Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 01.02.2019

Помпео гуфт, ИМА ширкаташ дар созишномаи силоҳҳоро бозмедорад

Ozodi.org 

Котиби давлатӣ Майк Помпео эълон кард, ки шурӯъ аз 2 феврал ИМА ширкати худро дар созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз бозмедорад. Дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъа пахш шуд, Помпео гуфт, ки масъулияти ин тасмимро ба дӯши Русия вогузор мекунад, чунки, ба гуфтаи ӯ, ин кишвар шартҳои созишномаро нақз кардааст. Помпео гуфт, ки дар муддати шаш моҳи наздик Русия шонс дорад, ки аз роҳи музокирот бо Амрико “созишномаро наҷот диҳад”. Вашингтон аз Русия талаб дорад, ки системаҳои мушакии навъи 9М729-ро нобуд кунад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 1-уми феврали соли 2019 (HD)

Ozodi.org 

Бонкҳои ҷумҳурӣ ба пардохти маблағи муштариёнашон шурӯъ карданд, вале ҳанӯз ҳам қарз бузург аст, бо таваққуфи парвозҳои ширкат Тоҷик Эйр масъалаи интиқоли бепули ҷасадҳои муҳоҷирон матраҳ шуд, ду хоҳари Латофат вафот карданд, худаш афсурда аст ва матолиби дигар.

Ахбори Озодӣ аз 1-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Бонкҳои ҷумҳурӣ ба пардохти маблағи муштариёнашон шурӯъ карданд, вале ҳанӯз ҳам қарз бузург аст, бо таваққуфи парвозҳои ширкат Тоҷик Эйр масъалаи интиқоли бепули ҷасадҳои муҳоҷирон матраҳ шуд, ду хоҳари Латофат вафот карданд, худаш афсурда аст ва матолиби дигар.

Шарҳи муовини вазир дар бораи кори илмии Шоҳин Саидзода

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, кори илмии Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кард, ки кораш дуздӣ нест.

"Пирамард ва баҳр". Филме дар бораи эҳёи баҳр ва зиндагӣ дар соҳилҳои Арал

Ozodi.org 

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ филми Асилхон Мамашули "Пирамард ва баҳр"-ро наворбардорӣ кардааст. Ин намоишнома аз талошҳои эҳё шудани баҳри Арал ва бозгашти зиндагӣ дар деҳоти атроф қисса мекунад. Нахустнамоиши филм шоми 1 феврал баргузор мешавад



Нуриддин Саид: "Ман тарафдори маршировка ҳастам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, “маршировка”-и донишҷӯён пурра манъ нашудааст ва аз ин ба баъд танҳо пас аз дарс ва бо иҷозати вазорат сурат хоҳад гирифт. Нуриддин Саид рӯзи 1-уми феврал дар нишасти мабуотӣ гуфт, агар бори дигар ҷавон шавад, “дар маршировка иштирок хоҳад кард”.

Эрон 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро таҷлил мекунад

Ozodi.org 

Эрон 40-умин солгарди Иқилоби Исломиро, ки шоҳро сарнагун карда ба шоҳигарии 2500-сола хотима гузошт, таҷлил мекунад. 1 феврали соли 1979 Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ баъд аз табъиди 14-солааш дар Фаронса ба Эрон багашт, то раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон шавад. Рӯзи 1 феврали имсол соати 9:33-и субҳ, дақиқан замоне, ки ҳавопаймои Хумайнӣ  40 соли пеш ба фурудгоҳи Теҳрон нишаст, дар саросари Эрон садои бонге баланд шуд. Дар даҳаи фаҷр, ки то 11 феврал идома мекунад, сарнагун шудани ҳукумати Муҳаммад... Читать дальше...

«Пирамард ва баҳр». Филме дар бораи бозгашти умед

Ozodi.org 

Сокини 90-солаи Қазоқистон солҳои 50-уми асри гузашта Аралро пур аз об дар ёд дорад, ҳоло намаки бистари баҳреро мебинад, ки қариб буд, комилан бухор шавад ва аз байн биравад. Омирзоқ Досжанов шоҳиди зиндагиву сакароти Арал шудааст, ки ҳоло ҷон мегирад. Пирамад, ки моҳигирӣ мекард, аз хушкидани баҳру аз байн рафтани рустоҳои моҳигирон ғамгин мешуд. Солҳои ахир бахше аз Баҳри Арал ба шарофати бунёди садди Қоқарал дар Қазоқистон пур шуд. Умед ҳам ба дили сокинони рустоҳои наздисоҳилӣ баргашт. Моҳигирон ҳам бо дуои Омирзоқ ба моҳигирӣ мераванд. Читать дальше...

Раиси Хатлон: "Ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи марз вуҷуд надорад"

Ozodi.org 

Қурбон Ҳакимзода, раиси тозатаъйини вилояти Хатлон вазъ дар марз бо Афғонистони ҳамсояро ором гуфт ва афзуд, ки ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи сарҳад вуҷуд надорад ва аз мардум даъват кард, ки ором бошанд, чун марз зери назорати мақомоти тоҷик қарор дорад.

Латвия телевизиони "Россия"-ро барои бадбинӣ нисбати украинҳо манъ кард

Ozodi.org 

Шӯрои миллии Латвия дар умури расонаҳои электронӣ (NEPLP) 31 январ бозпахши барномаҳои телевизиони русии "РТР - Россия"-ро барои барангехтани бадбинӣ ба муҳлати се моҳ дар ин кишвар манъ кард. Дар ин бора Delfi хабар дод. "Латвия таблиғоти Кремлро дар ҳудуди худ таҳаммул нахоҳад кард. Ин огоҳии равшан ба кишвару нирӯҳои ғайридӯст аст: мо фазои иттилоотии худро ҳимоят карда будем ва хоҳем кард", – гуфт муовини раиси NEPLP Иварс Аболинш дар шарҳи манъи барномаҳои "РТР - Россия". Мақомоти Латвия мегӯянд... Читать дальше...

Раиси Хатлон: "Ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи марз вуҷуд надорад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Қурбон Ҳакимзода, раиси тозатаъйини вилояти Хатлон вазъ дар марз бо Афғонистони ҳамсояро ором гуфт ва афзуд, ки ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи сарҳад вуҷуд надорад ва аз мардум даъват кард, ки ором бошанд, чун марз зери назорати мақомоти тоҷик қарор дорад. Раиси вилояти Хатлон рӯзи 31-уми январ дар ҳузури хабарнигорон дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ гуфт, "тамоми марз зери назорати сохторҳои қудратӣ аст". Қурбон Ҳакимзода ҳамзамон афзуд, ки сокинон, ба вижа аҳолии минтақаҳои марзӣ бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд ва бо марзбонон ҳамкорӣ куаннд. Читать дальше...

Узбекистон аз Русия ҳавопаймои низомии Як-130 мехарад

Ozodi.org 

Узбекистон бо Русия дар робита ба харидории ҳавопаймоҳои таълимиву ҷангии Як-130 гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 30 январ хабар дод. Ба навиштаи нашрия, вазорати мудофиаи Узбекистон ҳавасманди харидани ҳавопаймоҳои Як-130 аст, ки дар корхонаи авиатсионии Иркутск сохта мешаванд. Ҳавопаймоҳои Як-130 барои омодагии ҷангии халабонҳо ва барои ҳамлаи нуқтаҳои заминиву осмонӣ истифода мешаванд. Пештар аз ин Бангладеш, Мянмар, Белорус ва Лаос низ аз чунин ҳавопаймоҳо харида буданд. Читать дальше...

Туркманистон барои таъқиби корбарони интернет аз дастгоҳи олмонӣ истифода мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти махсуси Туркманистон эҳтимол дорад, барои таъқиби шаҳрвандони ин кишвар аз дастгоҳҳои ширкати олмонии Rohde & Schwarz истифода мекунанд. Як манбаъ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки ширкати олмонӣ ба вазорати мудофиа ва вазорати алоқаи Туркманистон дасгоҳҳои иртиботие додааст, ки барои таъқибу назорат ва бастани сомонаҳои аз дидгоҳи мақомот номақбул истифода мешаванд. Ба ҷуз ин, дастгоҳи ширкати Rohde & Schwarz мумкин аст, барои гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сокинон истифода шавад. Читать дальше...

Reuters: Венесуэла ба Имороти Араб 15 тона тило мефурӯшад

Ozodi.org 

Венесуэла ба Имороти Муттаҳидаи Араб 15 тона тило мефурӯшад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 31 январ бо такя ба манбааш дар Каракас гузориш дод. Ба иттилои манбаъ, Бонки марказии Венесуэла як қисми тилоро бо евро табодул мекунад. Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, 26 январ Венесуэла ба Риёз бо як ҳавопаймо 3 тона тило интиқол додааст. Дар маҷмуъ ин кишвар тасмим дорад, 29 тона тилои Бонки марказиро фурӯшад. Нашрияи "Новая газета" рӯзи 31 январ хабар дод, қисме аз тилоҳои захиравии Венесуэла... Читать дальше...

"Бепулӣ ва масту авбошҳо оромии маро халалдор мекунанд"

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки оромии онҳоро бештар чӣ халалдор меекунад? Бархе аз садои баланди мошинҳо шикоят карданд, баъзеи дигар аз кампулӣ ва бештар шудани афроди масту авбош. Назари дигаронро дар навор бубинед ва фикру назари худро нависед.

Вазорат: "Кори илмии писари вазир бо иттиҳоми асардузӣ бекор нашудааст"

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, кори илмии Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кард, ки кораш дуздӣ нест. Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм рӯзи 1-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳин Саидзода соли 2011 дар Донишгоҳи лингвистии Маскав рисолаи илмиашро ҳимоя карда буд. Ба қавли ҷаноби Мирбобоев, баъди онки... Читать дальше...

Дар шимоли Қазоқистон бемории сурхак паҳн мешавад

Ozodi.org 

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар моҳи январ 36 сокин бо гумони мубтало шудан ба бемории сурхак ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Миёни онҳо 12 сокини калонсол ва 24 кӯдаки то 14-сола ҳастанд. Дар ин бора Департаменти ҳифзи сиҳатии умум хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, 30 тан аз муроҷиаткардагон ваксинаи зидди ин бемориро нагирифтаанд. Аз миёни 36 сокин бемории 22 тан тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар ин вилоят дар соли 2018 ҳамагӣ як ҳолати гирифторӣ ба ин бемори сабт шуда буд. Дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешавад... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *