Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 23.02.2019

Ҷанҷол дар як шаҳри Венесуэла авҷ гирифт

Ozodi.org 

Сарбозони Горди миллии Венесуэла барои пароканда кардани гуруҳе аз мардум, ки монеаҳои пули марзӣ бо Колумбияро мебардоштанд, аз гази ашковар истифода бурданд. Сокинони шаҳри Урена талош доштанд, пул боз шавад, то аз тариқи он ба кишвар кӯмакҳои башарӣ биёранд. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 23-уми август дар ин шаҳри марзии Венесуэла авҷ гирифт. Бо вуҷуди мухолифатҳои раиси ҷумҳур Николас Мадуро барои қабули кумакҳои башарӣ, Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат ваъда додааст, ки аз Колумбия ин кумакҳоро ворид мекунад. Читать дальше...

Қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2019 миёни наврасон дар Перу доир намегардад

Ozodi.org 

Комиссиюни вакилони Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) тасмим гирифт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 17-соларо интиқол бидиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ташкилот хабар додааст.

Тасаввурҳои хато дар бораи тоҷикон аз байн мераванд?

Ozodi.org 

Дар кишварҳои давру бари Тоҷикистон ва Русия дар мавриди тоҷикон тасаввурҳои зиёде вуҷуд дорад. Муҳоҷирати зиёд ба Русия симои тоҷикро дар афкори оммаи бахусус Русия ба як коргари камҳунар, фарде, ки қобилияти омӯзиш ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи дигарро надорад, табдил дод.

Чин гуфт, барои Афғонистон роҳи сулҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз омодагии Чин барои эҷоди гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба хотири поёни ҷанг дар ин кишвар истиқбол кард. Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат мегӯяд, ки бидуни шак талошҳои Пекин дар ин росто муфид хоҳад буд. Ӯ рӯзи 23-уми феврал бо ишора ба ҳамкориҳои Пекин ва Исломобод ба бахшии дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки нақши Чин ба ҳайси яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар робита ба сулҳи Афғонистон муҳим аст. Афғонистон ҳамеша Покистонро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Тобион айбдор мекунад. Читать дальше...

Доналд Трамп аз ҷанҷоли Ҳинду Покистон изҳори нигаронӣ кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико ҷанҷол миёни Ҳиндустон ва Покистон бар сари минтақаи Кашмирро «бисёр хатарнок» хонд. Ӯ ҳушдор дод, ки Деҳлии Нав пас аз ҳамла ба нерӯҳояш дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир “чизи бисёр қавие”-ро баррасӣ мекунад. Трамп рӯзи 22-уми феврал гуфт: «Ин вазъи бисёр хатарнок миёни ду кишвар аст. Мо мехоҳем, ин вазъ хотима ёбад». Ӯ афзуд, ки «ҳоло миёни Покистон ва Ҳиндустон мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад, ки пас аз он ҳодиса ба миён омадааст.» Ба гуфтаи президенти Амрико "Ҳиндустон дар андешаи чизи бисёр қавие аст. Читать дальше...

Интиқоди пулиси Русия барои бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Маскав баъди як амалиёт 10 муҳоҷир тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Навори боздошти гуруҳе аз ин муҳоҷирон рӯзи 22-юми феврал ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ин наворҳо, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ онҳоро мунташир кардааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон дар сардии шадид дар берун нигоҳ дошта мешаванд. Каримҷон Ёров мегӯяд, мақомоти интизомии Русия муҳоҷиронро давоми се рӯз азобу ранҷ додаанд. Ба гуфтаи ӯ, нахуст муҳоҷирони тоҷикро дар ҷойи корашон аз субҳ то бегоҳ дар сармо нигоҳ дошта... Читать дальше...

Тағйири назари Кохи Сафед. 400 сарбоз дар Сурия мемонад

Ozodi.org 

Кохи Сафед барномаи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Сурияро рӯшан кард ва гуфт, 400 сарбози амрикоӣ ҳамчун нерӯи “посдори сулҳ” дар ин кишвари Ховари Миёна мемонад. Амрико ҳоло дар Сурия ду ҳазор сарбоз дорад. Қаблан, рӯзи 21-уми феврал Сара Сандерс, сухангӯи  Кохи Сафед гуфт, ки 200 сарбози “посдори сулҳ” пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун намешавад. Аммо рӯзи 22-уми феврал мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки ин масъаларо баррасӣ карданд ва  пас аз хуруҷ, теъдоди нерӯҳои “посдори сулҳ”-ро дар Сурия тағйир доданд. Читать дальше...

Соҳибкоре аз Австрия давлати Тоҷикистонро барои пули пахта ба додгоҳ кашид

Ozodi.org 

Як соҳибкор аз Австрия давлати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидааст ва талаб дорад, ки барои риоят накардани як муомилаи дуҷониба аз тарафи "Агроинвестбонк" 20 миллион доллар ҷуброн бипардозад.

Шароби олуда 69 нафарро дар Ҳинд кушт

Ozodi.org 

Дар натиҷаи истеъмоли машруботи олуда дар як вилояти Ҳинд 69 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 200 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Мақомоти иёлати Ассам рӯзи 23-уми феврал гуфтанд, ҳамаи ин афрод баъди хӯрдани ҳуч, як навъ шароби маҳаллӣ, ки ғайриқонунӣ истеҳсол шудааст, заҳролуд шудаанд. Даҳ рӯз пештар аз ин дар шимоли Ҳинд машруботи олуда бештар аз 100 нафарро кушт. Ҳиманта Бисва Сарма, вазири тандурустии иёлати Ассам ба хабарнигори «Ройтер» гуфтааст, «Мо ҳар 10 дақиқа дар бораи талафтот дар ҷойҳои гуногун гузориш мегирем. Читать дальше...

Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз музокироти сулҳ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон аз талошҳои давлати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои музокироти сулҳро дастгирӣ мекунад. Ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи расмии бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ гуфтааст, «Тоҷикистон саъю талоши ҳукумати Афғонистони дӯсту ҳамсояи худ ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ кардани раванди сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.» Айни замон Амрико талош дорад... Читать дальше...

Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт? ВИДЕО

Ozodi.org 

Имсол рӯзи артиши миллӣ барои Ҳабибулло Ҳамроев ҷашни хос аст. Ӯ акнун аз ин ҷашн на чун як ҷавони оддӣ, балки чун як сарбози собиқ таҷлил мекунад.Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн мегиранд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *