Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 26.02.2019

Гумонбарони парвандаи хиёнат ба давлат аз 14 то 22 сол ҳукм гирифтанд

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳавзаи Маскав ноиби пешини Маркази амнияти иттилоотии Хадамоти фереролии амнияти Русия сарҳанг Сергей Михайлов ва собиқ мудири аршади "Озмоишгоҳи Касперов" Руслан Стояновро, ки қаблан дар Вазорати дохилӣ кор мекард, мутаносибан ба 22 ва 14 соли зиндони низомаш сангин маҳакум кард. Михайлов ҳамчунин аз унвони сарҳанги эҳтиётӣ ва ордени дараҷаи аввали "Барои хизмат ба ватан" маҳрум шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК бо такя ба хабарнигораш дар толори додгоҳ гузориш дод.  Ба навиштаи "Коммерсант"... Читать дальше...

"Таксӣ" дар Ҳисор. На мошин, балки заврақ

Ozodi.org 

Сокинони як русто дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо заврақ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Вале мегӯянд, роҳи осон нест. Ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад.

Генерали тоҷик: "ДИИШ ҳанӯз талош дорад шаҳрвандони моро ҷалб кунад"

Ozodi.org 

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳанӯз ҳам талош дорад, ки аз роҳҳои гуногун шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб кунад. Абдураҳим Қаҳҳоров дар ин бора рӯзи 26-уми феврал дар як нишасти минтақаии мубориза бо терроризм дар Душанбе изҳорот дод. Вай гуфт, то кунун эмиссарҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба амалиёти ҷангӣ дар Ироқу Сурия ва Афғонистон ҷалб кардаанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки то моҳи сентябри соли... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 26-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Зани муттаҳам бо сӯзанхалонӣ ба бадани тифлаш аз озодӣ маҳрум шуд, "Гурӯҳи 24" мехоҳад аз рӯйхати гурӯҳҳои ифротӣ хориҷ гардад, фармондеҳи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мегӯяд, дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷангҷӯён ҷамъ шудаанд ва матолиби дигар.

СММ: Дар шаш соли ҷангҳои Украина 13 ҳазор нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Комиссионери олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар як гузориши худ аз рӯзи 25 феврал навишт, ки аз замони оғози низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина - апрели соли 2014  ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудааст. Чоряки қурбониҳо сокинони мулкӣ мебошанд ва 30 ҳазор нафари дигар аз оташи ҷанг ҷароҳат бардоштаанд. Як нусхаи гузориши  СММ дирӯз дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳонаи нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина 3300 сокини мулкӣ ҷони худро аз даст додаанд. Читать дальше...



Сафири Британия зинда будани Скрипалҳоро таъид кард

Ozodi.org 

Сафири Британия дар Русия Лори Бристоу дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" зинда будани Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро тасдиқ кард. Дипломати британиявӣ ҳамчунин гуфт, ки дахости Русия барои мулоқот бо Скрипалҳо ба онҳо супурда шуд. Ба ин тартиб, сафири Британия ба изҳороти сафорати Русия дар Лондон вокуниш нишон дод, ки гуфтааст наметавонад зинда будани Скрипалҳоро "таъид кунад". Лари Бристоу гуфт, ки агар Скрипалҳо хоҳиши бо намояндагони дипломатии Русия мулоқот кардан дошта бошанд, ҷониби Британия чунин шароитро фароҳам месозад. Читать дальше...

"Рақсу пойкӯбӣ" дар рӯзи мотам. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад.

Рақсу пойкӯбӣ дар рӯзи мотам

Ozodi.org 

Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад.

Кардинал Пелл ба бадрафтории ҷинсӣ муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи мунсифа дар Австралия кардинал Ҷорҷ Пеллро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ муҷрим шинохт. Ба ин тартиб, ин баландтарин мақоми зинанизоми католикӣ аст, ки ба ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор шуд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ рӯзи 26-уми феврал хабар дод. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта содир шуд, аммо бо назардошти баъзе масоили ҳуқуқӣ аз эълонаш худдорӣ карданд. Додгоҳ таъйид кард, ки Пелл соли 1996 дар ҳуҷраи калисои Мелбурн нисбат ба ду бача иқдомоти хушунатомезро ба кор бурд. Читать дальше...

Вакилони Манафорт додгоҳро ба тараҳҳум даъват карданд

Ozodi.org 

Вакилони мудофеи Пол Манафорт, раҳбари собиқи ситоди интихоботии президент Трамп,  аз додгоҳи амрикоӣ  даъват карданд, ки ҳукми зерҳимояи онҳоро нарм кунад ва на бештар аз 10 сол диҳад. Дар муроҷиат ба додгоҳи федеролӣ, ки бояд 13 март ҳукми Манафортро эълон кунад, вакилони мудофеъ навиштанд, ҷиноятҳои содиркардаи Манафорт ба маъракаи интихоботии Доналд Трамп рабт надорад. Зимнан, додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли ҳамкории Манафорт бо Русия дар раванди маъракаи интихоботии соли 2016 Амрико таҳқиқ анҷом медиҳад. Читать дальше...

Мошине дар Душанбе оташ гирифт

Ozodi.org 

Рӯзи 23-уми феврал дар кӯчаи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе як мошине оташ гирифт. Корбарони Радиои Озодӣ видеои оташ гирифтани мошинро ба мо фиристоданд ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Ҷасади бунёдгузори НТВ дар меҳмонхонаи Испания ошкор шуд

Ozodi.org 

Хабари марги сиёсатшинос ва мудири расона Игор Малашенко дар Испания шоми гузашта пахш шуд. Бунёдгузори шабакаи телевизиони НТВ зоҳиран худкушӣ кардааст. Дар ин бора чанд манбаи наздик ба хонаводаи Малашенко ба нашрияи "Коммерсант" хабар доданд.   Вақтҳои ахир Игор Малашенко даргири баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш Елена пивоварова буд, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад. Онҳо се фарзанд доранд. Пивоварова барои тақсими дороиҳои хонаводагӣ ба додгоҳи ИМА муроҷиат кард. Божена Ринска, блогнавис ва ҳамсари... Читать дальше...

Трамп барои мулоқот бо Ким Чен Ин ба Ветнам рафт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 25 феврал ба Ветнам сафар кард. Қарор аст, дар онҷо мулоқоти навбатии ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин баргузор шавад. Раҳбарони ду кишвар рӯзҳои 27 ва 28 феврал дар Ҳаной вохӯрда, барномаи ҳастаии Пхенянро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ҷонибҳо қатъи расмии ҷанги Куриёро низ ба баҳс бикашанд, ки бо имзои созишномаи оташбаси Пханмунҷом дар рӯзи 27 июли соли 1953 ба поён расида буд. "Куриёи Шимолӣ пас аз халъи комили силоҳи ҳастаӣ аз назари иқтисодӣ хеле зуд рушд хоҳад кард. Читать дальше...

Амрико 4,6 млн доллари Боқиевҳоро ба Қирғизистон медиҳад

Ozodi.org 

ИМА тасмим дорад, ки 4,6 миллион доллари дуздии хонаводаи президенти пешин Қурмонбек Боқиевро ба Қирғизистон бозпас диҳад. Дар ин бора муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс хабар дод. Додгоҳе дар ИМА қарор кард, ки дар маҷмуъ 6 млн доллари дуздии Боқиевҳоро ба Қирғизистон баргардонад. Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА дархост карда буд, ки пулҳои мусодирашударо ба Қирғизистон супорад. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард. Аммо аз 6 млн... Читать дальше...

Ҳукумати нави Қазоқистон ба кор шуруъ кард

Ozodi.org 

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳайати ҳукумати нави кишварашро тасдиқ кард. Аскар Мамин - сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд. Женис Қосимбек, ки то ин замон вазири саноат ва рушди зерсохтор буд, муовини сарвазир таъйин шуд. Алихон Смаилов вазири молия ва ҳамзамон муовини аввали сарвазир аст. Асар Жумагалиев вазири рушди рақамӣ, мудофиа ва саноати кайҳонӣ таъйин гардид. Даврон Абаев, ки дар ҳукумати пешин вазири иттилоот ва иртиботот буд, ҳамакнун ба вазирии иттилоот ва рушди ҷомеа расид. Читать дальше...

Фаронса ба рӯзноманигори фирории қирғиз паноҳгоҳи сиёсӣ дод

Ozodi.org 

Фаронса ба рӯзноманигор Улуғбек Бобоқулов, ки ду сол пеш, пас аз иттиҳоми барангехтани кинаи байниқавмӣ Қирғизистонро тарк карда буд, мақоми паноҳандагӣ дод. Бобоқулов дар суҳбат бо “Фергана.ру” гуфт, ки масъулони Идораи муҳоҷират ва шахсони бешаҳрвандии Фаронса рӯзи 25 феврал бо ӯ тамос гирифта, хабар доданд, ки минбаъд таҳти ҳимояи ин кишвар қарор дорад. Ҳамчунин ба рӯзноманигор гуфта шудааст, ки дар ҳолати баргашт ба ватан, муроҷиат ба намояндагиҳои дипломативу консулгарии Қирғизистон дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *