Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Февраль
2019

Новости за 04.02.2019

Сафири Русия гуфт, назараш дар бораи андоз дар Тоҷикистон дигар нашудааст

Ozodi.org 

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи Амрико аз созишномаи маҳви мушакҳои дурпарвоз "иштибоҳ" аст. Фролов дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даст кашидани Амрико аз ин созишнома ба вазъи амният дар тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ дорад.

Муҳоҷирони тоҷик бо гумони бемории сурхакон бистарӣ шудаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар миёни 23 нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки бо гумони гирифторӣ ба бемории сурхакон дар як шифохонаи Маскав бистарӣ шудаанд, ду муҳоҷири кории тоҷик низ ҳаст. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 4-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки кормандони хадамот бо ҳарду муҳоҷир суҳбат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорат ба  шифохонаи бемориҳои сироятии рақами 2 дар Маскав рафта ва бо муовини сартабиб дар бораи сирояти беморӣ суҳбат доштаанд. Читать дальше...

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд"

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони Кулоб шикоят доранд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни муҳосибаи барқи масрафкардаи онҳо тақаллуб мекунанд ва аз онҳо пули бештар меситонанд.

dd

Ozodi.org 

Ҳалокати се пажӯҳишгари эронӣ дар натиҷаи сӯхтор

Ozodi.org 

Дар натиҷаи сӯхтор дар Маркази Таҳқиқоти Кайҳонӣ дар Эрон се пажӯҳишгар ба ҳалокат расидаанд. Муҳаммад Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ, вазири мухобироти Эрон рӯзи 3-уми феврал гуфт, оташсӯзӣ дар яке аз биноҳои марказ сабаби марги се пажӯҳишгар шуд. Ҷузъиёти дигари ҳодисаро, ки дар Теҳрон ба вуқуъ пайваст, нагуфтанд. Ному насабу мақоми қурбониёнро эълон накарданд. Бино ба гузоришҳо сӯхтор ҳангоми таҷлили 40-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон дар бинои марказ сар задааст. Барномаҳои кайҳоншиносӣ ва мушакии... Читать дальше...



"Сомон Эйр" ба фурудгоҳи нави Истанбул парвоз мекунад

Ozodi.org 

Ширкати “Сомон Эйр” эълон кард, ки аз рӯзи 3-уми март ба фурудгоҳи нави Истанбул парвоз анҷом медиҳад. Фурудгоҳи тозабунёд, ки 40 километр дуртар аз маркази Истанбул ҷойгир аст, моҳи дигар пурра ба кор оғоз мекунад ва фурудгоҳи “Ататурк” баста мешавад. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ““Сомон Эйр” дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае се маротиба парвоз мекунад”. Парвозҳо  рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мешаванд. Ин ширкат дар як хабарнома рӯзи 4-уми феврал навиштааст, ки ҳоло ба Олмон, Туркия... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 4-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Тоҷикистону Қатар дар соҳаи муҳоҷирати корӣ паймоне ба имзо расонданд, соли гузашта дар сохтмони Роғун 6 кас ба ҳалокат расидааст, мушкили интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон ба ватан, камбуди об дар Шӯроби Исфара ва матолиби дигар.

Путин, Руҳонӣ ва Эрдуғон хотимаи хунрезӣ дар Сурияро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Қарор аст, раҳбарони Русияву Эрону Туркия рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Сочӣ ҷамъ биёянд ва авзои Сурияро баррасӣ кунанд. Дар ин бора расонаҳои Туркияву Русия рӯзи 3-уми феврал гузориш доданд. Ҷузъиёти мулоқоти якҷояи Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғонро нашр накардаанд, вале телевизиони НТВ-и Русия гуфт, ки президентҳои се кишвар дар бораи “манотиқи амн” дар атрофи вилояти Идлиб ва ихроҷи барномарезишудаи Амрико Сурияи ҷангзадаро баррасӣ мекунанд. Се кишвар гуфтаанд, ки мехоҳанд... Читать дальше...

Толибон ба нишасти Маскав ҳайат мефиристанд

Ozodi.org 

Толибон мегӯянд, дар як нишасти “байниафғонӣ”, ки дар Маскав ширкат мекунад, ки қарор аст, дар он ба ғайр аз намояндагони ҳукумат, чеҳраҳои сиёсӣ ва аз ҷумла Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқ ва дигар намояндагони мухолифон ва қабиласолорон ширкат кунанд.   Нишаст рӯзи 5-уми феврал оғоз мешавад ва ду рӯз идома меёбад. Шӯрои Ҷамъияти Афғонҳо, як созмони иттиҳодияи афғонҳо дар Русия бо нашри як баёнияе дар рӯзи 4-уми феврал гуфт, ки нишаст бо мусоидати ин созмон сурат мегирад. Ҳукумати Русия гуфтааст... Читать дальше...

83 нафар мехостаанд, раиси ҷумҳури Украина шаванд

Ozodi.org 

Кумиссиёни марказии интихоботи Украина гуфт, ки сабти номи довталабони номзад ба мақоми раиси ҷумҳур хотима додааст ва 83 нафар барои ширкат дар интихобот ариза додаанд. Интихоботи Украина рӯзи 31-уми март баргузор мешавад ва кумиссиён то ҳол номзадии 28 нафарро тасдиқ кардааст. Дархости 22 нафари дигарро рад кардааст ва аризаи 33 довталаби дигар ҳанӯз баррасӣ мешавад. Феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро рӯзи 9-уми феврал эълон мекунанд. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Петро Порошенко... Читать дальше...

Трамп гуфт, дахолати низомӣ ба Венесуэла яке аз гузинаҳост

Ozodi.org 

ИМА мегӯяд, дахолати низомиро дар Венесуэла ҳамчун яке аз гузинаҳои иқдомҳои худ зидди режими президент Николас Мадуро баррасӣ дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар ин бора дар суҳбат бо телевизиони CBS изҳори назар кард. "Намехоҳам дар ин бора суҳбат кунам, вале, албатта, ин гуна гузина дар ҳоли баррасист", – гуфт Трамп дар суҳбат бо муҷрии барномаи "Рӯ ба кишвар" Маргарет Бреннан. Президенти ИМА афзуд, ки Мадуро чанд моҳ пеш дархости мулоқот бо ӯро кард, вале посухи рад гирифт. Дар ин бора нашрияи ​The Hill хабар дод. Читать дальше...

Бишкек таъсиси пойгоҳи дувуми Русияро аз эҳтимол дур намедонад

Ozodi.org 

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Русия таъсиси пойгоҳи дувуми низомии Русияро дар ҳудуди кишвараш аз эҳтимол дур намедонад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод. "Ҳамаи ин суолҳо дар робита ба боз шудан ё нашудани пойгоҳи дувум дар назорати роҳбарияти кишвари мост. Таъсиси пойгоҳи дувуми низомӣ дар ҷануби Қирғизистон дар салоҳияти роҳбарияти олии ду кишвар аст. Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар мулоқоти моҳи марти президентҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд", - гуфт Ҷекшенқулов. Дар ҳамин ҳол сафир афзуд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *