Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 06.02.2019

Боз як парванда алайҳи раиси "Умед-88" дар додгоҳ

Ozodi.org 

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, алайҳи раиси ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, ки моҳи сентябри соли 2018 бо иттиҳоми дуздии моликияти давлатӣ ва исрофкорӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд, боз як парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасӣ аст. Тафсилотро дар ин навор бинед.

Тоҷикистон мадраса надорад, динро кӣ таълим медиҳад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд.

Муҳоҷирони тоҷик пирамарди русро наҷот доданд

Ozodi.org 

Саидҷон як муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Домодедово дар канори вилояти Маскав видеои оташ гирифтани хонаи як сокини ноҳияро фиристод. Ба гуфтаи Саидҷон, ки дар наздикии хона кор мекунад, онҳо як пирамардеро, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, огаҳ карданд, ки берун ояд, чун мумкин аст, оташ ба хонаи ӯ бигзарад. Видеоро бо Вотсапп ба мо фиристоданд. Шумо ҳам бифристед ва ба ин шумора +420 724 053 959

Толибон ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон даъват карданд

Ozodi.org 

Намояндагони Толибон ва ҳайате ба раҳбарии раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомиди Карзай дар ҷараёни рӯзи дуюми музокирот дар шаҳри Маскав ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар даъват карданд. Ин музокирот бо вуҷуди ҳузур надоштани намояндагони ҳукумати Афғонистон аз ҷониби бархе ҳамчун “музокироти байнихудии” афғонҳо арзёбӣ шуд. Ин нишаст аз ҷониби дафтари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ интиқод шуд. Музокироти Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар шаҳри Доҳа, пойтахти Имороти Муттаҳидаи... Читать дальше...

Янукович: "Маро аҳмақ карда партофтанд"

Ozodi.org 

Виктор Янукович, президенти собиқи Украина, намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро гунаҳкор кард, ки моҳи феврали соли 2014 ӯро фиреб додаанд. Янукович рӯзи чаҳоршанбе гуфт, аврупоиҳо ӯ водор намуданд, ки бо мухолифон созиш кунад, "вале баъдан аз мақом барканор шудани ӯро қонунӣ арзёбӣ намуданд".  "Маро аҳмақ карда партофтанд", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Маскав.   Раиси ҷумҳури пешини Украина гуфт, чанд рӯз қабл аз як муолиҷаи тиббӣ аз хориҷа ба Русия баргашт. Дар ин муддат дар ғайбаш дар додгоҳи... Читать дальше...

То 20 феврал – муҳлати ниҳоӣ ба ду бонки буҳронии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур додааст, то ду ҳафтаи дигар барномаи наҷоти ду бонки азими кишварро пешниҳод кунанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барномаи наҷоти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бояд то 20-уми феврали имсол омода шавад.



Кӯдакони тоҷик дар куҷо таълимӣ динӣ гиранд?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд.

Ахбори Озодӣ аз 6-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Тақдири “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” то ду ҳафтаи дигар ҳал мешавад, Комиссияи махсус бунёди масҷидҳои навро баррасӣ мекунад Трамп аз ихроҷи паймони назорати аслиҳа бо Русия ҳимоят намуд Дар Хатлон танфурушони олид ба ВИЧ-ро сабт карданд

Мақомоти Қазоқистон: ҳалокати 5 кӯдак дар сӯхтор натиҷаи "хатои наҷотбахшон" буд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Остона 5 феврал ҷасади панҷ хоҳареро ба хок супурданд, ки шаби 4 феврал дар натиҷаи оташ гирифтани як кулбаи муваққатӣ дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариарк ба ҳалокат расиданд. Дар ҷанозаи кӯдакон одамони зиёде иштирок доштанд. Бештари онҳо суол мекарданд, ки чаро шаҳрдории пойтахти Қазоқистон ба ин оилаи серфарзанд хона надод ва чаро волидони кӯдакон маҷбур буданд, шабона кӯдаконро танҳо гузошта, кор кунанд. Сӯхтор тахминан соатҳои сеи шаб рух додааст. Падари кӯдакон корманди барқ буда, он шаб ба маҳалли кораш даъват шудааст.

Парвандаи Сафар Исҳоқов ба Додситонии кул ирсол шуд

Ozodi.org 

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон парвандаи фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро ба Додситонии кулли ин кишвар фиристод. Дар ин бора вакили дифои яке аз гумонбарон ва сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод. Ба гуфтаи вакили дифоъ Нурбек Токтакунов, Додситонии кулли Қирғизистон бояд давоми панҷ рӯз айбномаро тасдиқ ва эълом кунад. Сипас парванда ба додгоҳ ирсол мешавад ва додгоҳ низ дар навбати худ бояд давоми даҳ рӯз нахустин мурофиаро баргузор намояд. Токтакунов изҳор дошт... Читать дальше...

Додгоҳи Узбекистон бори нахуст парвандаи марбут ба ҳиҷобро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд рӯзи 5 феврал баррасии шикояти падари як донишомӯзи литсейи Академияи исломии Узбекистонро зидди раҳбарияти таълимгоҳ оғоз кард, ки бо рӯймоли мазҳабӣ омадан ба дарсро манъ намудааст. Ба гуфтаи Абдувоҳид Яъқубов, падари донишомӯзи 17-солаи литсей, ки худ ҳуқуқшинос аст, додгоҳи Шайхонтоҳур баррасии шикояти ӯро ба рӯзи 7 феврал мавқуф гузошт. Яъқубов мегӯяд, пас аз эътирози ӯ додраси парванда иваз карда шудааст. "Духтари ман ноболиғ аст ва бинобар ин, хостам, аз ҳуқуқҳои ӯ худам ҳимоят кунам. Читать дальше...

Толори консерти Остонаро "эътирози худҷӯши модарон" фаро гирифт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо сокини шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки аксарашон модарони серфарзанд буданд, рӯзи 6 январ дар маркази Остона ҷамъ омада, беҳсозии шароити зисту зиндагиашонро талаб карданд. Қисме аз онҳо дар толори консерти "Остона" гирди ҳам омаданд. Мулоқоти шаҳрвандон бо афроди расмӣ ба ҷамъомади худҷӯш табдил шуд. Даҳҳо зан ба саҳна баромада, талабҳояшонро баён карданд. Таъмини манзил, фарогирии кӯдакон дар боғчаҳо, афзоиши кумакҳои моддӣ ва беҳсозии шароити зиндагонӣ - аз талабҳои асосии модарон буд. Бархе... Читать дальше...

Кобули расмӣ ва Толибон барои гуфтугӯи мустақим ба Тошканд даъват шуданд

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи даҳшатафкани Толибонро барои гуфтугӯи мустақим ба шаҳри Тошканд даъват кард. Бино ба хабарҳои расмӣ, Комилов ин изҳороти худро дар мулоқот бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, раҳбари Маъмурияти СММ барои мусоидат ба Афғонистон Тадамичӣ Ямамото баён доштааст. Ямамото дар доираи як сафар меҳмони Тошканд аст. Абдулазиз Комилов изҳор доштааст, ки Узбекистон омодааст, тамоми шароитро барои гуфтугӯи мустақими ҳукумати... Читать дальше...

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, хабари "бомбгузорӣ"-и фурудгоҳ аз хориҷ фиристода шудааст

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабари бомбгузорӣ шудани фурудгоҳи "Манас"-ро шарҳ дод. Ба иттилои ин ниҳод, соати 14:41 дақиқаи 5 феврал ба почтаи электронии яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон дар бораи гузоштани бомб дар яке аз биноҳои фурудгоҳ паём расид. "Гуруҳи навбатдори КДАМ ва ВКД ба ҷои ҳодиса рафтанд. Дар ҷараёни тафтиш ҳеҷ дастгоҳи таркандае пайдо нашуд", - хабар дод КДАМ. Бино ба иттилои пешакӣ, хабари бомбгузорӣ аз хориҷи Қирғизистон ирсол шудааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд... Читать дальше...

Додгоҳи Қазоқистон муттаҳами "даъват ба ғасби ҳукумат"-ро сафед кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзи 6 феврал сокини маҳаллӣ - Айгул Акбердиеваи 39-соларо сафед кард, ки дар "даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешуд. Ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мукотибаҳои созмони дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ширкат кардааст. Жанар Сундеткалиева, вакили мудофеи Акбердиева гуфт, ки нафари таҳти ҳимояи вай "барои вуҷуд надоштани ҷиноят" сафед карда шуд. Акбердиева айби эълоншударо рад мекунад. Ҳукми додгоҳии Акбердиева дар ҳоле сурат мегирад, ки... Читать дальше...

Дар Хуҷанд бо катибаи муҳаббат чӣ карданд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Маъмурони милисаи шаҳри Хуҷанд афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки катибаи "I love Khujand"-ро бо хости худ "таҳрир" кардаанд. Мақомот мегӯянд, баъзе аз ҷавонҳо дар ин катиба, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, номи худ ва дӯстдоштаашонро навиштаанд.

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни ҳисоби барқи масрафкардаи хонаводаҳо тақаллуб мекунанд ва аз онҳо пули бештар меситонанд.

НАТО ва Македония созишномаи таърихии узвиятро имзо карданд

Ozodi.org 

Кишварҳои узви НАТО рӯзи 6 феврал бо Македония як санади  аъзогӣ имзо карданд, ки Скопйеро барои пазириш ба узвияти ин паймони низомӣ як қадам наздиктар мекунад. Ин созиш баъди он ҳосил шуд, ки Македония ва Юнон дар баҳси номгузорӣ шудани кишвар ҳама ихтилофҳоро бартараф карданд ва баъди ин муносибатҳои ду кишвар оддӣ шуд.     Вазири хориҷаи Македония Никола Димитров  ҳамроҳ бо намояндагони 29 кишвари узви НАТО созишномае имзо кард, ки таҳти раҳбарии дабири кулли ин паймон Йенс Столтенберг дар Брюссел баргузор шуд. Читать дальше...

Эрон гуфт, "Амрико аз диктатору қассобу тундравҳо" ҳимоят мекунад

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар вокуниш ба интиқоди президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ИМА “диктатор, қассоб ва тундравҳо”-ро дар Ховари Миёна ҳимоят мекунад. Бо ин изҳороташ, ки дар шабакаи Twitter нашр шуд, Зариф рӯзи 6 феврал ба суханронии президенти Амрико дар Конгресс вокуниш нишон дод. Баъди он ки моҳи маи порсол Трамп ба таври якҷониба аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон берун шуду дубора таҳримҳои иқтисодиро болои ин кишвар таҳмил кард, таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон боло гирифт. Читать дальше...

Парвандаи дуюми раиси “Умед-88” ҳам ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи раиси ширкати “Умед-88”  Раҷабалӣ Одинаев, ки сентябри соли 2018 бо иттиҳоми дуздии моликияти давлатӣ ва тассарруфу исрофкорӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд, боз як парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасӣ аст. Ба иттилои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси додгоҳи олӣ, ки рӯзи 4 феврал дар баробари хабарнигорон ҳозир шуд,  парвандаи дуюми Одиназода марбут ба қарзҳои бонкие аст, ки то ҳол баргардонида нашудаанд. Парвандаи нав алайҳи ширкати замони муваффақ ва овозадор дар ҳолест... Читать дальше...

"Масъалаи қарз боис ба барканории Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода шуд"

Ozodi.org 

Қарзҳои пардохтнашудаи муштариёни "Амонатбонк" яке аз сабабҳои аслии барканории Рӯҳулло Ҳакимзода аз раҳбарии ин бонк будааст. Сироҷиддин Икромӣ, раиси тозатаъйини "Амонатбонк", рӯзи 5-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интиқоди президент аз қарзҳое буд, ки мизоҷон натавонистаанд, саривақт ба "Амонатбонк" баргардонанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *