Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 06.07.2022

Баррасии рӯйдодҳои Хоруғ ва Рӯшон дар Порлумони Аврупо

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо рӯзи 6 июл вазъиятро дар ВМКБ баррасӣ намуд. Дар ин баҳс вакилони маҷлиси қонунгузори Иттиҳоди Аврупо аз истифодаи барзиёди нерӯ дар баробари сокинони норозии ВМКБ, ҳалокати одамон, поймол шудани ҳуқуқи инсон ва фишор ба матбуоту рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ карданд. Вакилон аз Австрия, Олмон ва Лаҳистон (Полша) Кристан Сагартз, Карстен Луке, Енгин Ероглу, Ричард Сернетски ва Сергей Лагодински аз порлумон хостанд, дар баробари чунин вазъ ва бо назардошти уҳдадориҳои Тоҷикистон... Читать дальше...

Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, "фаромӯш накунед"

Ozodi.org 

Ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дастгиршудаи тоҷик, бо ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ вохӯрдааст. Муборак, ҳамсари ӯ, рӯзи 6-уми июл ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди муроҷиати батакрор иҷоза додаанд, як соат бо ҳам гап зананд.

Баҳси "ҳамл" ва "хариди хона". Чаро котибаи додраси тоҷикро боздошт карданд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси боздоштшудаи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгир ва ба қаллобӣ гумонбар шудааст. Мақомот шарҳе намедиҳанд. Пайвандонаш иддао доранд, ки аз ӯ ба зидди додрас истифода хоҳад шуд.

Чаро додраси тоҷик ва котибаашро боздошт карданд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад, ки ӯро ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва "расондани хабари бардурӯғ" муттаҳам мекунанд. Котибааш ҳам боздошт шудааст. Чаро?



Қарақалпоқистон куҷост? Қарақалпоқҳо киҳоянд? Баҳсе, ки баъди сад сол бархост. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сарҳади ҳозираи Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистонро сад сол пеш кашидаанд. Дар ин муддат онро панҷ бор аз қаламрави як кишвар ба кишвари дигар доданд.

Қароқалпоқистон куҷост?

Ozodi.org 

Сарҳади ҳозираи Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистонро сад сол пеш кашидаанд. Дар ин муддат онро панҷ бор аз қаламрави як кишвар ба кишвари дигар доданд. Чаро?

Манораи Эйфел дар Фаронса занг бастааст

Ozodi.org 

Манораи "Эйфел" дар шаҳри Порис (Париж) занг баста, ба таъмири куллӣ ниёз дорад, аммо онро ба ҷои таъмир дар арафаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 танҳо ранг хоҳанд кард.

СММ ва Амрико таҳқиқи одилонаи рӯйдодҳои Қарақалпоқистонро хостанд

Ozodi.org 

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ва мақомоти Амрико хоҳони таҳқиқи мустақилонаи ҳалокати камаш 18 нафар дар эътирозҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон шуданд.

Дар Дарвоз ҷасади як низомипӯшро ёфтаанд

Ozodi.org 

Дар Дарвози Афғонистон ва аз канори дарёи Панҷ субҳи 6-уми июл ҷасади шахсеро ёфтаанд, ки ба тан либоси низомии тоҷикӣ дошта, дар қафаси синааш захми се тир будааст. Дар идораи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, вале гуфтанд, дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд.

"Гуфтанд, ягон ҷойро вайрон накардем, фақат намозро хато хондем" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукми тӯлонии ду бародар дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хонаводаи онҳоро ба мушкил гирифтор кардааст. Волидони Бекмурод ва Шӯҳрат Сатимовҳо мегӯянд, умед доштанд, писарон дар пирӣ дасташонро мегиранд, аммо баръакс нигоҳубини шаш набера низ бар дӯши онҳо бор шуд.

Ҷазо барои пайравӣ аз ДОИШ ва азоби волидон

Ozodi.org 

Зиндонӣ шудани ду бародар пайвандонро дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд гирифтори мушкил кардааст. Падару модари онҳо мегӯянд, умед доштанд, писарон дар пирӣ дастгирашон мешаванд, вале ҳоло маҷбуранд, ки рӯзгори шаш фарзанди онҳоро низ бар дӯш бигиранд.

Дар Қазоқистон тарабхонаҳои "McDonald’s" ба далели "фаннӣ" дарҳои худро бастанд

Ozodi.org 

Тарабхонаҳои "McDonald's" дар саросари Қазоқистон ба далели мушкилоти техникӣ аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ баста шуданд. "Барои барқарор ва боз кардани ҳамаи тарабхонаҳо дар ҳоли ҳозир як қатор чораҳо андешида шудааст", - гуфта мешавад дар изҳороти ширкат. Муштариёни тарабхонаҳои мазкур субҳи 5 июл хабар доданд, ки наметавонанд фармоишҳои худро аз "McDonald's"-ҳои Қазоқистон дарёфт кунанд. Дар Қазоқистон ҳаққи истифода аз бренди "McDonald's"-ро соҳибкор Кайрат Боронбоев, қудои пешини Дариға Назарбоева... Читать дальше...

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан ба ҳабс гирифта шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзноманигор Махамбет Абжанро, ки бо иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дастгир гашта буд, ба ҳабс гирифтааст. Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон 3-юми июл хабар дода буданд, ки Махамбет Абжан дастгир шудааст. Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон субҳи якшанбе дар шарҳи ин хабар гуфт, шаҳрванд М. Абжан ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон аз як соҳибкор бо таҳдиди нашри маълумоти бадномкунанда дар расонаҳо" айбдор мешавад. Абжан ахиран гуфта буд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ зидди ӯ "матлабҳои фармоишӣ" нашр мешаванд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *