Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 30.04.2019

Баҳодур Усмонов: Ба ғалабаҳои нав омода мешавам!

Ozodi.org 

Баҳодур Усмонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 20-ум то 26-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Барои чӣ қулфинай ва ё тути заминиро аз Панҷшанбе гирифтанд?

Ozodi.org 

Мақомот дар шаҳри Хуҷанд садҳо килограмм қулфинайро аз растаҳои бозор гирифтанд ва ба тоҷирон иҷоза надоданд, ки онҳоро фурушанд. Сабаб вайрон шудани меваи тобистонӣ дар роҳ будааст. Гуфтанд, ки хабарҳо дар бораи заҳролуд шудани одамон дуруст нест.

Шаҳбол Мирзоев: Ягона орзуям ин аст, ки рӯзе ба по хезам. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки панҷ сол пеш ҳангоми хидмат дар артиш маъюб шуд ва ҳанӯз рӯи бистари беморӣ хоб аст, ба синни 27 расид. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати ӯ рафт.

Гуайдо гуфт, "марҳилаи ниҳоии" барканории ҳукумати Мадуро амалӣ мешавад

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони Венесуэла Ҳуан Гуайдо гуфт, ки «марҳилаи ниҳоии» нақшаи барканории президент Николас Мадуроро ба роҳ монда, иддао кард, ки аз пуштибонии «сарбозони ҷасур» бархурдор аст. Вале тарафдорони президент Мадуро гуфтанд, ки чизе тағйир наёфтааст ва кишварро онҳо назорат мекунанд. Мақомот дар ҳукумати Мадуро рӯзи 30 апрел амалкарди Гуайдоро ҳамчун талоши табаддулоти давлатӣ маҳкум карданд. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар пойгоҳи ҳавоии беруни Каракас ба сӯи Гуайдо ва ҳам даҳҳо мардони низомипӯш бо гази ашковар  ҳамла сурат гирифт. Читать дальше...

Шаҳболи маъюб: "Орзуям ин аст, ки ба по хезам"

Ozodi.org 

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки панҷ сол пеш ҳангоми хидмат дар артиш маъюб шуд ва рӯи бистар хоб аст, 27-сола шуд. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати ӯ рафт.

Нахустин форуми вакилони ҷавони Қирғизистон ва Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 29-30 апрел Форуми I вакилони ҷавони Қазоқистону Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ, ки бо ҳимояти Клуби дипломатии Остона ташкил шудааст, намояндагони Кумитаи кор дар умури ҷомеаи шаҳрвандии вазорати иттилоот ва ризоияти ҷамъиятии Қазоқистон, Эътилофи вакилони ҷавони Қирғизистон, вакилони маҳаллӣ ва вакилони шаҳрии ду кишвар, тоҷирон, коршиносон, аъзои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои ҷавонон ширкат мекунанд. Дар ин чорабинӣ мавзуи "Модели идораи маҳаллӣ дар Қирғизистон ва Қазоқистон... Читать дальше...



Дарозтарин пули Тоҷикистон аз болои обанбори Роғун

Ozodi.org 

Ду бонки байналмиллалӣ барои таҷдиду азнавсозии роҳи Ваҳдат-Рашт- Лахш- Қарамиқ, ки аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  мегузарад, ба Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз медиҳанд. Бинобар маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки рӯзи 30-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд, 350 миллион доллар қарзро Бонки Осиёи Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи тарҳи СAREC ихтисос медиҳанд. Ин маблағ барои таҷдиди қитъаи 72 то 158-ум километри роҳ аз Обигарм то Нурободро дар бар мегирад. Дар доираи... Читать дальше...

Мулоқот Гутерреш ва раҳбари Чин дар пасманзари танқид аз вазъи ҳуқуқи башар

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш дар нишасти ахири худ бо президенти Чин Си Ҷинпин   вазъияти ақаллиятҳои уйғури Чинро баррасӣ намуда,  аз раҳбари Чин хостаст, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.   Сухангӯи Созмони Миллал  Стефан Дужарик рӯзи 29 апрел гуфт, ки Гутерреш ба  Си Ҷинпин  гуфтааст, ба  ҳуқуқи инсон бояд “пурра”,  ҳатто дар ҷараёни мубориза ба терроризм ва экстремизм риоя шавад. Гутерреш рӯзи  26-уми апрел дар Пекин бо Си Ҷинпин вохӯрдааст. Дужарик гуфт, ки рӯҳияи мулоқот "хеле самимӣ" ва "боз" буд. Читать дальше...

Зеленский расман президенти тозаинтихоби Украина эълон шуд

Ozodi.org 

Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ)-и Украина рӯзи 30 апрел натиҷаҳои даври дувуми интихоботи президентии ин кишварро эълом дошт ва зимни ин Володимир Зеленскийро расман президенти тозаинтихоби Украина номид. Пайнавишти ин ҷаласаи КМИ-ро намояндагони ҳамаи номзадҳои интихобот имзо карданд, шикоятҳое, ки ин қарорро зери шубҳа гузоранд, садо надоданд. Зеленский дар даври дувум зиёда аз 73 ва арқиби ӯ Петро Порошенко беш аз 24 дарсад раъй гирифтанд. Маросими савганди президенти нави Украина бояд... Читать дальше...

Гутереш аз раҳбари Чин хост, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутереш дар мулоқоти охири худ бо президенти Чин Си Ҷинпин вазъияти ақаллиятҳои уйғурро баррасӣ кардааст. Ӯ аз роҳбари Чин хостаст, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Сухангӯи Созмони Милал Стефан Дуҷорик рӯзи 29-уми апрел гуфт, Гутереш ба Си Ҷинпин гуфтааст, "ба ҳуқуқи инсон бояд пурра эҳтиром гузошт, ҳатто ҳангоми мубориза ба терроризм ва экстремизм". Гутереш рӯзи 26-уми апрел дар Пекин бо Си Ҷинпин вохӯрдааст. Дуҷорик гуфт, мулоқот "хеле самимӣ ва боз" буд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 30-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Оилаи муҳоҷири тоҷик бо истирдод аз Полша мувоҷеҳ аст, болоравии нархи гӯшт дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, қазияи қулфинайи вайрон дар бозорҳои Суғд, изҳороти раҳбари созмони даҳшатафкани давлати исломӣ, тақозои худдорӣ аз бунёди хонаҳои лойӣ ва матолиби дигар.

Рӯҳонӣ: Бо вуҷуди фишорҳо, Эрон ба содироти нафт идома медиҳад

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 30-юми апрел  дар як суханронӣ аз телевизиони давлатӣ гуфт, ҳарчанд фишор аз сӯи Вашингтон афзоиш меёбад, Эрон ба содироти нафти худ идома хоҳад дод. “Амрикоиҳо дар моҳҳои оянда хоҳанд дид, ки содироти нафт  идома меёбад,” -- гуфт Рӯҳонӣ. Ӯ афзуд, “тасмими Амрико дар бораи он ки содироти нафти Эрон ба сифр расад, як тасмими хатост ва мо иҷозат нахоҳем дод, ки ин тасмим ба иҷро дарояд.” Суханони Рӯҳонӣ пас аз чанд рӯзе садо дод, ки  Вашингтон эълон кард... Читать дальше...

Сохтмони пули 800-метрӣ бар фарози обанбори "Роғун"

Ozodi.org 

Ду бонки байналмилалӣ барои азнавсозии баъзе аз қитъаҳои роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Қарамиқ, ки то сарҳади Қирғизистон мерасад, ба Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз медиҳанд. Қарзи Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи тарҳи СAREC ҷудо мешавад. Мақомот гуфтанд, таҷдиди аз 72 то 158-ум километри роҳ дар назар аст, ки аз Обигарм то Нурободро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунон сохтмони пуле ба дарозии 800 метр дар назар аст. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд... Читать дальше...

Императори Ҷопон аз тахт фуромад ва салтанаташро поён дод

Ozodi.org 

Императори Ҷопон Акиҳито эълом дошт, ки аз тахт даст мекашад. Маросими тахтфароии ӯ рӯзи сешанбе баргузор гашт ва аз нимашаби 30 апресл сар карда, ӯ дигар императори Ҷопон нахоҳад буд. Ба ин муносибат Акиҳито аз ҳамаи онҳое, ки ӯро ҳамчун рамзи миллӣ арҷ мегузоштанд, сипосгузорӣ намуд ва афзуд барои сулҳу хушбахтии кишвараш дуъо хоҳад кард. Акиҳитои 85-соларо аз номи ҳукумат ва мардум сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ табрик ва ситоиш намуд. Қатъи фаъолияти императории Акиҳито, ҳанӯз соли 2017 эълон шуда... Читать дальше...

Сафир: Амрико ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст

Ozodi.org 

Сафири нави Амрико дар Душанбе гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст". Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 29-уми апрел дар мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, "онҳо дар масоили иқтисодӣ ҳамеша омодаи ҳамкорианд". Поммершайм моҳи марти имсол ба ҳайси сафири Амрико дар Душанбе ба кор оғоз кард. Ӯ қаблан бо манзури ошноӣ бо мақомоти дигари Тоҷикистон низ дидору мулоқот дошт.  Масъулони Бонки миллӣ ба сафири Амрико дар мавриди вазъи макроиқтисодии кишвар маълумот додаанд. Читать дальше...

Трамп ва Эрдуғон интиқоли С-400-po ба Туркия баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Раҳбарони ИМА ва Туркия - Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи интиқоли муҷтамаи зиддимушакии С-400-и Русияро ба Туркия баррасӣ карданд. Ин хабарро ҳам Анқара ва ҳам Вашингтон дар иттилоияҳои расмии худ тасдиқ намудаанд. Дар иттилоияи ҷониби Анқара омадааст, Эрдуғон ба Трамп пешниҳод кард, ки барои омӯзиши масоили марбут ба интиқоли С-400 як гуруҳи кории муштарак таъсис дода шавад. Вале Кохи сафед дар ин замина чизе нагуфтааст. Тасмими Туркия барои харидории муҷтамаи... Читать дальше...

Ҷасади подполковники узбекро дар ҷои кор овезон пайдо карданд

Ozodi.org 

Ҷасади подполковник Асомхоҷа Аброровро, ки дар маҳбаси сукунатии ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд кор мекард, шаби 26 ба 27-уми апрел дар ҳуҷраи корияш овезон пайдо карданд. Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Узбекистон, ҳодиса ҳамчун худкушӣ таҳқиқ мешавад. Наздикони Аброров гуфтанд, мақомот ҷасади ӯро 28-уми апрел пас аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба онҳо супурдаанд. Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки дар робита ба ҳодисаи худкушии Аброров тафтишот оғоз шудааст. Яке аз наздикони Аброров мегӯяд... Читать дальше...

Трамп шартҳои қабули паноҳандагонро сахттар мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп шоми душанбе дастур дод, дар робита ба назорати мавҷи муҳоҷироне, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ба ин кишвар меоянд, чораҳои нав ҷорӣ карда шавад. Баррасии дархости паноҳандагии муҳоҷирон дар давоми 180 рӯз, ҷорӣ кардани маблағи муайян барои баррасии дархостҳо ва додани иҷозатномаи муваққатии кор аз зумраи чораҳои нав аст. Ҳамчунин ба муҳоҷироне, ки марзи ИМА-ро ғайриқонунӣ мегузаранд, иҷозатномаи муваққати кор дода намешавад. Ҳадафи чораҳои нав таъмини иҷрои... Читать дальше...

Дар Қирғизистон эътирозҳо зидди истихроҷи уран авҷ мегиранд (видео)

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди истихроҷи уран якбора ду эътироз баргузор мешавад. Дар майдони марказии Бишкек ва гулгашти ба номи Горкий ҳамзамон ду эътироз зидди истихроҷи уран баргузор мешавад. Дар майдони марказӣ "Ҳизби сабзҳо" бо роҳбарии Эркин Булекбоев эътироз ташкил кард. Дар гулгашти Горкий эътирози сокинони Балиқчӣ баргузор мешавад, ки ахиран дар шаҳри Балиқчӣ ҳам гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд. Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар заданд, ки хабари... Читать дальше...

Аз бастани масҷид то боздошти падар. Шеваҳои "муосир"-и ҷалби ҷавонон ба артиш

Ozodi.org 

"Падарамро маҳкам карданд, ки то писарат аз муҳоҷират омада ба артиш наравад, озод намешавӣ"; "Дари масҷидро баста шарт гузоштанд, ки бачаҳоро ба хидмат фиристед" -- инҳо чанд "намуна"-и нави ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аст, ки дар се ҳафтаи гузашта расонаӣ шуданд.

Болоравии нархи гӯшт ва маҳсулоти дигар дар остонаи моҳи Рамазон

Ozodi.org 

Камчин шудан ва боло рафтани қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон аксар сокинони кишварро нигарон кардааст. Нархи як кило гӯшт дар 3 рӯзи ахир аз 40 то ба 45 сомонӣ расид. Дар баъзе аз дӯконҳо гӯшти сифаташ хуб бо арзиши 50 сомонӣ фурӯхта мешавад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *