Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 05.07.2022

Боқиев гуфт, омодааст, онлайнӣ дар мурофиа иштирок кунад

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки баъди фирор аз кишвар дар Беларус зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо нашрияи қирғизии "Жани Ордо" гуфт, омодааст, ба суоли раҳбарият ва сокинони кишвараш посух диҳад.

Эҳтимол Қазоқистон қарордоди иҷораи киштияшро ба ширкати русӣ бекор кунад

Ozodi.org 

Вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Кайрбек Ускенбоев 5-уми июл баъди ҷаласаи ҳукумат гуфт, эҳтимол Нурсултон қардодро бо ширкати русие бекор кунад, ки киштии "Жибек Жолӣ"-ро ба иҷора гирифтааст.

Дар робита ба бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон парванда кушоданд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Нуқуси он кишвар бо банди "Маслиҳат бо мақсади ғасби қудрат ё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвар" парванда боз кардааст, ки аз 10 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.



Ҷашни истиқлоли Амрико дар Чикаго ба хун олуда шуд

Ozodi.org 

Пулиси Амрико нафареро, ки ба издиҳоми мардум дар канори шаҳри Чикаго ҳангоми раҳпаймоӣ ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар тир парронд ва шаш касро кушт, ба ҳабс гирифт. Дар ин ҳодиса тақрибан даҳ нафари дигар низ захм бардоштааст.

Таъмири бозори Хоруғ пас аз сухтор оғоз ёфтааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Бадахшон бозсозии пул ва бозореро оғоз кардааст, ки охири моҳи май бар асари сӯхтор вайрон шуданд. Он замон, ки Хоруғ ноором буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки бозорро барқасд оташ задаанд, вале мақомот гуфтанд, сабаб дигар чиз буд.

Мадиш – садое дар Хоруғ

Ozodi.org 

Дар Хоруғ, ки чанде пеш маҳалли эътирози мардум ва амалиёти мақомот буд, навои Мадиш ба дили сокинони ғамдидаву нигарон марҳам мегузорад. Аҳмадбек Фароғатов, машҳур ба номи Мадиш, 26 сол боз дар бозори Хоруғ тарона мехонад.

Дар Тоҷикистон нақби нав сохтанд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як гӯшаи хатарноку осебпазири роҳи Душанбе-Бадахшонро бо сохтани нақб бехатар мекунанд. Қитъаи роҳ дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст ва ҳар сол зери об мемонаду рафтуомад имконнопазир мешавад. Қарор аст, нақб то охири имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Офатҳои табиӣ ба Хатлон 725 ҳазор сомонӣ зиён овард

Ozodi.org 

Мақомот дар Хатлон ҳаҷми зарар аз ҳодисаҳои табиӣ дар ин вилоят дар шаш моҳи ахирро беш аз 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин хисорот ба асари боришоти зиёд ва омадани сел будааст. Ҷамшед Холиқзода, як масъули Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол дар минтақа ду ҳодисаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, сел рӯзи 4-уми май дар ноҳияи Ҷайҳун боиси тахриби 300 метр роҳи байналмилалии Душанбе-Панҷ-Гулистон-Фархор шуд ва 13 ҳазору 492 сомонӣ зарар овард. Читать дальше...

Ба даҳҳо қазоқистонӣ иҷозат намедиҳанд, Қароқалпоқистонро тарк кунанд

Ozodi.org 

Ҳудуди 80 шаҳрванди Қазоқистон рӯзи севум аст, ки наметавонанд марзи Узбекистонро убур карда, Қароқалпоқистонро тарк кунанд. "Вазъ таҳти назорати махсуси дипломатҳои мо дар Узбекистон қарор дошта, гуфтугӯҳо бо ҷониби ҳамсоякишвар дар ин замина идома доранд. Мо тамоми талошамонро мекунем, то мушкил зудтар ҳал шавад. Қазоқистониҳо дар як рӯз се вақт бо ғизо таъмин карда мешаванд", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров. Ба гуфтаи вай, дар марз ҳудуди 80 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур доштаанд... Читать дальше...

Қароқалпоқистониҳои муқими Алматоро ба бозпурсӣ даъват мекунанд

Ozodi.org 

Сокинони Қароқалпоқистон, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд, барои бозпурсӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват шудаанд. Корманди Бюрои ҳомии ҳуқуқи Алмато Андрей Гришин 4 июл гуфт, фаъолони қароқалпоқистонӣ нишасти хабариеро, ки бояд дар шаҳр баргузор мекарданд, ба таъхир гузоштанд. Ба гуфтаи Гришин, 4 созмондиҳандаи ин нишастро ба бозпурсӣ даъват карданд. "Имрӯз ба ман аз Департаменти пулиси Алмато занг зада, ба бозпурсӣ даъват карданд. Ман аз онҳо пурсидам, ки чӣ мехоҳанд, ман... Читать дальше...

Сарони Осиёи Миёна дар Қирғизистон ҷамъ мешаванд

Ozodi.org 

Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна 21 июл дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Қирғизистон, раисҷумҳур Содир Ҷабборов 4 июл дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаҳои марбут ба омодагиҳо ба нишаст ва рӯзномаи онро баррасӣ кардааст. Манбаъ афзудааст, ки "тамоми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай даъватро пазируфтаанд".





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *