Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 03.02.2019

Кашфи 40 ҷасади мумиёшуда дар Миср

Ozodi.org 

Мақомоти Миср рӯзи 2-уми феврал гуфтанд, дар як гӯристони бостонӣ дар вилояти биёбонии Минё 40 ҷасади мумиёшударо пайдо карданд, ки бештар аз 2000 сол доранд. Ба гуфтаи бостоншиносон, мумкин аст, гӯристон аз замони Византияи қадим монда бошад. Дар баёнияи вазорати бостоншиносии Миср омадааст, ки “Дар ин гӯрҳо чандин утоқи дафн ёфт шуд, ки дар онҳо ҷасадҳои мумиёшудаи ҷинсу солҳои мухталиф аз ҷумла кӯдаконро пайдо карданд.” Бостоншиноси мисрӣ Рамӣ Расмӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар байни 40 ҷасад... Читать дальше...

Мудири "Алиф Сармоя" як дарди бонкҳои Тоҷикистонро шарҳ дод.ВИДЕО

Ozodi.org 

Абдулло Қурбонов, директори ташкилоти қарзии «Алиф-Сармоя» мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ба буҳрон дучор омадани бонкҳо дар солҳои гузашта дар Тоҷикистон, роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба баъзе бонкҳо мебошад.

Ҳалокати 7 нафар дар садамаи автобус дар Русия

Ozodi.org 

Дар натиҷаи садамаи як автобуси ҳомили кӯдакон дар вилояти Калугаи Русия 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои Русия бо такя ба вазорати ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд, ки дар миёни қурбониён 4 кӯдак ва се фарди калонсол ҳастанд. Ҳодиса рӯзи 3-уми феврал рух додааст ва 32 нафари дигар аз ҷумла 24 кӯдак ба шифохона интиқол ёфтаанд.  Дар автобус кудакон ва волидонашон будаанд ва аз шаҳри Яртсево ба як озмуни рақс ба шаҳри Калуга мерафтаанд. Бино ба иттиллои муқаддамотӣ, ях сабаби аз роҳаш хориҷ ва чаппа шудани автобус шудааст.

Зарбулаҷали 7 кишвари Аврупо ба Мадуро хотима меёбад

Ozodi.org 

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун зарбулаҷали онҳо ба раиси ҷумҳур Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мераасад. Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро “таҳқир” номида рад кард. Николас Мадуро рӯзи 2-уми феврал дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар пойтахт шаҳри Каракас гуфт, ки “Раиси ҷумҳури ҳақиқии Венесуэла ман ҳастам”. Читать дальше...

Нахуствазири собиқ мегӯяд, аз тарс ба Маҷористон гурехт

Ozodi.org 

Никола Груевски, нахуствазири собиқи Македония гуфтааст, ки аз бими кушта шудан дар зиндон ба Маҷористон гурехт. Дар аввалин мусоҳиба пас аз фирораш Никола Груевски ба телевизиони “Сител”-и Македония гуфтааст, дар аввал мехост ҳукми дусолаи зиндонро адо кунад, вале иттилоъ гирифт, ки касе барномаи нобуд кардани ӯ дар зиндонро мекашад. Нахуствазири собиқи Македония қарори додгоҳро “ҳукми беақлона ва бе ҳеҷ заминаи қонунӣ” номид. Ӯ соли 2018 бо гуноҳи фасодкорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд ва дар ҳамон сол ба Маҷористон фирор кард. Читать дальше...

Дипломати қирғиз: "Эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон афзудааст"

Ozodi.org 

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Маскав мегӯяд, таъсиси пойгоҳи дуввуми низомии Русия дар қаламрави кишварашро сарфи назар намекунад. Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи 1-уми феврал мусоҳибаи дипломати қирғизиро нашр кард, ки гуфтааст, “Масъалаи таъсис додан ва ё таъсис надодани пойгоҳ зери назорати мустақими раҳбарияти кишвар ва сохторҳои низомӣ аст. “ Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, ин масъала дар мулоқоти раҳбарони Русияву Қирғизистон дар моҳи март баррасӣ шавад. Аликбек Ҷекшенқулов гуфтааст... Читать дальше...

Як тир дар Ромит зиндагии нишонзани тоҷикро зеру забар кард.ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти се сол аз ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазорати дифо, як нишонзани собиқи гурӯҳи таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз ҳам наметавонад, ба зиндагии маъмулӣ баргардад.

"Гунбади Ёқут" сар мекашад. Дар ҷои бозори Шоҳмансур

Ozodi.org 

Як ширкати хусусӣ дар дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, биноеро дар Душанбе бунёд кунад, ки баландтарин дар шаҳр мешавад. Ҳоло баландтарин бинои пойтахт “Душанбе плаза” аст, ки 20 табақа ва 92 метр баландӣ дорад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *