Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 09.02.2019

Садҳо ҷосуси Русия ва Чин дар Брюссел кор мекардаанд

Ozodi.org 

Идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки садҳо нафар аз ҷосусони Русия ва Чин дар Брюссел фаъолият мекунанд. Рӯзномаи “Велт ам Зонтаг”-  Олмон бо такя ба дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки “ҳудуди 250 ҷосуси Чин ва 200 ҷосуси Русия дар ин пойтахти аврупоӣ фаъолият мекунанд.” Бино ба ин гузориш, ба дипломатҳои аврупоӣ тавсия додаанд, ки ба баъзе аз гӯшаҳои муайяни Брюссел аз ҷумла ресторанҳо ва қаҳвахонаҳои  маъруф дар назди қароргоҳи асосии Кумиссиёни Аврупо нараванд. Дар гузориши рӯзномаи олмонӣ омадааст... Читать дальше...

Фиристодаи Амрико гуфт, то сулҳи Афғонистон роҳи дарозеро бояд рафт

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон, мегӯяд, бо вуҷуди ҳосил шудани “чаҳорчӯби созиши сулҳ” аз гуфтугӯҳо бо Толибон, то расидан ба созиши ниҳоӣ “роҳи дарозеро” бояд тай кард.

Боздошти як хориҷӣ бо ҷурми терроризм дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Миёна бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ба хотири анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Қирғизистон боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал ҳарчанд гуфт, ки ӯ зодаи яке аз кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Миёна ҳаст, вале аз кишвари мушаххасе ном набурд. Ба гуфтаи КДАМ ин нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангин дар кишвари худ мавриди пайгард қарор дорад ва узви ташкилоти террористӣ мебошад.   Ин нафар дар ҷануби Қирғизистон, шаҳри Ҷалолобод ҳангоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуд. Читать дальше...

"Маро мекушанд". Илтиҷои қазоқтабори чинӣ аз президенти Узбекистон

Ozodi.org 

Як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шудааст, аз ҳукумати Узбекистон хост, ӯро истирдод накунад. Соҳибкор Ҳалимбек Сяхеман, ки номаш ҳамчун Ғалимбек Шагиман низ сабт шудааст, аз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон хост, ки “ҳамчун бародари мусалмони туркзабон” ӯро ба Чин таслим накунад, ки он ҷо ба марг маҳкум мешавад. Ҳалимбек ин дархостро рӯзи 7-уми феврал дар навори видеоие кардааст, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст. Зоҳиран, ин навор дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сабт шудааст. Читать дальше...

Юнон ба узвияти Македонияи Шимолӣ дар НАТО розӣ шуд

Ozodi.org 

Сарвазири Юнон ҷумҳурии Македонияи Шимолиро ҳамчун шарики “дӯст” ситоиш кард ва аз он хост, баталошҳо барои “амният, субот ва ҳамкорӣ” дар кишварҳои Балкан ҳамроҳ шавад. Порлумони Юнон рӯзи 8-уми феврал протоколи пазируфтани ҳамсоякишвараш ба узвияти НАТО-ро имзо кард.   Алексис Тсипрас  қабл аз овоздиҳии вакилон барои қабули Македонияи Шимолӣ ба НАТО гуфт: “Бори дигар  мехоҳам таъкид кунам, ки Македонияи Шимолӣ  аз кишвари хеле дӯсти Юнон аст” . Ин кишвари Югославияи собиқ барои ворид шудан ба НАТО... Читать дальше...

Дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфи 5-соларо меҷӯянд

Ozodi.org 

Хешовандони як тифли тоҷик, ки тақрибан 10 рӯз пеш бенишон шуд, мегӯянд, ҷустӯҷуи онҳо ва мақомоти интизомӣ ҳеҷ натиҷае надодааст. Юсуф Саидови 5-сола рӯзи 31-уми январ дар назди хонаашон дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ғайб зад. Шаҳобиддин Саидов, амаки Юсуф рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз нопадид шудани бародарзодааш, бо аҳли деҳ тамоми атроф, ду гуристони деҳа, наҳри беоби наздики деҳаро ҷустуҷӯ кардаанд, вале кӯдак, ё аломате аз ӯро пайдо накардаанд. Ӯ афзуд, баъди гум шудани... Читать дальше...

Чиҳил соли зиндон барои қатли 7 мусулмон дар Канада

Ozodi.org 

Додгоҳи Канада як ҷавонеро, ки шаш намозгузорро дар масҷиди шаҳри Квебек кушт, ба бештар аз 40 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Александр Бизоннетеи 29-сола рӯзи 8-уми феврал содир шуд. Ӯ фақат баъди 40 сол ҳақ дорад, дархости авф кунад. Ин ҷавон рӯзи 28-уми январи соли 2017 бо тирандозӣ дар масҷид 6 нафарро ба ҳалокат расонд. Франсуа Ҳуё, додраси парванда зимни қироати ҳукм гуфт, ки қотил нисбат ба “муҳоҷирони мусулмон нафрати амиқ доштааст.” Ӯ бо муроҷиат ба гунаҳкор гуфт, “Ту ҳафт ҳамватани худро барои он куштӣ... Читать дальше...

Ҷавони тоҷикро бо хоҳиши худаш ҳабс карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини шаҳри Душанберо бо хоҳиши худаш ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум аз барои 5 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст. Додгоҳ бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 8-уми феврал хабар дод, ки Сино Махсутов, сокини 40-солаи ноҳияи Синоро чанд пеш барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ муҳокима кардаанд. Ба гуфтаи додгоҳ Сино Махсутов, “ба гуноҳаш иқрор шудааст, аз кирдораш изҳори пушамонӣ карда ва аз додгоҳ тақозо кардааст, ки нисбат ба ӯ ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин кунад” чунки ӯ имкону шароити пардохти ҷаримаро надорад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *