Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 10.04.2019

Натаняҳу бори панҷум сарвазири Исроил мешавад

Ozodi.org 

Бино бар натиҷаҳои интихобот порлумонии Исроил, ки рӯзи сешанбеи 9 апрел баргузор шуд, Бинямин Натаняҳу бори панҷум ҳукумати Исроилро раҳбарӣ хоҳад кард. Шумориши 97 дарсади баргаҳои раъй нишон дод, ки ҳизби "Ликуд"-и сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар интихобот пешсаф аст. Ин ҳизб ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш дар Кнессет ё маҷлиси Исроил соҳиби 65 курсӣ шудааст. Пирӯзии Натаняҳу расман эълон нашудааст, вале президенти Исроил Реувен Ривлин ҳафтаи оянда машваратҳояшро барои таъсиси ҳукумати нав оғоз мекунад. Читать дальше...

Мизи гирд: Барои решакан шудани шиканҷа ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки Вазорати умури дохилиро зарур аст барои аз байн бурдани ин мушкил чораҳои қатъиро рӯи даст бигирад. Тоза кардани сафи милиса аз ашхоси тасодуфӣ ва муҷозоти сангин барои шиканҷа аз қабили ин чораҳо буда метавонад.

Вокуниши кишварҳо ба "террористӣ" эълон шудани Сипоҳи посдорони Эрон

Ozodi.org 

Дар феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор гирифтани Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, вокунишҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба миён овард ва шуморе аз кишварҳо аз ин амалкарди Амрико интиқод ва бархе ҳам истиқбол карданд.

Тиру туфангу панҷара. Шеваи маҳви сагҳои хиёбонӣ дар Осиёи Марказӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонварони хиёбонӣ ва бахусус сагони бесоҳиб сарнавишти талхе доранд. Хабарнигорони "Настояшее время" дар панҷ кишвар муносибати гоҳе бераҳмона бо ҷонваронро таҳқиқ карданд.

Ахбори Озодӣ аз 10-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Муҳоҷирон ба хабарҳо дар бораи афзоиши ирсоли пул аз Русия бо шубҳа менигаранд, Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоягузор меҷӯяд, мушкили бозгардони пули амонатгузорони "Тоҷпромбонк" ва матолиби дигар.

Мизи гирд: Чаро рафъи шиканҷа мушкил аст?

Ozodi.org 

Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки Вазорати умури дохилиро зарур аст барои аз байн бурдани ин мушкил чораҳои қатъиро рӯи даст бигирад. Тоза кардани сафи милиса аз ашхоси тасодуфӣ ва муҷозоти сангин барои шиканҷа аз қабили ин чораҳо буда метавонад.



Тиру туфангу панҷара. Шеваи маҳви сагҳои хиёбонӣ дар Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонварони хиёбонӣ ва бахусус сагони бесоҳиб сарнавишти талхе доранд. Хабарнигорони "Настояшее время" дар панҷ кишвар муносибати гоҳо бераҳмона бо ҷонваронро таҳқиқ карданд. Худатон бубинед.

Муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷик "ба ҳуш омад, аммо гап намезанад"

Ozodi.org 

Намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ба таҳқиқи латту кӯби муҳоҷири тоҷик Каримхон Тақсирови чиҳилсола ва писари ӯ оғоз кардаанд. Наздикони Тақсиров гуфтанд, ӯ шоми 7-уми апрел дар ноҳияи Пронайски вилояти Сахалин аз тарафи ду нафар латту кӯб шудааст. Пизишкон вазъи саломатии Тақсировро "вазнин" арзёбӣ кардаанд. Вазъи саломатии писараш Муборак Тақсиров муътадил гуфта мешавад. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Мақомоти Афғонистон: Дар юриши Толибон 20 сарбози афғон кушта шуд

Ozodi.org 

Шаби 8 ба 9 апрел ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои артиши Афғонистон дар наздикии марз бо Покистон ҳамла карда, 20 сарбозро ба қатл расониданд. Дар ин бора рӯзи 9 апрел Муҳаммадюнус Юнусӣ, як узви шӯрои Қандаҳор   хабар дод. Дар ин ҳамла, ки дар ноҳияи Шӯробак рух додааст, ҳашт сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақоми дигари ҳукуматӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро фош намекунад. Сухангӯи Толион Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ иддао кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳост ва ҷангҷӯён инчунин тавонистанд... Читать дальше...

AI аз эҳтимоли шиканҷа шудани додситони пешини Ӯзбекистон хабар дод

Ozodi.org 

Созмони ҳомии ҳуқуқ Amnesty International изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимол дорад, додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар боздоштгоҳ шиканҷа шуда бошад. Amnesty International 8 апрел дар номаи худ ба унвони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳимояти додситони кулли пешин ва 12 мансабдори собиқе аз шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ даъват кардааст, ки дар доираи парвандаи Қодиров боздошт шудаанд. Созмон бо истинод ба чанд манбаи муътамад гуфтааст, ки Қодировро дар боздоштгоҳ хобравӣ намемонанд ва шиканҷа мекунанд. Читать дальше...

Тағийроти кадрӣ. Зоҳидӣ – сафири нави Тоҷикистон дар Эрон

Ozodi.org 

Низомиддин Зоҳидӣ сафири нави Тоҷикистон дар Эрон таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 10-уми апрел фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид. Зоҳидии 62-сола аз соли 2010 то ин дам ба ҳайси муовин ва ноиби аввали вазири умури хориҷӣ кор кардааст. Ӯ дар гузашта раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.    Тоҷикистон дар ҳоле намояндаи нави худро ба Эрон таъйин кард, ки Теҳрон низ моҳи марти имсол сафири нави худро ба Душанбе фиристод. Муносибати ду кишвар тайи тақрибан чаҳор соли охир ба сардӣ печида... Читать дальше...

Бозгашт ба театр баъди 20 моҳи ҳабси хонагӣ. Истиқболи гарм аз Кирилл Серебренников. ВИДЕО

Ozodi.org 

Коргардони театр Кирилл Серебренников, ки тахминан 20 моҳи ахир дар ҳабси хонагӣ буд, як рӯз баъди раҳоиаш 9 апрел дар театр ҳозир шуд. Дар саҳнаи “Гогол-Сентер” намоишномаи худи ӯ ба саҳнагузошта “Ҷонҳои мурда” (бар асоси асари Н.Гогол) намоиш дода шуд. Серебренников ва ҳамкоронаш парвандаи зидди онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Дар ин бора ТВ "Настоящее время" хабар дод.  Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел қарор кард, ки шароити нигаҳдории коргардон Кирилл Серебренников тағйир дода... Читать дальше...

Трамп нақши Қирғизистонро дар пешбурди арзишҳои демократӣ эътироф кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Қирғизистон дар пешбурди арзишҳои демократӣ дар минтақа нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон омодааст, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Бишкек тақвият бахшад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин нуктаҳоро президент Трамп ҳангоми қабули эътимодномаи сафири нави Қирғизистон дар ИМА ва Канада Болот Отунбоев баён доштааст. "Имконияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши робитаҳои тиҷории ду кишвар мавҷуд аст. Мо метавонем дар... Читать дальше...

НАТО гуфт, дар ҳамслаи Толибон се низомии амрикоӣ кушта ва як шаҳрванди Афғонистон маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Ҳайати НАТО дар Афғонистон хабарҳо дар бораи қурбониҳои як ҳамлаи ахири Толибон ба пойгоҳи калони низомии ИМА-ро дақиқ карда гуфтанд, ки дар ҳодисаи 8 апрел се низомии амрикоӣ кушта шуда, як корманди шартномавӣ маҷрӯҳ шуд. Дар гузоришҳои қаблӣ ин корманди шартномавӣ як амрикоӣ гуфта шуд, ки гӯё ҳамчунин дар ҳодиса кушта шуд. Вале дар изҳороти рӯзи 9 апрел нашршуда, ҳайати НАТО гузориши “дақиқкунандаи” ҷузъиёти ҳамларо  дода навишт, ки дар ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Баграм, се низомии амрикоӣ кушта шуда... Читать дальше...

Додгоҳе дар Русия аз ҳуқуқи як зани дуҷинса ҳимоят кард

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург қарори аз кор дар чопхона рондани занеро, ки трансгендер ё дуҷинса будааст, ғайриқонунӣ эътироф кард. Дар як қарори бесобиқа барои Русия, додгоҳ гуфт, ки Григорйева бояд дар ҷои кораш барқарор шавад, ба ӯ ба ҳайси ҷуброни азиятҳои маънавиаш 10 ҳазор рубл (муодили 155 доллар) подош ва 1,8 миллион рубл (ё 27 ҳазору 800 доллар) маоши дар давоми ду сол аз дастдодааш пардохт шавад. Григорйева давоми 10 сол дар як чопхона кор мекард ва соли 2017, баъди он ки аз ҷониби мақомот ба ҳайси як зан сабтином шуд... Читать дальше...

Раҳоии шаш ӯзбекистонӣ аз ғуломӣ дар Чеченистон

Ozodi.org 

Шаш шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои пайдо кардани кор ба Чеченистон рафта буданд, ба ғуломӣ гирифтор шуданд. Як сокини маҳаллӣ зодагони Ӯзбекистонро дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Грознии Чеченистон иҷборан кор фармуда, рафтуои онҳоро маҳдуд кардааст. Ду тан аз шаш шаҳрванди Ӯзбекистон аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ ва боқимонда аз нимаҳои моҳи март дар ғуломӣ гирифтор буданд. Сокини маҳаллӣ ба маҳзи расидани муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифта, дар фермааш иҷборан кор фармудааст. Расонаҳо менависанд... Читать дальше...

Истиқбол аз коргардони театр баъди раҳоӣ аз ҳабси хонагӣ

Ozodi.org 

Коргардони театр Кирилл Серебренников, ки тахминан 20 моҳи ахир дар ҳабси хонагӣ буд, як рӯз баъди раҳоиаш 9 апрел дар театр ҳозир шуд. Дар саҳнаи “Гогол-Сентер” намоишномаи худи ӯ ба саҳнагузошта “Ҷонҳои мурда” (бар асоси асари Н.Гогол) намоиш дода шуд. Серебренников ва ҳамкоронаш парвандаи зидди онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Тоқаев дар байни сафарҳои хориҷӣ ва интихоботи президентӣ

Ozodi.org 

Наталя Пан, ноиби вазири адлияи Қазоқистон гуфт, сафарҳои хориҷии президенти муваққати он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев монеи номзад шуданаш дар интихоботи президентӣ намегарданд. "Ин сафарҳо ба иҷрои вазифаҳо рабт доштанд. Ҷумҳурии Қазоқистон ӯро фиристода буд, ба ҳамин хотир монеи номзад шудани вай намегарданд", - гуфт ноиб-вазири адлия. Қосимҷомарт Тоқаев бо қарори дабири кулли СММ аз моҳи марти соли 2011 то октябри соли 2013 муовини дабири кул, мудири кулли намояндагии СММ дар Женева фаъолият кардааст. Читать дальше...

Ҳизби "Ликуд"-и Натаняҳу дар интихоботи Исроил пешсаф аст

Ozodi.org 

Шумориши 96 дарсади баргаҳои раъй нишон дод, ки ҳизби "Ликуд"-и сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар интихобот пешсаф аст. Ин ҳизб дар Кнессет ё маҷлиси Исроил соҳиби 37 курсӣ шудааст. Эътилофи мухолифи "Кахол-Лаван" бо роҳбарии сардори Ситоди кул Бенӣ Гантс соҳиби 36 курсӣ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба шабакаҳои телевизиони Исроил хабар дод. Бино бар таҳлилҳо, "Ликуд" ва ҳизбҳои муттаҳидаш аз 120 курсӣ 65-торо дар порлумони Исроил соҳиб мешаванд. Иттилои муқаддамоти нишон медиҳад... Читать дальше...

Ҳукумат барои харҷҳои Назарбоев 1 млрд танга медиҳад

Ozodi.org 

Порлумони Қазоқистон 10 апрел тағйирот ба лоиҳаи қонуни буҷаи кишварро барои се соли оянда пазируфт, ки дар асоси он барои харҷҳои президенти қаблии ин кишвар Нурсултон Назарбоев 1 миллиард танга (2,6 млн доллар) ҷудо мешавад. 4 апрел сенати Қазоқистон лоиҳаи қонуни буҷаи сесолаи кишварро барои такмилсозӣ ва ворид кардани харҷҳои дастгоҳи президенти пешин, боло бурдани моҳонаи бархе аз кормандони муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, баргардонд. Барои ин харҷҳо дар маҷмуъ 38 миллиард танга пешбинӣ хоҳад шуд. Читать дальше...

МТС аз Туркманистон $1,5 млрд ҷуброн талаб дорад

Ozodi.org 

Ширкати мобилии МТС аз Туркманистон шикоят кард ва аз ин кишвар 1,5 миллиард доллар ҷуброн талаб дорад. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст. Моҳи июли соли 2018 ширкати мазкур ба Маркази байналхалқии танзими баҳсҳои сармоягузории назди Бонки ҷаҳонӣ шикоят бурд. Ин ширкат мақомоти Ишқободро дар иҷборан рондани намояндагиаш аз Туркманистон айбдор кард. Ширкат зери фишорҳои мақомоти Туркманистон маҷбур шуда буд, ки фаъолияташро дар он кишвар қатъ кунад. Як сол пеш ширкат ҳаҷми зиёни... Читать дальше...

Президенти Ӯзбекистон 27 тарҳро зери назари худ гирифт

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон роҳбарони чанд ширкат ва инчунин мақомоти вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Сурхандарё, Намангон, Фарғона ва Хоразмро аз фаъолиятҳои камсамарашон огоҳ кард. Ба иттилои маркази матбуотии президенти Ӯзбекистон, дар доираи Барномаи сармоягузории соли 2019 ба бештар аз 3,2 ҳазор лоиҳа қариб 14 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Аммо сарфи назар аз ин, чанде аз ширкатҳо ва созмонҳо фаъолияти хуб нишон надодаанд. Ба ин далел Шавкат Мирзиёев тасмим гирифтааст... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *