Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 01.04.2019

Шарофиддин Гадоев дубора раҳбари ҷумбиши "Ислоҳот ва рушд" шуд

Ozodi.org 

Дар изҳороте ҷумбиши “Ислоҳот ва рушд” гуфт, ки дар нишасти изтирории ин созмон рӯзи 31 март дар шаҳри Эйдховени Ҳолланд як маркази ҳамоҳангсозии «Ҳомиёни Ватан»  таъсис шуд, ки ҳадафи асосии он – кӯмак дар демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин марказ бо сарҷамъ овардани «тарафдорон дар дохил ва хориҷи кишвар” мехоҳад дар самти “таҳкими ҳисси ватандӯстӣ”, муттаҳид кардани  “ҳаракату созмонҳо барои бунёди як давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асоси  принсипҳои... Читать дальше...

Ҷавонон бо "нонгазон" ба артиш рафтанд

Ozodi.org 

Якуми апрел дар Тоҷикистон даъвати наваскарон ба артиш бо "нонгазон" шурӯъ шуд. Даҳҳо ҷавон дар Душанбе ва манотиқи дигар дар рӯзи нахусти даъват тайи маросимҳое бо волидон хайрухуш кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.

"Пирӯзии Зеленский - як эътироз ба элитаи ҳукмрон аст". Назарҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Украина. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пирӯзии ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Украинаро коршиносони тоҷик як падидаи нав дар саҳнаи сиёсии ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ арзёбӣ мекунанд.

Ортиқи Қодир: Чаро ҳаҷвнигор сиёсатмадор набошад?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон агарчӣ таваҷҷуҳ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Украина зиёд нест, аммо таҳлилгарон онро аз наздик пайгирӣ мекунанд. Ҳамкорони мо дар Душанбе аз чанд таҳлилгар ва ҳунарпеша пурсиданд, ки сабаб чист, ки мардум сиёсатмадорони ботаҷрибаро канор гузошта ба ҳаҷвнигоре раъй додаанд.

Зеленский пештози интихоботи президентӣ дар Украина аст

Ozodi.org 

Тибқи хулосаи муқаддамотии назарсанҷии миллӣ дар Украина, ҳаҷвнигори шинохта Владимир Зеленский бо беш аз 30 дар сади раъйи мардум дар даври аввали интихоботи президентии рӯзи якшанбе пирӯз хоҳад шуд.

Оқибатҳои фалокат дар Сангворро бартараф мекунанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Сангвор наҷотбахшон ба бартараф кардани паёмади офатҳои табии ҳафтаи гузашта оғоз намудаанд. Ҳамзамон комиссияи вижа зарари расидаро ҳисоб мекунад. Бар асари тундбоди 29-уми март боми беморхонаи деҳаи Хипшон ва боми чанд хонаи сокини ноҳия осеб дид.



Ахбори Озодӣ аз рӯзи 1-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Зарари фалокати табииро дар Сангвор бартараф мекунанд, Мавсими даъват ба артиш бо гиряи модарон оғоз ёфт, Кумитаи андоз аз баланд бурдани нархи интернет ҳимоят кард, Пештозии Зеленский дар интихоботи Украина аз назари тоҷикон, Шикояти модари танҳо аз маоши кам ва аммо харҷи зиёд

Молики ширкати S7 аз суқути ҳавопаймо дар Олмон ба ҳалокат расид

Ozodi.org 

Яке аз моликони ширкати ҳавонавардии S7 ва бойтарин зани Русия Наталия Филёва аз суқути ҳавопаймо дар Олмон ба ҳалокат расид. Намояндаи расмии ширкат ин маълумотро ба хабарнигорон тасдиқ кард. Филёваи 55-сола соли 2018 дар феҳрасти Forbes - бойтарин занҳои Русия, ҷойи чаҳорумро ишғол мекард. Forbes дороиҳои Филёваро $600 миллион арзёбӣ кардааст.  Ҳодиса дар фурӯдгоҳи Франкфурт рух дод. Ҳавопаймои хусусӣ, ки Наталия Филёва дар он буд, ҳангоми нишастан дар фурӯдгоҳи Эгелбах (Франкфурт-на- Майне) суқут кард. Читать дальше...

Оғози мурофиаи хабарнигори "Настоящее Время" дар Нур-Султон

Ozodi.org 

Дар пойтахти Қазоқистон баҳси додгоҳии хабарнигори телевизиони "Настоящее Время" Светлана Глушкова оғоз шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа мегӯянд, бо таъсиси парванда мақомот талош доранд, монеи фаъолияти рӯзноманигор шаванд. Субҳи рӯзи душанбе назди додгоҳ даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва сокинони пойтахт ҷамъ шуданд. Талори хурди додгоҳ натавонист, ҳамаи ҷамъшудаҳоро фаро гирад. Глушкова айбҳои эълоншударо сохта унвон кард. Рӯзи 22 март кормандони пулис ӯро замоне боздошт карданд... Читать дальше...

Мирзиёев аз мансабдорон хост, кафкӯбӣ ва суханони болохонадорро бас кунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 март дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Бухоро аз мансабдорон хост, қарсакзаниҳои баланду мадҳ ва ситоишро канор гузошта, бо сокинон аз наздик ва ҳадафмандона кор кунанд. Шавкат Мирзиёев гуфт, тамоми кору барномаҳои мансабдорони давлатии Узбекистон бояд ба нафъи сокинон бошад. "Ин бояд дар ҳар як кӯча ва зиндагии мардум эҳсос шавад. Бояд қарсакзаниҳои баланду мадҳ ва ситоишро канор гузошта, бо ҳар як сокин ва хонавода ҳадафмандона кор кард", - изҳор дошт ӯ. Читать дальше...

Комиссиюни вижа харобиҳои Сангворро арзёбӣ мекунад

Ozodi.org 

Комиссияи вижае дар ноҳияи Сангвор харобиҳои ҳосилшуда дар натиҷаи офатҳои табиии ҳафтаи гузаштаро ҳисоб мекунад. Бар асари тундбод рӯзи 29-уми март болопӯши беморхонаи деҳаи Хипшон ва боми чанд хонаи сокини ноҳия осеб дид. Шаби 27-уми март дар паи кӯчиши тарма шаш хона дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) зиён дида, даҳҳо чорпои мардум кушта шуд. Феълан иттилое дар бораи хисороти ҷонӣ дар даст нест. Шаби 27 март як сокини маҳаллӣ – Наврӯзи Назар ба ҳалокат расид, вале феълан маълум нест... Читать дальше...

Боздошти шарики Бутефлиқо ҳангоми фирор аз Алҷазоир

Ozodi.org 

Раҳбари пешини Форуми сарварони ширкатҳои Алҷазоир Алӣ Ҳаддод субҳи рӯзи 31 март дар марзи Алҷазоир бо Туинс боздошт шуд. Ба навиштаи нашрияи Al Khabar ва Al Watan, Алӣ Ҳаддод, ки дар як мошин бо ронанда сафар мекард, бо маблағи қобили мулоҳиза боздошт шуд. Ӯро кормандони гумруки Алҷазоир дар постгоҳи Ум-Тебул, вилояти Ал Тарф манъ карданд ва ба пулис супурданд. Форуми ширкатҳои Алҷазоир (конфедератсияи таъминкунандагони ҷойи кор), ки Алӣ Ҳаддод раҳбараш буд, аз президенти Алҷазоир Абдулазиз... Читать дальше...

Дар Узбекистон ҷасади модару се кӯдак аз қубури об пайдо шуд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Хӯҷайлии Қарақалпоқистон 28 март ҷасади занеро бо се кӯдакаш аз қубури об пайдо карданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки модару кӯдакон дар натиҷаи худкушӣ ё тасодуф ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои ин хонавода, кӯдакон 7-моҳа ва 2-3-сола буданд. "Дар наздикии хонаи мо қубури об аст, ки болояш кушода мебошад. Сокинони деҳа аз оби он истифода мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки кӯдакон аз беэҳтиётӣ ба қубур афтидаанд ё онҳоро касе партофтааст. Пулис ҳодисаро тафтиш дорад", - гуфт ҳамуҳбати мо 29 март. Читать дальше...

Беш аз 200 мошини борбар дар марзи Қирғизистону Қазоқистон дармондаанд

Ozodi.org 

Шумори мошинҳои борбаре, ки дар навбати убури гузаргоҳи марзии "Оқтилек - Автодорожний"-и Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъ шудааст, ба бештар аз 200 адад расид. Дар ин бора сухангӯи Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Салкин Абдикариева хабар дод. Бархе аз мошинҳо аз тафтиш нагузашта, аз марз баргардонида шудаанд. Абдикариева хабари комилан қатъ шудани убури мошинҳои борбарро рад кард. "Санаи 30 март дар як рӯз 150 мошин марзи Қазоқистонро убур кард. Ин теъдод мошинҳо аз марз гузашта, ҳамин адад мошини дигар дар назди марз ҷамъ шудааст. Читать дальше...

Брейк-данс метавонад намуди олимпии варзиш шавад

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) пешниҳодро дар бораи ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид кардани брейкданс, скейтборд, серфинг ва шӯхпаймоии варзишӣ пазируфтааст. Дар ин бора сомонаи КБО хабар додааст. Ба назари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, ба барномаи Олимпиада дохил намудани ин намудҳои нави варзиш имкон медиҳад, ки Бозиҳо барои ҷавонон хеле ҷолиб гарданд. Вале барои он ки брейк-данс ва дигар намудҳои пешниҳодшуда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шаванд, тасмими кумитаи иҷроияи КБО... Читать дальше...

Гуштигирони навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо бе медал монданд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 30-31-уми март дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, бе медал монданд. Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Тула 325 варзишгар (178 писар ва 147 духтар) аз 20 кишвар иштирок дошт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чор гуштигир дохил буд. Аз байни онҳо танҳо Ғаниҷон Ғаниев натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило, ки дар даври аввал озод буд... Читать дальше...

Интихоботи маҳаллӣ дар Туркия -- пешсафии мухолифон дар Анқара, рақобати сахт бар сари Истанбул

Ozodi.org 

Бо вуҷуди пештозии ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққӣ" дар интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳои Туркия, аммо мухолифон муваффақ шудаанд пас аз 25 сол дар пойтахт Анқара ба пирӯзӣ бирасанд ва дар Истанбул низ орои зиёди интихобкунандагонро аз худ кунанд. Дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара Мансур Явош, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ -- ҳизби аслии мухолифи ҳукумат, муваффақ шудааст, наздик ба 50 дарсади раъйҳоро дар интихоботи шаҳрдориҳо аз они худ кунад. Ба ин ҳисоб, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ муваффақ шудааст... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *