Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 07.04.2019

Комроншоҳ дар Гран-прии ҷудо дар Анталия медал гирифт

Ozodi.org 

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2019”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми рӯзи якшанбе, 7-уми апрел, ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

"Отатурк"-ро бастанд. Фурудгоҳи нави Истанбул ба кор оғоз кард

Ozodi.org 

Фурудгоҳи "Отатурк" дар Истанбул рӯзи шанбе кори худро қатъ кард. Акнун парвозҳо аз фурудгоҳи нави байналмилалии Истанбул анҷом хоҳад шуд, ки дар қисмати аврупоии шаҳр ҷойгир аст. Интиқоли таҷҳизот аз фурудгоҳи "Отатурк" ба фурудгоҳи нав рӯзи ҷумъаи гузашта сурат гирифтааст. Бино ба хабарҳо, ҳафтсад мошини борбар тақрибан 50 ҳазор тонна борро аз фурудгоҳи "Отатурк" то фурудгоҳи нави Истанбул бурдаанд. Дар фурудгоҳи нав беш аз 300 ҳавопаймои Turkish Airlines ҷойгир аст. Парвози нахустин аз фурудгоҳи... Читать дальше...

Мушовири собиқи Доналд Трамп раиси Бонки Ҷаҳонӣ шуд

Ozodi.org 

Муовини пешини вазири молияи Амрико дар умури байналмилалӣ Дэвид Мэлпасс раиси нави Бонки Ҷаҳонӣ интихоб шуд. Ӯ дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016 мушовири Доналд Трамп буд ва дар музокироти маъмурияти Трамп бо Чин ҳангоми "ҷанги тиҷоратӣ" низ нақши фаъол доштааст. Мэлпасс аз рӯзи 9-уми апрел ба ҳайси роҳбари нави Бонки Ҷаҳонӣ корро оғоз мекунад. Ӯ ба ин мақом барои панҷ сол интихоб шудааст. Раҳбари нави Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки мубориза бо камбизоатӣ дар кишварҳои фақири дунёро идома хоҳад дод. Читать дальше...

Нерӯҳои Халифа Ҳафтар дар Троблус. Дар Либия чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Рӯзи шашуми апрел нерӯҳои вафодор ба фармондеҳи бонуфузи низомии Либия  Халифа Ҳафтар ба сӯи Триполӣ (Троблус) рафта ва фурудгоҳи байналмилалии собиқи шаҳрро гирифтаанд. Вазирони умури хориҷии Гурӯҳи ҳафт (G7) аз нишасташон дар Фаронса ба Ҳафтар ҳушдор доданд, ки агар пешравиро ба сӯии ҳукумати Триполӣ мутаваққиф накунад, дар баробараш иқдом хоҳанд кард. Ҳукумати мустақар дар Триполӣ аз ҳимояти байналмилалӣ бархӯрдор аст. Вазири умури хориҷии Фаронса ин иқдоми нерӯҳои Халифа Ҳафтарро дар Либия “бе мавқеъ” унвон карда ва гуфтааст... Читать дальше...

Ваъдаи Нетаняҳу дар мавриди Каронаи Ғарбӣ пеш аз интихобот

Ozodi.org 

Нахуствазири Исроил гуфт, агар дар интихоботи рӯзи 9-уми апрел пирӯз шавад, минтақаҳои Каронаи Ғарбиро ба хоки кишвараш ҳамроҳ хоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу дар ин бора рӯзи 6-уми апрел ва дар посух ба суоли шабакаи 12-и телевизиони Исроил изҳори назар кард. Хабарнигори шабакаи 12 аз Нетаняҳу пурсид, дар ҳоле ки Исроил минтақаҳои гирифташуда дар ҷанги 1967, аз ҷумла Байтулмуқаддаси Шарқиро бо хокаш якҷоя сохтааст, чаро дар мавриди манотиқи Каронаи Ғарбӣ чунин тасмим нагирифтааст? Нахуствазири Исроил гуфт... Читать дальше...

Андоз дар Тоҷикистон ва Узбекистон. Фарқ аз куҷо то куҷост?

Ozodi.org 

Ислоҳот дар бахши андоз дар Узбекистон шумораи андозсупорандаҳоро бештар карда ва даромад ба буҷаро тақрибан ду баробар афзун намудааст. Коршиносон пешниҳод доранд, ки Душанбе аз ин таҷрибаи Тошканд бояд кор бигирад.

"Бонкҳо доллари мардумро мегиранд, аммо доллар намедиҳанд"

Ozodi.org 

Тақрибан чаҳор сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон саррофиҳои мустақилро, ки дар ҳар кӯчаву маҳалла фаъолият доштанд, сабаби ҳарҷу марҷ дар бозори асъор донист ва онҳоро баст. Танҳо ба бонкҳо ва намояндагиҳои онҳо иҷозаи табдили асъори хориҷӣ дода шуд. Сокинон шикоят доранд, ки бонкҳо доллари мардумро мегиранд, аммо ҳангоми зарурат ба онҳо доллар намефурӯшанд.



Хоманаӣ аз Ироқ хост, ки нерӯҳои амрикоиро берун кунад

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ба Ироқ ҳушдор додааст, ки ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави ин кишвар "асари вайронгарона" хоҳад дошт. Хоманаӣ аз Ироқ хостааст, ба зудтарин фурсат нерӯҳои амрикоиро берун кунад. Раҳбари Эрон ин суханҳоро дар Твиттер навиштааст. Рӯзи шанбе ӯ бо Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар Теҳрон дидор дошт. Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ беш аз панҷ ҳазор нерӯ дорад, ки асосан машғули тамрин ва омӯзиши нерӯҳои ин кишвар ҳастанд. Пеш аз ин Иёлоти Муттаҳида аз Бағдод хоста буд... Читать дальше...

8 голи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин тими наврасони Қирғизистонро бо ҳисоби8:0 шикаст дод.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *