Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 29.04.2019

RSF: Аз масдудкунии сайтҳо касе фоида намебинад

Ozodi.org 

Созмонҳои ҳомии озодии баён - Гузоришгарони бидуни марз ва Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, масдудкунии вебсайтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро хотима диҳанд.

Баҳс сабаби таъхири парвоз аз Бохтар ба Маскав шуд

Ozodi.org 

Масъулони Фурудгоҳи шаҳри Бохтар таъхири ҳавопаймои ширкати русии “Нордвинд”- ро ки озими Маскав шуд, тасдиқ карданд, вале сабаби онро шарҳ надоданд. Аммо ба қавли як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ баҳс миёни корманди фурудгоҳ ва масъули ширкати "Нордвинд" сабаби таъхири дусоата ва поён кардани мусофирон аз ҳавопаймо шудааст. Як сокини Бохтар, ки хоҳарзодааш Рӯзибой Расуловро ба Маскав равон кард, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як даъво сабаб шуд, ки бори мусофиронро аз ҳавопаймо берун кашанд ва боз дохили ҳавопаймо кунанд. Читать дальше...

Таъсиси маркази нави ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскав маркази нави ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик боз шуд. Ин марказ бо ҷалби панҷ ҳуқуқшинос  кори худро аз рӯзи 29-уми апрел шурӯъ кард. Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва аз муассисони ин марказ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои кӯмак ба корафтодаҳо панҷ ҳуқуқшиноси касбӣ ҷалб мешавад. Ӯ гуфт, ки хидмати ҳуқуқшиносон дар маҷмӯъ ройгон ва ҳам бетанаффус хоҳад буд. Дар оянда нақша ин аст, ки мутахассисони марказ ба корафтодаҳо аз Тоҷикистон дар  дарёфти ҷойи кор низ мусоидат кунанд. Читать дальше...

Шаҳрвандони Қирғизистон зидди кони уран раҳпаймоӣ карданд

Ozodi.org 

Дар ин иқдом наздики 200 сокини маҳаллӣ ширкат кард. Онҳо талаб карданд, ки корҳои иктишофӣ ва истихроҷи уран дар саросари Қирғизистон манъ шавад. Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Балиқчӣ роҳпаймоии эътирозӣ то шаҳри Бишкекро манъ, аммо гирдиҳамоиро иҷозат дода буд. Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар заданд, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд. Ширкати... Читать дальше...

Додгоҳи Швейтсария фурӯши мошинҳои Гулнора Каримоваро манъ кард

Ozodi.org 

Се мошини гаронарзише, ки аз духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова мусодира гаштаанд, фурӯхта нахоҳанд шуд. Бино ба иттилои Le Temps, арзиши се мошини Каримова - Mercedes-Benz SLR2DR, Bentley Arnage ва Range Rover Sport V8 1 миллион франк (ҳудуди 1 миллион доллар) муайян шудааст. Ба навиштаи Nashagazeta.ch, Додгоҳи федеролии Швейтсария дар робита ба қазияи духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон ду қарореро содир карда, ки яке аз онҳо фурӯхтани мошинҳои Каримоваро манъ мекунад. Читать дальше...

Макрону Меркел Косовову Сербистонро дубора сари мизи гуфтугӯ даъват мекунанд

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел қарор аст рӯзи 29 апрел дар як нишасти минтақавӣ дар Берлин мавзӯи зарурати азсаргирии гуфтугӯҳои миёни Сербистон ва Косоворо баррасӣ кунанд. Дафтари матбуотии президенти Фаронса дар як баёния  рӯзи 28 апрел эълон кард, ки ин нишаст  ба   "устувории минтақа ва таваҷҷӯҳи вижа ба дарёфти роҳи гуфтугӯи  миёни Сербистон   ва Косово" нигаронида шудааст. Гуфтушунидҳо миёни  Сербистон ва Косово бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо соли гузашта... Читать дальше...



Ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз фаъолони ҳабсшудаи қазоқ

Ozodi.org 

Дар пойтахти Қазоқистон шоми 28 апрел даҳҳо ҷавон ба ҷонибдорӣ аз фаъолони мадание ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд, ки дар ҷараёни марафони Алмато барои шиори "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест" боздошт шуданд. Ҷамъомадагон дар даст лавҳаеро бо акси фаъолони боздоштшуда -- Осия Тулесова, Бейбарис Толимбоев, Суинбике Сулаймонова, Айдос Нурболатову Ойгул Нурболатова ва навиштаи "Қаҳрамонҳои мо" доштанд. Яке аз онҳо пироҳанеро бо навиштаи "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест. Ман интихоб дорам" ба бар карда буд. Читать дальше...

"Avengers: Endgame" дар нахустин рӯзҳои истироҳат рекорд гузошт

Ozodi.org 

Филми "Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ" (Avengers: Endgame) - чаҳорумин ва охирин силсилафилми "интиқомҷӯён"-и абарқаҳрамонони дунёи Marvel аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба фурӯш баромаданаш рекорд гузошт. Нашрияи Walt Disney, ки ҳаққи фурӯши филмро дорад, хабар дод, филми мазкур дар нахустин рӯзҳои фурӯшаш 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард. Дар ИМА ва Канада "Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ" 350 миллион ва дар Чин 330 миллион доллар ҷамъ кард. Бино ба пешгӯии Bloomberg, филми мазкур эҳтимол дорад, бештар аз 2,5 миллиард доллар ҷамъ оварад. Читать дальше...

Дар шарқи Туркманистон кишоварзонро ба пиллапарварӣ маҷбур мекунанд

Ozodi.org 

Дар вилояти Лебапи Туркманистон кишоварзонро ба пиллапарварӣ маҷбур мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳид, кишоварзон ба далели камдаромад будани абрешим, намехоҳанд даст ба ин кор зананд. Аммо мақомоти маҳаллӣ аз равишҳои мухталиф кор мегиранд, то кишоварзон ва сокинони маҳаллиро ба ин кор маҷбур кунанд. "Соли гузашта одамонро фиреб карданд. Ваъда дода буданд, ки дар ивази ҳар пилла даҳ кило беда медиҳанд. Аммо бисёре аз пиллапарварон беда дарёфт накарданд. Имсол ҳам ҳамон ваъдаро доданд, вале сокинон дигар бовар накарданд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 29-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Гирдиҳамоӣ дар назди қароргоҳи ширкати "Фароз", боздошти мақомдори дафтари матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, мубоҳисаи сулҳи Афғонистон ва модар бовар надорад, ки писараш мехост бомбгузории маргталабона ба амал орад.

Ӯзбекистону Қазоқистон ҷузъиёти "Silk Visa"-ро ҳал мекунанд

Ozodi.org 

Ӯзбекистону Қазоқистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ тасмим доштанд, намунаи Шенгени Аврупоӣ - визаи ягонаи "Silk Visa"-ро роҳандозӣ кунанд, ки дар оянда мумкин аст, кишварҳои дигари минтақа фаро гирифта шаванд. "Мақомоти масъули Ӯзбекистону Қазоқистон ҳоло ин тарҳро фаъолона омоде мекунанд. Сабаби аслии то кунун роҳандозӣ нашудани тарҳ дар он аст, ки ду кишвар равишҳои мухталифи низоми бевизаро бо кишварҳои хориҷӣ дар пеш гирифтаанд. Қазоқистон рӯйхати алоҳидаи кишварҳоеро дорад, ки бо онҳо равуои бевизаро ба роҳ мондааст... Читать дальше...

Гирдиҳамоӣ дар назди дарвозаҳои ширкати "Фароз"

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурухтаанд, дар назди идораи ин ширкат ҷамъ омада ва хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.

Лоя Ҷирга бо ҳузури президенти Афғонистон ва бидуни доктор Абдулло шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ  рӯзи 29 апрел  Лоя Ҷиргаи машваратии сулҳро ифтитоҳ кард, ки дар он  беш аз 3 ҳазор намоянда аз берун ва дохили кишвар ба хотири баррасии мавзеи муштарак дар гуфтушуниди сулҳ бо Толибон гирди ҳам омаданд. Лоя Ҷирга , ки сиёсатмадорон, бузургони қабила ва шахсони дигари барҷастаро якҷо овардааст, аз сӯи чандин мақоми баландпоя, аз ҷумла раиси ҳукумати иҷроия  Абдулло Абдулло, ҳамкори Ғанӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ  ва  Ҳомид  Карзай  президенти пешин таҳрим карда шудааст. Читать дальше...

Дар Кӯлоб модари ҷавоне сегоник таваллуд кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кулоб нимаи моҳи апрел як зани ҷавон сегоник ба дунё овард. Мавзуна Мадисоева сокини 26-солаи шаҳр сегоникро рӯзи 14-уми апрел дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овардааст ва ҳамаи онҳо ба гуфтаи амакашон сиҳату саломатанд. Қурбоналӣ Одинаев, амаки тифлони навзод рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи сиҳатии ду духтару як писари Мавзуна ва сиҳатии худаш хуб аст. Ӯ афзуд: “Кӯдакон рӯзи 14-уми апрел соати 2 дар ҳафтмоҳагӣ таваллуд шудаанд ва табибон рӯзи 20-ум онҳоро ҷавоб доданд. Читать дальше...

СБП гуфт, вазъи иқтисоди Эрон хуб нест

Ozodi.org 

Гузориши нави Сандуқи байналмилалии асъор мегӯяд, ки соли ҷорӣ эҳтимол дорад иқтисоди Эрон то шаш дарсад коҳиш ёфта, мизони таваррум 40 дарсадро ташкил диҳад. Эрон дар шароити муқобила бо таҳримҳои иқтисодии ИМА ба сар мебарад, ки моҳи ноябри соли гузашта дубора ба кор андохта шуданд. Вашингтон гуфт, ки аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуда буд, берун мешавад ва дубора таҳримҳои иқтисодӣ нисбати ин кишварро ҷорӣ хоҳад кард. Рӯзи 21 апрел Кохи Сафед гуфт, ки тасмими аз таҳрим озод кардани харидорони нафти Эронро бозбинӣ нахоҳад кард. Читать дальше...

Гирдиҳамоӣ дар назди дарвозаҳои ширкати "Фароз". ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурухтаанд, дар назди идораи ин ширкат ҷамъ омада ва хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.

Озод шудани легионерҳои хориҷии футболи тоҷик аз андоз

Ozodi.org 

Мутахассисон ва коршиносон мегӯянд, ки озод кардани мураббиёну бозигарони хориҷӣ аз андоз барои рушди футболи тоҷик мусоидат мекунад. Порлумони Тоҷикистон чанде қабл бо тағйир ба Қонуни буҷаи соли 2019 мураббиён ва бозигарони хориҷиро аз пардохти андоз аз даромад озод кард.

"Лукойл" сармояҳояшро дар Ӯзбекистон ба $10 млрд мерасонад

Ozodi.org 

Ширкати русии "Лукойл" тасмим дорад, барои рушди тарҳҳои кунунии Ӯзбекистон 2 миллиард доллари дигар сармоягузорӣ кунад. Дар ин бора президенти ширкат Вагит Алекперов 25 апрел дар ҷаласаи сайёри Шӯрои мудирони "Лукойл" дар Бухоро хабар дод. Сармояҳо ба пешгирӣ аз коҳиши истихроҷ дар конҳои Ҳисор ва Қандим равона хоҳад шуд. Бино ба хабарҳо, ин ширкати Русия тайи 15 соли ахир дар Ӯзбекистон 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки ҳукумати Ӯзбекистон... Читать дальше...

Халилзод: "Созиши минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон ҳанӯз ҳосил нашудааст"

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам ба як иҷмоъ ё назари ягонаи минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон даст наёфтаанд. Вай ин мавзуърон рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иброз дошт.

Ёвари як додситон дар Узбекистон пиёдагардеро пахш кард ва фирор намуд

Ozodi.org 

Садамаи маргбор бо ширкати ёвари додситон 25 апрел дар ноҳияи Марҳамати Узбекистон рух дод. Марди 45-сола зери чархи мошини корманди додситонии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон монд. "Садама хеле ваҳшатангез буд. Вақте одамон ба ҷои ҳодиса омаданд, ронандаро пайдо накарданд. Марди 45-соларо ба бемористон бурданд, вале табибон хабар доданд, ки вай аллакай мурдааст",-гуфт як шоҳиди ҳодиса. Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки пӯшти фармони мошин ёвари додситони ноҳияи Марҳамат Б.П. қарор дошт. Читать дальше...

Таҷлил аз солгарди таъсисёбии пойтахти Қирғизистон

Ozodi.org 

Шаҳри Бишкеки Қирғизистон 29 апрел 141-сола мешавад. Бахшида ба Рӯзи пойтахт шаҳрдорӣ барномаи ҷашнӣ омода кардааст. Чаробиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ дар саросари шаҳр занӯз аз 19 апрел шуруъ шуданд. Чорабинии асосӣ дар рӯзи ҷашн дар майдони марказии пойтахт - "Ала-Тоо" баргузор мешавад. Дар консерти бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳунармандони хориҷӣ ширкат мекунанд. Дар поёни ҷашн мушакпарронии 6-дақиқаӣ сурат мегирад. Имрӯз аз соати 4 шом хиёбони марказии Бишкек барои убури нақлиёт баста мешавад.

Номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон 9 кас шуданд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 9 июни соли равон ба поён расид. Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) гуфт, номзадии 9 нафарро ба қайд гирифтааст. Ба огаҳии КМИҚ, рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта рӯзноманигор Содибек Тугел низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Номзадии ӯ аз сӯи ҳаракати "Ұли дала Қирандари" пешбарӣ шудааст. 23 апрел иштирокдорони анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ аз номзадии... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *