Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 20.02.2019

Таҳдиди Путин ба ИМА

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин дар суханронии ахири худ таҳдидҳои нав ба ИМА-ро ба забон оварда, ба сокинони кишвараш ваъда дод, ки меъёрҳои зиндагиро боло мебарад.

Даъват ба ислоҳи низоми андоз дар Тоҷикистон дар ҷаласаи шӯрои сармоягузорӣ

Ozodi.org 

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, ки дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба ислоҳоти низоми андоз дар кишвар даъват кард. Ян-Петер Олтерс дар ҷаласаи рӯзи 20 феврал гуфтааст, ки дар суханронии хеш дар ин шӯро ба чанд нуктаи заъфи андозситонӣ дар Тоҷикистон таъкид карда гуфт, гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ омода аст ислоҳотро дар ин самт дастгирӣ кунад. Ҷаноби Олтерс дар ин суханронӣ аз ҷумла гуфт, “ҳар қадаре, ки... Читать дальше...

Кори "консули" кишвари вуҷуднадоштаи "ASPI" ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Сокини  64-солаи Санкт-Петербург, ки дар тақаллубкорӣ ва қонунисозии ғайриқонунии муҳоҷирон муттаҳам мешавад, базудӣ дар додгоҳ посух хоҳад дод. Ба навиштаи оҷонсии Интерфакс, ин мард худро консули кишвари вуҷуднадоштаи «ASPI, воқеъ дар ҳавзаи Кариб” муаррифӣ карда, нафарони зиёд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро фиреб кардааст. Ирина Волк, намояндаи расмии ВКД Русия рӯзи 19 феврал ба оҷонсии русӣ гуфт, ки таҳқиқи пешакии парвандаи ҷиноии як сокини маҳаллӣ анҷом шуда, ин шахс барои таҳия ва иҷрои як нақшаи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Изҳороти Шарофиддин Гадоев пеш аз сафараш ба Тоҷикистон, ширкати хабарнигори Радиои Озодӣ дар рейди афсарони бозрасии давлатӣ ва натиҷаи таҳқиқот дар бораи сабабҳои худкушӣ дар Тоҷикистон.

Даъвати ИМА аз Покистон барои муҷозоти омилони ҳамла дар Ҳинд

Ozodi.org 

ИМА аз Покистон даъват кард, ки омилони ҳамлаи маргбор ба низомиёни Ҳинд дар минтақаи баҳсии Кашмирро муҷозот кунад. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки таниш  дар равобити Деҳлӣ ва Исломобод дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзи 14 феврал дар натиҷаи ҳамлае дар минтақаи Ҳимолой беш аз 40 сарбози ҳиндӣ кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Ҷаиши Муҳаммад” ба ӯҳда гирифт, ки дар Покистон ҷойгир шудааст. Ҳинд Покистонро ҳушдор дод, ки ба ин ҳамлаи даҳшатбор дар даҳсолаҳои ахир посухи муносиб медиҳад. Роберт Палладино... Читать дальше...



Путин: дар сурати истиқрори мушакҳои ИМА, ин кишвар ва дигарҳоро ҳадаф қарор медиҳад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки агар ИМА мушакҳои миёнапарвозашро дар Аврупо мустақар кунад, Русия на танҳо кишварҳое, ки дар онҳо ин силоҳ мустақар шудааст, балки худи ИМА-ро ҳадаф қарор медиҳад. Дар суханрониаш ба парлумон рӯзи 20 феврал Путин батакрор гуфт, ки Русия аз созиши соли 1987 оид ба силоҳҳо берун мешавад, то ки дар паи рушди системаи дифои мушакии худ бошад. ИМА 2 феврал ҷараёни шашмоҳаи берунрафт аз созиши силоҳҳоро оғоз намуд. Қаблан НАТО ва Вашингтон Маскавро дар он муттаҳам мекарданд... Читать дальше...

Бернӣ Сандерс гуфт, дар интихоботи президентии ИМА иштирок мекунад

Ozodi.org 

Сенатори мустақил аз аёлати Вермонт Бернӣ Сандерс эълом кард, ки номзадии худро бори дигар ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли 2020 пешниҳод хоҳад кард. Ӯ дар ин бора 19 феврал бо як радиои маҳаллӣ суҳбат кард. Сандерс соли 2016 аз ҷониби Ҳизби демократ дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок кард. Вале баъдан номзадиашро ба нафъи Ҳилларӣ Клинтон, ки аз Доналд Трамп шикаст хӯрд, бозпас гирифт. Сенатор дар суҳбат бо радио гуфт, пеш аз ҳама мехоҳад дар мақоми президентӣ Доналд Трампро иваз кунад. Читать дальше...

Истифодаи телефонҳои ҳушманд барои низомиёни рус манъ шуд

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба низомиён ва наваскарони ин кишвар доштани телефони мобилӣ ва дастгоҳҳои дигари сабту ҳифзи маълумотро ҳангоми дар хидмати ҳарбӣ будан манъ мекунад. Ин қонун рӯзи 19 феврал қабул шуд.  Талаботи қонуни нав ба телефонҳои одие, ки дурбини аксбардорӣ надоранд, дахл намекунад. Низомиёни рус ҳамчунин дигар ҳақ надоранд, дар бораи хусусиятҳои хидмати ҳарбӣ, ҳамхидматони пешин ва наздиконашон бо рӯзноманигорон суҳбат кунанд ё дар интернет бинависанд. Читать дальше...

Зодаи Узбекистон даст доштанашро дар ҳамла террористӣ дар Истамбулро рад мекунад

Ozodi.org 

Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ҳамлаи террористии  клуби шабонаи шаҳри Истамбули Туркия муттаҳам мешавад, гуфт, ба ин ҷиноят рабте надорад. Нашрияи Hurriyet навишт, ки Машарипов рӯзи 18 феврал дар додгоҳ гуфт: "Ман ин корро анҷом надодаам. Ман он касе нестам, ки шаби ҳодиса дар клуби шабона дар дасташ силоҳи Калашников буд". Баррасии парвандаи Абдулқодир Машарипов дар додгоҳ моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуд. Машарипов баъди 17 рӯзи рух додани ҳодисаи террористӣ боздошт шуд. Читать дальше...

Рӯзноманигорони Қазоқистон омодаанд, зидди қоидаҳои нави сабти номи хабарнигорон эътироз кунанд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон чанд рӯзноманигор барои баргузории эътироз зидди тағйироти нави қоидаҳои сабти номи расонаҳо изҳори омодагӣ карданд. Вазири иттилоот ва иртибототи он кишвар Даврон Абаев гуфт, дар эътирози рӯзноманигорон ширкат ва мавқеашро шарҳ хоҳад дод. Абаев рӯзи 19 феврал хабар дод, ки ворид кардани тағйир ба қоидаҳои сабти номи рӯзноманигоронро дар чорабиниҳои давлатӣ сармуҳаррирони расонаҳо талаб кардаанд. Ба гуфтаи вазир, сармуҳаррирон арз кардаанд, ки хабарнигорон баъди аз кор рафтан аз идораи онҳо... Читать дальше...

Парвандаи ҷиноӣ барои таҷовузи дастаҷамъии духтаре дар Қароқалпоқистон

Ozodi.org 

Дар вилояти Қароқалпоқистони Узбекистон як хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 14 бордор шудааст. Ба гуфтаи волидони духтар, ба номуси фарзандашон чанд хонандаи мактаби мазкур якҷоя дастдарозӣ кардаанд.  Як омӯзгори мактаби № 14 гуфт, ҳомиладории хонанда пас аз он ошкор шудааст, ки сабабҳои ба дарс наомадани ӯро ҷустуҷӯ карданд. "Баъд аз таътили зимистонӣ дигар ба дарс наомад. Дар аввал гуфтанд, ки ӯ бемор аст. Вале дертар маълум шуд, ки дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо. Читать дальше...

Президент Трамп фармони таъсиси Неруҳои кайҳонии ИМА-ро имзо кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе фармони таъсиси неруҳои нави амрикоӣ - Артиши кайҳониро барои пешгирӣ аз хушунат ва ҳифзи манофеи миллӣ дар кайҳон имзо кард. Ҳафтаи гузашта дар гузорише, ки аз сӯи Оҷонсии иктишофи низомӣ нашр шуд, Русияву Чин дубора ҳамчун рақибони эҳтимолии ИМА зикр шуданд. Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки Маскав ва Пекин барои мубориза бо ИМА дар кайҳон чораҷӯӣ мекунанд. Ду корманди Пентагон дар суҳбат бо хабарнигори "Садои Амрико" гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни таъсиси Артиши... Читать дальше...

Пешниҳоди вакил: касоне, ки алимент намесупоранд, дар шабакаҳо шарманда карда шаванд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи судиҷрочиён" ва Кодекси оиларо баррасӣ мекунад. Муаллифи тарҳ вакили порлумон Максат Собиров аст. Вакил пешниҳод дорад, ки иттилои қарздорони алимент дар шабакаҳо нашр, ҳуҷҷатҳои ронандагиашон гирифта ва иҷозаи шикорашон бекор шавад. Дар лоиҳа омадааст, ки чунин шаҳрвандон ҳамчунин аз ҳаққи ба хориҷ рафтан маҳрум шаванд. Дар ин бора рӯзи 19 феврал ТВ "Настоящее время" хабар дод. Собиров мегӯяд, ҷомеаи Қирғизистон суннатист ва анъанаҳои... Читать дальше...

Бишкек гуфтугӯро бо Тошканд дар робита ба нирӯгоҳи "Қамбарота-1" оғоз мекунад

Ozodi.org 

Муовини раиси Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон Айтмамат Қодирбоев дар ҷаласаи порлумон хабар дод, ки рӯзҳои наздик як гуруҳи кории ин кишвар барои гуфтугӯ дар робита ба нирӯгоҳи обии барқии "Қамбарота-1" ба Тошканд хоҳад рафт. Ба гуфтаи ӯ, ин гуруҳи корӣ охирҳои соли 2018 ташкил шудааст. "Гуфтугӯҳои пешакӣ тавассути телефон сурат гирифтанд. Масъала низ бо иштироки муовини аввали сарвазир баррасӣ шудааст", - гуфт ӯ. Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон дар соли 2017 Тошканд эълом кард... Читать дальше...

Ширкати 8 даста дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 6-уми апрел оғоз меёбад. Ба иттилои ФФТ дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорон вомехӯрад

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо рӯзноманигорон дар Душанбе мулоқот мекунад. Мақомот аз ҷумла дафтари матбуоти президент дар ин бора расман шарҳ надоданд. Аммо ҳадди ақал се даъватшудаи ин вохӯрӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вохӯрии президент бо рӯзноманигорон пас аз зуҳри 20-уми феврал сурат мегирад. Ба қавли манбаъ, ба мулоқоти президент асосан сардабирон ва рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ даъват шудаанд. Манбаъ афзуд, дар ин вохӯрӣ, масъалаи фаъолияти расонаҳои расмӣ баррасӣ мешавад. Читать дальше...

Натиҷаҳои ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи "Бачаҳои Осиё"

Ozodi.org 

Дар аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки рӯзҳои 9-16-уми феврал дар шаҳри Южно-Сахалинск (Сахалини Ҷанубии вилояти Сахалини Русия) баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгари наврас -- Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло -- намояндагӣ карданд. Ҳарсе варзишгари тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слалом ва слаломи бузург ширкат варзиданд. Нахуст онҳо дар қувваозмоии слаломи бузург миёни писарон, ки ҳамагӣ 49 варзишгар ширкат дошт, рақобат намуданд. Читать дальше...

Зилзила Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми феврал ду заминларза шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон такон дод. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминларза дар наздикиии шаҳри Ваҳдат -- канори пойтахт мебошад. Ба гуфтаи хонум Юсупова, заминларзаи аввал соати 6:26 ба вақти маҳаллӣ ва ҷунбиши дуввум даҳ дақиқа пас аз он рух дод. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ларзиши аввали замин дар Душанбе бо қувваи 2 балл ва дуввумӣ бо қувваи 3 балл рух додааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *