Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 12.02.2019

Вазъи марз бо Афғонистон. Дар тасвири мақомоти Тоҷикистону Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистонро рад кард. Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, Тоҷикистон вазъро зери назорат дорад ва дар ҳоли ҳозир “ҳеч хатар аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ эҳсос намешавад”.

Хайрулло Мирсаидов Гурҷистонро тарк кард ва ба Аврупо рафт

Ozodi.org 

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – Гурҷистонро ба қасди Аврупо тарк кардааст. Ӯ рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар яке аз шаҳрҳои аврупоӣ қарор дорад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда ва рӯзи 11-уми феврал таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Мақомот ӯро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист айбдор карданд. Хайрулло Мирсаидов охири соли гузашта бо нияти табобат аз Тоҷикистон ба Гурҷистон рафт. Мақомот гуфтанд... Читать дальше...

Шикасти “Истиқлол” аз АГМК-и Узбекистон дар Лигаи қаҳрамонҳо

Ozodi.org 

​Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Дар Душанбе барои хонасозон боҷи нав ҷорӣ шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон соли гузашта беш аз 1 миллион метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст, ки дар солҳои охир рекордӣ мебошад.Аммо бо ин вуҷуд то ба ҳол аксари сокинон дар ин кишвар бинобар қиммат будани нархи хона наметавонанд соҳиби сарпаноҳ бошанд.

Помпео ваъда дод, ки ИМА Словакияро аз назари амниятӣ пуштибонӣ мекунанд

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ИМА ба Словакия дар масоили амниятӣ ва иқтисодӣ кӯмакҳо хоҳад кард. Словакия кишвари навбатии Аврупои Марказӣ аст, ки дар ҷараёни сафари панҷрӯзааш Помпео аз он ҳам дидан кард. Ин сафар бо ҳадафи коҳиши нуфузи Русия ва Чин дар минтақа анҷом мешавад. Дар маросиме, ки дар сарҳади Австрия ва назди Даромадгоҳи муҷассамаи озодӣ барпо шуд, Помпео гуфт: “Мехоҳам мардуми Словакия бубинанд, ки Амрико бо онҳо ҳамкор аст ва ба наздашон баргаштааст”. Муҷассамаи озодӣ... Читать дальше...

Боздид қабл аз боздид: Барои чӣ Ҷээнбеков ба дидори Путин рафт?

Ozodi.org 

Баъди сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Бишкек дар доираи омодагиҳо ба боздиди Владимир Путин аз ин кишвар, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков 9-уми феврал ба Сочӣ бо ҳадафи мулоқоти ғайрирасмӣ бо Путин сафар кард. Дафтарҳои матбуотии ҳар ду раисҷумҳур ин дидорро омодагии сафари қарибулвуқуи Владимир Путин ба Қирғизистон ном бурданд, аммо коршиносон аз ангезаҳои дигари гуфтугӯи сарони давлатҳо ном мебаранд.  Шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2018 дар Бишкек се эътирози оммавии зидичинӣ баргузор шуд... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 12-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Бозпурсии Муродалӣ Алимардонов ба ҳайси шоҳид, дурнамои равобити Тоҷикистону Эрон, болоравии эҳтимолии нархи манзил дар Душанбе ва рӯзгори мушкили зани муҳоҷир дар ватан.

Сардабири вебсайти беларусӣ дар додгоҳ муҳокима мешавад

Ozodi.org 

Сардабири як вебсайти хабарии пурхонандае дар Беларус дар паи иттиҳоми ин ки маълумоти расмиро аз як оҷонсии давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ дарёфт кардааст, дар додгоҳ ҳозир шуд. Додгоҳе дар шаҳри Минск рӯзи 12 феврал баррасии муқаддамотии қазияи Марина Золотова, сардабири вебсайти Tut.by-ро шурӯъ кард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ин парванда изҳори нигаронӣ ва аз афзоиши маҳдудияту фишор болои озодии баён дар аҳди Александр Лукашенкоро интиқод кардаанд. Августи порсол полис дафтарҳои кории вебсайти Tut.by-ро ҳамроҳ бо офиси BelaPan кофтукоб кард. Читать дальше...

Бозпурсии Муродалӣ Алимардонов дар Оҷонсии зидди фасод

Ozodi.org 

Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон раиси "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардоновро бозпурсӣ кардаанд. "Агроинвестбонк” тақрибан чаҳор сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

Толибон ҳайати музокиротии худро мушаххас карданд

Ozodi.org 

Толибон ҳайати 14-нафараи гурӯҳи музокиротиро мушаххас карданд, ки қарор аст моҳи феврал дар даври навбатии гуфтугӯҳо бо фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон иштирок кунанд. Дар изҳороти ин гурӯҳ аз 12 феврал гуфта мешавад, ки гурӯҳи Толибонро Шермуҳаммад Аббос Станикзай раҳбарӣ мекунад. Ба ин феҳрист инчунин исми Анас Ҳаққонӣ, бародари зиндонии раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи бонуфузе дар ҳайати Толибон ворид шудааст. Забеҳулло Муҷаддадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, ки Ҳаққонии зиндонӣ дар Кобул бояд “озод шавад ва дар музокирот иштирок кунад”.

Сироҷиддини Мӯҳриддин: Ворид шудан ба ЕАЭС-ро меомӯзем

Ozodi.org 

Тоҷикистон ҳанӯз ба хулосае нарасидааст, ки оё шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), як созмони зери нуфузи Русия, бишавад ё не. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ҳанӯз ин масъаларо меомӯзанд. “Ин масъаларо ҳамаҷониба меомӯзем ва то ҳанӯз аз коршиносон низ машварати мушаххас нагирифтаем”, - гуфт ӯ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ. Русия борҳо ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рӯяш боз аст. Дар ин созмони иқтисодӣ Беларусу... Читать дальше...

Патрик Шанаҳан вориди Ироқ шуд

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои ИМА Патрик Шанаҳан барои машварат бо фармондеҳони низомии амрикоӣ ва мақомоти ироқӣ  вориди Бағдод шуд. Дар ҷараёни ин сафар ҳузури ояндаи нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ баъди берун шудани нирӯҳо дар Сурияи ҳамсоя баррасӣ мешавад. Шанаҳан рӯзи 12 феврал аз Афғонистон вориди Ироқ шуд, ки он ҷо бо як сафари эълоннашуда қарор дошт. Сафар ба Бағдод дар ҳоле сурат мегирад, ки президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, вуҷуди пойгоҳи низомӣ дар Ироқ ба он хотир муҳим аст, ки Вашингтон аз наздик аз Эрон назорат кунад. Читать дальше...

Дар интихоботи президентии Украина 44 номзад иштирок мекунад

Ozodi.org 

Дар интихоботи президентии Украина теъдоди рекордии номзадҳо -- 44 кас иштирок хоҳанд кард. Президенти кунунии кишвар Петр Порошенко низ яке аз номзадҳои асосӣ ба шумор меравад ва ваъда медиҳад, ки дар мӯҳлати дуюми панҷсолаи президентияш кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил хоҳад кард. Бино ба назарпурсиҳои ахир, дар интихоботи президентии 31 март сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский рақибони асосии Порошенко ҳастанд. Порошенкои 53-сола, яке аз сарватмандтарин... Читать дальше...

Дар Қазоқистон 25 навбатдори кони Тенгиз заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Кормандони ширкати пудратчии "Тенгизшевройл" дар шаҳраки навбатдории кони нафту гази вилояти Атирауи Қазоқистон аз ғизо заҳролуд шудаанд. Хабаргузории расмии "Казинформ" рӯзи 11 феврал хабар дод, ки 25 нафар пас аз хурдани ғизои шом худро "бад" ҳис карданд ва ба беморхонаи шаҳри Кӯлсарӣ интиқол дода шуданд. "21 тани онҳо пас аз муойина ва дарёфти кумаки тиббӣ рухсат шуда, 4 нафари боқӣ бистарӣ гаштанд", - навиштааст хабаргузорӣ бо истинод ба Идораи тандурустии Атирау. Бино ба иттилои нашрияи минтақавии "Ак жайик"... Читать дальше...

Туркманистон иҷрои нақшаи пахтаву гандумро ду-се баробар зиёд эълом кард

Ozodi.org 

Туркманистон дар омори расмиаш зикр кард, ки  нақшаи давлатии ғунучини пахтаву гандум дар соли 2018 иҷро шудаааст. Айни замон, ба навиштаи матбуоти мустақил, дар оморҳои расмӣ ҳаҷми ҳосили ҷамъшудаи пахтаро ду ва гандумро се баробар бештар нишон додаанд. Дар ин бора "Хроника Туркменистана" бо истинод ба арқоме хабар дод, ки дар гузоришҳои Вазорати кишоварзӣ ва оби Туркманистон дарҷ шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ, кишоварзони Туркманистон соли гузашта 450 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.... Читать дальше...

Дар Узбекистон мудири мактаберо барои обунаи маҷбурӣ аз кор ронданд

Ozodi.org 

Мудири мактаби №10 ноҳияи Янгиюли Узбекистон Шавкатҷон Ризоев барои маҷбуран обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳои даврӣ аз мақом барканор шуд. Дар ин бора рӯзи 11 феврал расонаҳои Узбекистон бо такя ба вазорати маорифи он кишвар хабар медиҳанд. Ризоев дар моҳи январ ба омӯзгорон дастур додааст, ки якбора ба чанд маҷалла обуна шаванд. "Роҳбари мактаб дар асоси моддаи 181 Кодекси меҳнат барои ҷалби омӯзгорон дар кори ба рӯйхатгирии сокинон дар охири моҳи декабри соли 2018 танбеҳ гирифта буд.... Читать дальше...

Конгресси ИМА ба баҳси амнияти марзӣ нуқта гузошт

Ozodi.org 

Демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресси ИМА дар масъалаи амнияти марзҳои ҷанубии ин кишвар ба созиши муқаддамотӣ расиданд. Ин созиш бояд аз эълони "шатдаун"-и навбатӣ пешгирӣ кунад. Қарор буд, 15 феврал кори ҳукумат қатъ шавад. Ричард Шелбӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, ки конгрессменҳо тавонистанд, дар мулоқоти пӯшида ба "созиши усулӣ" даст ёбанд. Мулоқоти пӯшида то нисфишабии рӯзи душанбе идома кардааст. Ҷузъиёти созиш шарҳ дода намешавад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, президенти... Читать дальше...

Парвандаи фасодкорӣ дар азнавсозии маркази гармидиҳии Бишкек ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Додситонии кулли Қирғизистон омӯзиши парвандаи ҷиноятии фасодкорӣ дар азнавсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро ба охир расонд. Тафтишро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷом додааст. Ба иттилои додситонӣ, айбномаи сарвазирони пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов, Жанторо Сатибалдиев, мансабдорони дигар - Осмонбек Ортиқбоев, Айбек Калиев, Салайдин Авазов, Жолдошбек Назаров, Темирлан Бримқулов, Олга Лаврова бо далелҳои сӯистифодаи мансаби давлатӣ ва фасодкорӣ асоснок шудааст. Ин дар ҳолест... Читать дальше...

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ

Ozodi.org 

Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, валиаҳди пешини Эрон, ҳамеша яке аз чеҳраҳои мухолифи ҷумҳурии исломии Эрон буд. Аммо дар як соли охир фаъол шуда ва номи ӯ бештар сари забонҳост. Ҳам садои мухолифонаш зиёд шунида мешавад ва ҳам садои тарафдоронаш. Аммо барномаи ӯ ба унвони як чеҳраи мухолифи ҷумҳурии исломӣ чист ва дар посух ба интиқодҳо чӣ мегӯяд?

Оҷонсӣ дар бораи коррупсия дар зиндонҳо: "Ҷое, ки кор ҳаст, албатта фасод низ ҳаст"

Ozodi.org 

Масъулини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон метавонад фасод ҷой дошта бошанд.   Муҳаммадсаид Файзуллозода, сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсияи Оҷонсии зидди фасод рӯзи 12-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “он ҷое, ки кор ҳаст, албатта фасод низ ҳаст.” Ин масъули Оҷонсии зидди фасод дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё дар зиндонҳои Тоҷикистон фасод ҷой дорад, гуфт: “Дар зиндонҳои Тоҷикистон мо гуфта наметавонем, ки дар ҳамааш фасод ҷой дорад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *