Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2022

Новости за 31.07.2022

Дар доктринаи нави баҳрии Путин НАТО ва ИМА таҳдидҳои аслӣ номида шудаанд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин қарори нави доктрина ё сиёсати раҳбурдии  баҳриро ба имзо расонид, ки рӯзи 31-уми июл ба иҷро медарояд.  Зимни ширкат дар паради ҳарбию баҳрӣ дар Санкт-Петербург ва Кронштадт, ӯ шарҳ дод, ки дар доктринаи нав «сарҳад ва мавзеи мавриди манфиати Русия» зикр шудааст, ки ба онҳо обҳои Арктика, баҳрҳои Сиёҳ, Охотск ва  Беринг, гулӯгоҳҳои Балтик ва Курил дохил мешаванд. Дар ин санад, ба қавли Путин, муҳимтарин таҳдидҳо ба манфиати миллӣ номбар шудаанд, ки дар миёни онҳо... Читать дальше...

Маркази тестӣ аз шонси дуюми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон хабар дод

Ozodi.org 

Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, довталабоне, ки бо сабаби кам будани балли дохилшавӣ натавонистанд ба мактабҳои олӣ дохил шаванд, дар миёнаҳои моҳи августи имсол метавонанд аз озмуни тақсимоти такрорӣ гузаранд. Ин ниҳод дар вебсайти расмии худ хабар додааст, ки  рӯзҳои 12 то 15-уми август  дар Маркази  миллии тестӣ ҷараёни аз нав ба қайд гирифтани довталабон барпо мешавад ва шонси дар озмуни тақсимоти такрорӣ “комёб шудани аксарият – қариб ҳамаи онҳо хеле зиёд аст”. Маркази миллии тестӣ... Читать дальше...

Ду рӯз баъди нопадидшавии мармуз Вазирбековҳо аз Тоҷикистон "дарак доданд"

Ozodi.org 

Дар  навори видеоие, ки рӯзи якшанбе дар канали бо номи “Беҳдошт ТВ”-и шабакаи YouTube нашр шуд, ду нафар бо либоси мулкӣ ҳозир шуда, худро Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо муаррифӣ карданд.

Кохи Сафед гуфт, президент Байден ба COVID-19 гирифтор шудааст

Ozodi.org 

Як табиби Кохи Сафед гуфт, ки президенти ИМА Ҷо Байден ба вируси COVID-19 гирифтор шудааст, вале ҳолаш “хуб аст” ва бемориаш бидуни нишона мегузарад. Духтур Кевин Оконнор гуфт, ки санҷиши тиббии Байден нӯҳ рӯз пеш ҳам мусбат баромад, вале баъди ин ду дафъа паи ҳам манфӣ буд. Аз ин рӯ, баъди тести охир президенти Амрико муқаррароти фосилагириро идома медиҳад. Духтур афзуд, ҳодисаи такроран ба вирус гирифтор шудани президент бо вуҷуди  муолиҷаи зиддивирусии пешинаш “як истисно” аст ва худи Байден ҳам дар Твиттераш навишт... Читать дальше...

Сукут аломати ризост ё эътирози нагуфта?

Ozodi.org 

Имрӯз ман, агар ҳарф мезанам, ҳарфи диламро мезанам! Дарди диламро бо ту дар миён мегузорам! Азизи дил, ту то кай мехоҳӣ ҳарфи дилатро аз забони каси дигаре бишнавӣ?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *