Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 24.04.2019

Садои таркиш дар гардиши фурудгоҳи Душанбе. Садама дар хатти барқ? АКС

Ozodi.org 

Шаби 24-уми апрел дар маҳаллаи "Гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе" садои таркиш шунида шуд. Сокинони атрофи маҳалли ҳодиса гуфтанд, садои таркиш то ҳадде баланд буд, ки хонаҳоро ларзонд. Як масъули идораҳои фавқулода дар маҳалли ҳодиса дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "расиши ноқилҳои баландшиддати нерӯи барқ ба вуқуъ пайвастааст, ки аз зери замин мегузарад". Вай афзуд, "ворид шудани об ба шабакаи зеризаминии хатҳои интиқоли барқ ба ин вазъ сабаб гардид". Дертар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияи расмӣ ҳодисаро тасдиқ кард. Читать дальше...

Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони чаҳор маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро, ки дар наздикии дарёи Элок ҳастанд, ба ҷойҳои амн кӯчондаанд, то дар зери сел намонанд. Борони сахти рӯзи 24-уми апрел боис ба боло рафтани сатҳи оби дарёи Элок шуд.

Қарори боло бурдани нархи Интернет бекор карда шуд

Ozodi.org 

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қарори ҷанҷолбарангези худро дар бораи афзоиши нархи Интернет ва гуфугӯҳои мобилӣ бекор кард. Фармони навро рӯзи 24-уми апрел раиси тозатаъйини ин ниҳод Икромиддин Вализода тасвиб намуд.

Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд. АКС

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони чаҳор маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро, ки дар наздикии дарёи Элок ҳастанд, ба ҷойҳои амн кӯчондаанд, то дар зери сел намонанд. Борони сахти рӯзи 24-уми апрел боис ба боло рафтани сатҳи оби дарёи Элок шуд.

Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб шуд

Ozodi.org 

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Ин маросим рӯзи 24-уми апрел дар Душанбе баргузор гардид. Муовинони ӯ дар ин мақом Достонбек Конокбоев аз Қирғизистон ва Арслон Ойназаров аз Туркманистон ҳастанд. Акнун қароргоҳи Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ аз шаҳри Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон мекӯчад. Ба ҳайати нави кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз президенти CAFA ва муовинонаш... Читать дальше...

Маркази нав барои инъикоси баҳсҳои марзӣ

Ozodi.org 

Қарор аст, дар моҳҳои наздик барои хабарнигорони Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон маркази матбуотии сайёр ташкил шавад. Онҳо ҳангоми сар задани низоъ бо якдигар дар иртибот шуда, аз паҳн гардидани хабарҳои яктарафа пешгирӣ хоҳанд кард. Ҷузъиёти дигар дар навори видеост.

Амволи Кабирӣ давлатӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи пойтахт рӯзи 24-уми апрел қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ намуд, ки бар асоси он беш аз 20 хона ва маркази савдо, дар доираи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, бояд ба нафъи давлат мусодира шаванд.



Ҳушдори Аврупо ба Амрико дар бораи нафти Эрон

Ozodi.org 

Кохи Сафед, ки қаблан ҳашт кишвари ҷаҳонро ба муддати 6 моҳ аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон озод ё муоф карда буд, аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ким Чен Ин барои мулоқот бо Путин вориди Русия шуд

Ozodi.org 

Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин субҳи имрӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин вориди Русия шуд. Ким Чен Инро дар истгоҳи марзии Хасан губернатори Примори Олег Кожемяко ва вазири рушди Шарқи дури Русия Александр Козлов пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Ким Чен Ин дар баробари мансабдорон духтарони рус бо либоси миллӣ низ баромаданд. Бино ба хабарҳо, Ким Чен Ин дар Хасан аз Хонаи дӯстии Русияву Куриёи Шимолӣ, ки бо номи "хонаи Ким Ир Сен" маъруф аст, боздид кард. Ин хона соли 1986 дар остонаи сафари падари ӯ ба Русия бунёд шуда буд. Читать дальше...

Дар Ӯзбекистон бонувони дорои шавҳари хориҷиро рӯйхат карданд

Ozodi.org 

Дар Ӯзбекистон духтаронеро, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, рӯйхат мекунанд. Ҳадафи ин иқдом ҷамъоварии маълумот дар бораи шароити зиндагии онҳо дар хориҷ аз кишвар гуфта мешавад. Бино ба хабари расонаҳои Ӯзбекистон, Кумитаи занони ин кишвар 22 апрел нишасти хабариеро баргузор ва масъалаи ҳимояти духтаронеро баррасӣ кардааст, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ намудаанд. Масъулони кумита гуфтаанд, ҳамаи бонувони ӯзбекеро, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, рӯйхат хоҳанд кард. Читать дальше...

Номзадҳои интихоботи президентии Қазоқистон ду нафар шуданд

Ozodi.org 

Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон (ФИКҚ) номзади худро ба интихоботи президентии пешорӯ пешбарӣ кард. Рӯзи чаҳоршанбеи 24 апрел номзадии раиси намояндагии иттифоқи касаба дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Амангелдӣ Таспихов дар ҷаласаи шӯрои кулли Федератсияи иттифоқҳо тасдиқ шуд. Амангелдӣ Таспихов соли 1959 дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Вай донишгоҳи политехникиро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Дар солҳои мухталиф дар вазорати саноат ва тиҷорат фаъолият карда... Читать дальше...

Туркманистон хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷиро "гуруҳбандӣ" мекунад

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Туркманистон номгӯи ихтисосҳои касбкардаи шаҳрвандонро дар хориҷ нашр кард, ки дар дохили Туркманистон эътироф намешаванд. Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон тартиби нави эътирофи дипломҳои донишгоҳҳои хориҷӣ ҷорӣ мешавад. Номгӯи дипломҳое, ки эътироф мегарданд, ахиран нашр шуд. Бар асоси ҳуҷҷати нав, Туркманистон аз ин ба баъд дипломҳои 146 ихтисосеро эътироф намекунад, ки аз сӯи донишгоҳҳои хориҷӣ дода шудаанд. Аммо дипломҳои донишгоҳҳое, ки ба рӯйхати "ТОП 1000", яъне 1000 донишгоҳи беҳтарин шомил шудаанд... Читать дальше...

Сел дар Файзобод боис ба ҳалокати навраси 14-сола шуд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи борони сахти рӯзи 24-уми апрел ва омадани сел дар ноҳияи Файзобод як навраси 14-сола ба ҳалокат расидааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, фоҷиа ҳангоми подабонии наврасон рух додааст. "Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд. Мо борҳо аз омадани селу фаромадани тарма ҳушдор додем, аммо зоҳиран мардум сарфи назар мекунанд", - афзуд ӯ.  Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавти ба камияш ду сокини ноҳияи Файзобод хабар додаанд. Читать дальше...

Додситон барои Хуршед Азизов як соли ҳабс талаб кард

Ozodi.org 

Намояндаи додситонӣ ба Хуршед Азизов, гумонбар ба латту кӯби як духтар дар маркази шаҳри Душанбе, як соли ҳабс талаб кард. Мурофиаи Азизов рӯзи 24-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд. Додрас ба хонаи машваратӣ рафт ва интизор меравад ба зудӣ ҳукм эълон шавад. Навори латту кӯби як духтар дар Душанбе шаби якуми марти имсол аз тарафи корбарони "Фейсбук" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд. Читать дальше...

Агар президент дахолат намекард, нобиноён нобинотар ва муҳоҷирон муҳоҷиртар мешуданд

Ozodi.org 

Фармони баҳсбарангези Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани нархи интернет метавонист, даҳҳо ҷавони нобиноро аз "чашмони сунъӣ" ва садҳо тифли тоҷикро аз дидори ҳаррӯзаи падару модари муҳоҷири худ маҳрум кунад.

Посухи сокинони Душанбе ба кумакхоҳии хориҷиён

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар нақши як сайёҳи хориҷӣ аз чанд раҳгузар дар хиёбонҳои Душанбе бо забони англисӣ кумак хост. Дар ин видео бубинед, ки онҳо то куҷо барои дасти ёрӣ дароз кардан омодаанд ва ё рӯй турш мекунанд.

Паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Зеленский

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома ба Владимир Зеленский гуфтааст, ба ояндаи ҳамкориҳои Душанебву Киев назари нек дорад. Зеленский дар интихоботи рӯзи якшанбеи гузашта пирӯз шуд ва ба ҳукуматдории Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълӣ хотима дод. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми апрел гуфтааст, “бо талошҳои муштарак муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ ба манфиатҳои мардуми мо густаришу таҳким хоҳанд ёфт.”

Ӯзбекистон ба $20 миллион барои муҳоҷирон автобус мехарад

Ozodi.org 

Ӯзбекистон тасмим дорад, дар ивази 20 миллион доллар чанд адад автобус харидорӣ кунад. Яке аз ҳадафҳои хариди автобусҳо "таъмини бехатарии ҳаракати шаҳрвандони Ӯзбекистон ба макони муҳоҷирати муваққатӣ дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар масири мусофират" унвон шудааст. Барои харидани автобусҳо Бонки давлатии рушди Чин қарз медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки автобусҳо аз кадом кишвар харида мешаванд, аммо тахмин меравад, Чин ин автобусҳоро ба Ӯзбекистон ворид кунад. Танҳо... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *