Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 07.07.2022

Тоқаев масири фарохазариро барои содироти нафт беҳтарин номид

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 7-уми июл, як рӯз баъд аз нашри хабари қатъи фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазар, ба муҳлати як моҳ гуногунсозии роҳи интиқоли нафтро ба хориҷ "вазифаи муҳим" номид.

Вакилони аврупоӣ саркӯби тазоҳуротро дар Бадахшон сахт маҳкум карданд

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо аз талафот дар ҷараёни тазоҳурот дар Бадахшон ибрози таассуф карда, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хушунатбори эътирозгарон, хабарнигорон ва дигар фаъолони маданӣ маҳкум кардааст.

Ҷойивазкунии қурби рубл ва доллар дар Тоҷикистон. Поину болоравӣ аз баҳри чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз як моҳи афзоиши қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ, арзиши он дар бонкҳои Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Баръакс, арзиши доллари амрикоӣ тайи ду рӯзи охир тақрибан ҷойгоҳи пешинаашро гирифтааст.

Чӣ шуд, ки қурби рубл дигарбора поин омад?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон дубора арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ поин рафт. Қурби рубл барои аксар сокинони Тоҷикистон як мавзӯи муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.



Вазири қирғиз таҳқиқоти Радиои Озодиро шарҳ дод

Ozodi.org 

Вазири рушди рақамии Қирғизистон Талантбек Имонов дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодиро дар бораи азхудкунии 54 миллион сом дар корхонаи "Улан" шарҳ дод.

Чашмбароҳ. Муҳоҷирати мардон – дарду фироқи занон

Ozodi.org 

Вақте мардон аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷират мераванду моҳҳо ва баъзан солҳо ба хонаи худ барнамегарданд, занону фарзандонашон чӣ эҳсосу орзу доранд? Мустанади "Чашмбароҳ" дар ин бора аст ва аз интизорӣ, ранҷ ва таманнои се зани тоҷикистонӣ қисса мекунад.

Узбекистон қатъи интернет дар Қароқалпоқистонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Узбекистон гуфтааст, Интернет дар Қароқалпоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "хабарҳои дуруғ" ва "ҷалби шаҳрвандон ба фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ" муваққатан қатъ карда шудааст. Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, хабарҳое беасос паҳн мешаванд, ки ҳукумати Узбекистон гӯё барои "пароканда кардани гирдиҳамоии осоишта", "хомӯш кардани садои мустақил ва бастани иттилоот" вазъи фавқулода эълом карда, ғайриқонунӣ аз нерӯ истифода кардааст. Вазорати умури хориҷии Узбекистон... Читать дальше...

Беш аз 13 узви ҳукумати Бритониё истеъфо доданд

Ozodi.org 

Беш аз 30 нафар ба далели аз даст додани эътимод ба сарвазир Борис Ҷонсон ҳукумати Бритониёро тарк карданд. Дар миёни онҳо раҳбарони баъзе аз вазоратҳо низ ҳастанд. Вазирони тандурустӣ ва молияи Бритониё дирӯз баъди он мақомҳои худро тарк карданд, ки Ҷонсон ба ҷои Крис Пинчер вакили порлумон таъйин шуд. Ин узви Ҳизби муҳофизакор, ки ба озори ҷинсӣ дар ҳолати мастӣ айбдор шуд, як ҳафта пеш истеъфо дода буд. Чандин вазири истеъфодода бо навиштани номае ба сарвазири Бритониё гуфтанд, ки аз мақомаш канор равад, вале ӯ посухи рад дод. Читать дальше...

Дар Алмато мехоҳанд, барои қурбониёни ҳаводиси январ муҷассама гузоранд

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятии шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи 6 июл ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни моҳи декабри соли 1986 ва январи соли 2022 дар майдони "Ҷумҳурӣ"-и шаҳр ҷамъ шуданд. Созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ баъди дуо дар ҳаққи кушташудаҳо суроби муҷассамаи қурбониёни "Январи хунин"-ро ба иштирокдорон нишон доданд. Он муҷассамаи марде мебошадд, ки дар даст парчами Қазоқистонро дорад. Булат Абилов, сиёсатмадори қазоқ гуфт, ин мард Берик Абишов аст ва ҳангоми кушта... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *