Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 27.02.2019

Вакили пешини Трамп алайҳи ӯ дар Конгресс шаҳодат дод

Ozodi.org 

Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, дар Кумитаи назоратии Конгресс алайҳи раиси ҷумҳури Амрико шоҳидӣ дод. Коэн аз ин ки барои Доналд Трамп кор карда ва, ба гуфтаи худаш, виҷдонро зери по гузошт, ибрози шарму надомат кард.

Шӯрои Амният: "Ифротиён дар сар ҳавои вуруд ба Осиёи Марказиро доранд"

Ozodi.org 

Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳушдор додааст, ки гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар пайи васеъ кардани доманаи фаъолияташ дар Осиёи Марказӣ аст ва борҳо аз тарафдоронаш хостааст, ҷойҳои ҷамъомади мардумро ҳадаф бигиранд.

Ветнам мизбони мулоқоти Трамп ва Ким шуд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар остонаи шурӯи ҳамоиши дурӯза дар пойтахти Ветнам ҳамдигарро шодбош гуфтанд. Дар ин ҳамоиш қарор аст масъалаи барномаи ҳастаӣ ва мушакии Пхенян мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар лаҳзаи шодбош, ки дар меҳмонхонаи панҷситорадори  Sofitel Legend Metropole  дар шаҳри Ҳаной ҷараён гирифт, ду раҳбар дасти ҳамдигарро фишурда ба ҳам табассум карданд. Қарор аст ду раҳбар дар ҳузури мушовиронашон инчунин як ғизои шоме ҳам бихӯранд. Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт... Читать дальше...

Қаноатшоҳ Лоиқзода: "Барканори ман ба ягон ҳодиса рабт надорад"

Ozodi.org 

Қаноатшоҳ Лоиқзода рӯзи 26-уми феврал аз мақоми раиси ноҳияи Рашт барканор шуд. Дар шарҳи фармони президент дар ин бора сабаби аз мақомаш озод шудани Лоиқзода гуфта намешавад. Ҳоло Раҳимҷон Муқимӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт аст. Маълум нест, Қаноатшоҳ Лоиқзода ба вазифаи наве дар сохторҳои ҳукуматӣ таъйин хоҳад шуд ё на. Лоиқзода рӯзи 27-уми феврал ва пас аз чанд лаҳзаи нашри фармони барканориаш гуфт, ба ӯ кор дар мақоми дигар пешниҳод нашудааст. “Мо сарбозем. Новобаста аз он ки мансаб медиҳанд ё не, хидмат мекунем”, - афзуд ӯ. Читать дальше...

Таркиши телевизор дар хонае дар Душанбе боиси сӯхтор дар манзил шуд

Ozodi.org 

Дар паи сӯхторе дар як хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ду нафар ба бемористони интиқол ёфтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса дар утоқи воқеъ дар ошёнаи сеюми як манзили сетабақа дар кӯчаи Садриддин Айнӣ рух дод, ки дар муқобили фурӯшгоҳи "Пайкар" ҷойгир аст. Фарзияи аввалия ин аст, ки дар паи ногаҳон таркидани телевизори хона сӯхтор рух дод. ​ Ҳангоми рӯй додани ҳодиса дар дохили хона модар ва духтари 9-солааш қарор доштанд. Ҳардуи онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ... Читать дальше...

Вакили пешини Трамп алайҳи ӯ дар Конгресс шаҳодат медиҳад

Ozodi.org 

Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, рӯзи чоршанбе дар бораи робитаи эҳтимолии Трамп ба нашри маводи Wikileaks, ки ба рақиби ӯ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи соли 2016 халал расонд, дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад. Ӯ ҳамчунин сарвари давлатро ба қаллобӣ ва нажодпарастӣ муттаҳам мекунад. Тарҳи 20-саҳифагии суханронии Коэнро нашрияи Politico рӯзи 27-уми феврал нашр ва онро хабаргузории Reuters бозгӯ кард. Трамп субҳи чоршанбе дар Твиттер навишт, ки Коэн дурӯғ мегӯяд ва ҳадафаш кам кардани ҳукмаш аст. Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 27-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Зани сатрпӯш донишгоҳи тиббиро ба додгоҳ кашид, муноқишаи Покистону Ҳиндустон бо сарнагунии ҳавопаймоҳо идома пайдо кард, солгарди бадарғаи мардуми чечен, манъи тарғиби Президенти Тоҷикистон дар клипҳои телевизионӣ ва болравии нархи сабзавот дар бозорҳои Душанбе.

Маҷмуи ҷоизаҳо дар мусобиқоти кураш дар Бозиҳои осиёӣ 10 адад зиёд мешавад

Ozodi.org 

Шуруъ аз Бозиҳои осиёӣ-2022 мусобиқот оид ба гуштии кураш аз рӯи 15 маҷмуи ҷоизаҳо (7 маҷмуъ миёни мардон, 8 маҷмуъ миёни занон) баргузор хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, мусобиқоти дастаӣ миёни занон ва мардон доир мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, тасмими зиёд намудани маҷмуи ҷоизаҳо дар мусобиқот оид ба гуштии кураш аз рӯи барномаи Бозиҳои осиёӣ дар ҷараёни мулоқоти президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Умед Аҳмадҷонов бо раиси Федератсиони байналмилалии кураш... Читать дальше...

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Жанаозен боздошт шуданд

Ozodi.org 

Пулиси вежаи Қазоқистон ду хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ - гузоришгар Сония Тойкен ва наворбардор Санат Нурбекро, ки дар пайи омода кардани гузориш аз тазоҳуроти сокинони шаҳри Жанаозен буданд, боздошт кард. Дар бораи боздошти хабарнигорон як сокини маҳаллӣ хабар дод ва гуфт, чанд рӯзи ахир дар шаҳр вазъи фавқулода амал мекунад ва даҳҳо нафар боздошт шудаанд.  Тавре Сония Тойкен хабар медиҳад, дар вақти боздошт пулис алайҳи онҳо аз нерӯ истифода кард. Хабарнигоронро ба мошин ба департаменти пулиси шаҳри Актау интиқол доданд... Читать дальше...

Сӯхтор дар роҳи оҳани Қоҳира беш аз 10 нафарро кушта ба ҷой гузошт

Ozodi.org 

Гузоришҳо аз Миср мегӯянд, ки дар пайи сӯхтор дар истгоҳи роҳи оҳани Қоҳира дастикам 10 нафар кушта ва беш аз 22 нафар захмӣ шуд. Ба гуфтаи манбаъҳои амниятӣ, оташ дар ҳоле аланга зад, ки қатор ба платформаи истгоҳи Рамзез бархӯрд. Бино ба хабарҳои таъйиднашуда, сӯхтор дар пайи таркиши танкери ҳомили сӯзишворӣ ба бор омад. Муҳаммад Саид, сарвари бемористони роҳи оҳани Қоҳира гуфт, ки эҳтимол теъдоди қурбониҳо афзоиш ёбад. Даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва оташнишон ба ҷойи ҳодиса, ки дуди ғализ аз он боло мешавад, ҷалб шуданд.

Пулиси Испания осори ҷиноятро дар марги Малашенкоро ошкор накард

Ozodi.org 

Пулиси Испания осори ҷиноятро дар марги Игор Малашенко -  бунёдгузори шабакаи телевизионии НТВ пайдо накард. Биноба маълумоти ибтидоӣ, сиёсатшинос ва мудири расона дар шаҳри Сотогранди Испания худкушӣ кард.  Натиҷаи ниҳоии колбадшикофӣ ҳудудан баъди як моҳ мушаххас мешавад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 26 феврал бо такя ба Додгоҳи олии Аналузия хабар дод.  Хабари марги Малашенкои 64-сола рӯзи 25 феврал пахш шуд.  Пулиси Испания аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард ва бо ҳамсари сиёсатшинос... Читать дальше...

Мирҷоновро баъди чор соли ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Бо гузашти 4 сол аз ошӯби нофарҷоми зиддиҳукуматӣ дар Тоҷикистон, додгоҳе дар Душанбе як нафарро бо гуноҳи пинҳон доштани ҷиноят ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳи низомии Душанбе рӯзи 25-уми феврал хабар дод, ки Аминҷон Мирҷонов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз тарҳи ошӯб хабар дошт, аммо ба мақомоти  интизомӣ хабар надод. Ӯ ба якуним сол зиндон маҳкум шуд.   Дар ҳукми Додгоҳи низомии Душанбе гуфта шудааст, ки Аминҷон Мирҷонов қабл аз ошӯби рӯзҳои 3 ва 4-уми сентябри соли 2015 дар масҷиди деҳаи... Читать дальше...

Тазоҳуроти назди дафтари "Нур Отан"-и Қазоқистон пароканда шуд

Ozodi.org 

Кормандони пулис эътирози назди идораи ҳизби "Нур Отан" дар шаҳри Алматои Қазоқистонро пароканда карданд. Ҳамзамон чанде аз эътирозгарон боздошт шуданд. Пулис замоне ба боздошти эътирозгарон шуруъ кард, ки дар гирдиҳамоӣ талаби истеъфои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дод. Намояндагони додситонӣ ба маҳалли таҷаммуи мардум ҳозир ва талаб карданд гирдиҳамоӣ пароканда шавад. Ба гуфтаи мақомот, гирдиҳамоии сокинон дар назди идораи ҳизби ҳокими Қазоқистон "ғайриқонунӣ" аст. Рӯзи 27... Читать дальше...

Конгресс фармони Трамп оиди вазъи фавқулоддаро рад кард

Ozodi.org 

Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи сешанбе бо қабули як қатънома фармони Трамп дар робита ба эъломн вазъи фавқулодда дар марз бо Мексикаро рад кард. Фармони эълони вазъи фавқулода аз сӯи Трамп рӯзи 15 феврал бо ҳадафи дарёфти харҷи сохтмони девор дар марз ва бе назардошти мавқеи назари Конгресс имзо шуда буд. Бисёре аз қонунгузорон, аз ҷумла бархе аз ҷумҳурихоҳон бар инанд, ки Трамп аз ҳуқуқи худ барои эълони вазъи фавқулода сӯистифода мекунад. Бар асоси Конститутсияи ИМА назорати харҷҳои давлатӣ дар ихтиёри Конгресс аст. Читать дальше...

Фавти як бинокори Масҷиди калонтарини Душанбе

Ozodi.org 

Яке аз бинокороне, ки бар асари сарозер шудан аз гунбази Масҷиди калонтарин дар бемористон бистарӣ шуда буд, ҷон бохтааст. Хабаргузории "Азия плюс" ба нақл аз масъулон дар бемористони Қаряи Боло навишт, ки Давлатшоҳ Юсупови 60-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз замони ҳодиса дар рӯзи душанбеи 25-уми феврал дар ҳолати беҳушӣ ба сар мебурд ва шаби гузашта ҷон бохт. Табибон вазъи саломатии яке дигар аз бинокоронро вахим мегӯянд. Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои... Читать дальше...

Покистон мегӯяд, ду ҳавопаймои ҷангии Ҳиндро сарнагун кардааст

Ozodi.org 

Тибқи тозатарин гузоришҳо, ду ҳавопаймои ҷангии Ҳинд аз сӯи нерӯҳои Покистон дар минтақаи Кашмири сарнагун карда шудаанд. Сухангӯи артиши Покистон гуфтааст, ки се халабонҳои ҳиндиро ба асорат гирифтаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *