор шудани далелҳои нақзи ҳуқуқи мусофирон ҳангоми таъхир... Читать дальше...

Путин қонуни наверо дар бораи "агентҳои хориҷӣ" имзо кард

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия қонуни наверо имзо кард, ки вазъи "агентҳои хориҷӣ"-ро дар Русия ба танзим медарорад. Акнун барои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шудан дарёфти маблағ аз хориҷиҳо ҳатмӣ нест - "таҳти таъсири хориҷӣ қарор гирифтан" кофист. Тартиботи нав аз 1 декабри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки "агенти хориҷӣ" унвон гирифтаанд, ҳаққи дарс додан дар мактабҳои миёнаву олии давлатиро надоранд ва ҳамчунин барои амалисозии фаъолияти эҷодӣ аз ҷониби давлати Русия сармоягузорӣ нахоҳанд шуд. Читать дальше...

Гармии ҳаво дар Испания боиси марги 360 кас шудааст

Ozodi.org 

Пажӯҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Испания гуфт, гармии ҳаво алакай боиси марги 360 кас дар ин кишвар шудааст. Аз ҳама бештар фавти сокион дар рӯзи ҷумъаи гузашта ба қайд гирифтааст, ки шуморашон ба 123 мерасид. Дар ҷануби Аврупо аз 8 июл ба ин сӯ ҳаво сахт гарм шуда, ҳарорати он дар баъзе аз минтақаҳои Испания ба 45 расидааст. Ҳарорати ҳаво дар Португалия низ сахт гарм шуда, тибқи маълумоти вазорати тандурустии он кишвар, аз 7 то 13 июл 238 нафар дар натиҷаи гармии ҳаво ҷон додааст. Ҳаво дар Португалия 14 июл 47 дараҷа гарм шудааст... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *