Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 04.04.2019

Матбуот: Марди тоҷике дар лаҳзаҳои истирдод аз Екатеринбург даргузашт

Ozodi.org 

Марди тоҷике, ки бар асоси қарори истирдоди додгоҳ қарор буд тавассути ҳавопаймои Екатеринбург-Душанбе ба Тоҷикистон парвоз кунад, дучори сактаи қалбӣ шуда даргузашт. Дар ин бора вебсайти хабарии www.e1.ru хабар медиҳад. Дар хабар омадааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Екатеринбург судиҷрочиҳо ба утоқи тиббии фурудгоҳи Колтсово муроҷиат карда хостанд, ёрии таъҷилиро барои кӯмак ба як сокини 47-солаи Тоҷикистон даъват кунанд.  Дафтари матбуоти фурудгоҳ гуфтааст, ки табибон ба ин мард ёрии тиббӣ расонида ӯро ба як бемористони шаҳр интиқол доданд... Читать дальше...

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ – «Истаравшан»-и Истаравшан шуруъ мешавад. Ду бозии дигари даври аввали мусобиқот рӯзи якшанбеи 7-уми апрел доир мегардад. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон – «Хатлон»-и Бохтар – рақобат мекунанд.  Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ)... Читать дальше...

"Афсона"-ро вайрон мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дари қаҳвахонаи "Афсона" тайи як ҳафта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино муҳр зада шудааст ва ҳудуди 60 нафар аз коргарони он бекор мондаанд.

Анҷоми талхи қаҳвахонаи "Афсона"

Ozodi.org 

Дари қаҳвахонаи "Афсона" тайи як ҳафта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино муҳр зада шудааст ва ҳудуди 60 нафар аз коргарони он бекор мондаанд. Ин қаҳвахона аз се сол ба ин тараф дар яке аз маконҳои пуриздиҳоми маҳаллаи 84-уми Душанбе фаъолият мекард.

Русия мехоҳад, муҳоҷирон бо пули худашон ихроҷ шаванд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро омода кардааст, ки бар пояи он муҳоҷироне, ки ихроҷ мешаванд, харҷи додгоҳ ва роҳкирои кишвари худро аз ҷайби худ бояд пардохт кунанд. Дар соли 2018 аз Русия 6000 муҳоҷир депорт шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ба сари масъалаи марз бармегарданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел масъалаи тақсиму аломатгузории марзро дар Душанбе баррасӣ мекунанд. Муноқишаи маргбори сокинони рустоҳои сарҳадӣ дар аввали ҳамин моҳ ду тарафро маҷбур кард, дигарбора сари мизи гуфтугу баргарданд.

Занони тоҷику афғон шеваҳои наҷотро омӯхтанд

Ozodi.org 

Чанде пеш дар Душанбе барои нахустин бор занони наҷотбахш аз Тоҷикистону Афғонистон имкон пайдо карданд, ки аз мутахасисони бритониёӣ дарс бигиранд. Ба бовари мутахассиони хориҷӣ занони ду кишвар дар қиёс бо ҳамкорони марди худ малакаи камтар доранд .Гузориш аз ТВ Настояшее Время



Георгий Данелия - коргардони “Мимино” даргузашт

Ozodi.org 

Нашрияи «Новая газета» бо такя ба хонаводаи коргардон хабар дод, ки рӯзи 4 апрел дар синни 88-солагӣ режиссери  маъруфи синамои шӯравӣ ва русӣ Георгий Данелия даргузашт. Данелия аз илтиҳоби шуш ранҷ мекашид ва  аз охири моҳи феврал бо қарори табибон дар кома ё беҳушии сунъӣ қарор дошт. Данелияи гурҷиасл аз муаллифони силсилаи филмҳои беҳтарини замони шӯравӣ, назири  «Дар Маскав сайругашт мекунам» ("Я шагаю по Москве"), "Афоня", "Мимино", «Дави тирамоҳӣ» ("Осенний марафон") ва дигарҳо мебошад. Бахши русии Радиои Озодӣ менависад... Читать дальше...

Додситонии Узбекистон гуфт, ки Ёқуб Ғафуров “муваққатан" ба Тоҷикистон таслим карда шуд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон дар як посухаш ба нашрияи интернетии «Газета.uz» гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров, ки барои куштори муассиси театри “Илҳом” Марк Вайл дар соли 2010 ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо дархости ҷониби Тоҷикистон “барои муваққат” ба Душанбе таслим карда шуд.

Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 4-уми апрел

Ozodi.org 

Тоҷикистону Қирғизистонро тақсими марзро баррасӣ мекунанд, "Афсона"-ро вайрон мекунанд, коргаронаш норозианд, Русия аз муҳоҷирон пули депортатсияро меситонад? Паймони НАТО 70-сола шуд Чаро фақат писарони вазирон вазир шаванд

Узбекистону Тоҷикистон ширкатҳои нави муштарак таъсис медиҳанд

Ozodi.org 

Вебсайти gazeta.uz рӯзи 4 апрел навишт, ки ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар шаҳри Тирмизи Узбекистон таҳти раҳбарии нахуствазирон ҷаласаи шашуми байниҳукуматии комиссиюни тиҷоративу иқтисодӣ баргузор карданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Қоҳир Расулзода ва Узбекистонро Абдулло Орипов раҳбарӣ карданд. Дар ин нишаст созишномаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва мухобирот, энергетика, фарҳанг ва кишоварзӣ ва масоили дигар имзо шуд. Азия-Плюс навишт, ки ҷонибҳо ба афзоиши табодули молу коло... Читать дальше...

Пурсиш: аксари сокинони Русия аз ғасби Қрим пуштибонӣ мекунанд

Ozodi.org 

Як пурсиши ахир дар Русия мегӯяд, ки аксари сокинони ин кишвар ғасби нимҷазираи Қримро аз дасти Украина пуштибонӣ мекунанд, вале шумори онҳое, ки чунин андешаро дар робита бо минтақаҳои шарқии Украина – Донетск ва Луҳанск  тарафдорӣ мекунанд, камтар будааст. Пурсише, ки муштаракан аз ҷониби Маркази Левада ва шӯрои умури ҷаҳонии Чикаго анҷом шудааст, рӯзи 3 апрел нашр шуд. Дар ин пурсиш аксари сокинони Русия гуфтанд, ки сиёсати хориҷии кишварашон бадтар шуда, ба иқтисод ва сифати зиндагии мардум таъсиргузор шудааст. Читать дальше...

Путин пешниҳод кард, дар Қазоқистон неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия ва президенти муваққати Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев баъди мулоқот дар Кремл рӯзи 3 апрел изҳороти муштарак нашр карданд. Путин дар суханрониаш аз робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла "ҳамкорӣ дар бахши неруи ҳастаии сулҳомез" ёдовар шуд. Ба гуфтаи вай, "шаш корхонаи муштараки Русияву Қазоқистон ба истихроҷ ва коркарди уран машғул ҳастанд". Путин гуфт, Русия пешниҳод мекунад, ки "дар Қазоқистон бо истифода аз технологияи русӣ неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад". ... Читать дальше...

Интиқод аз ҳукумати Эрон дар пасманзари офатҳои табиӣ бештар мешавад

Ozodi.org 

Нокомии мақомоти Эрон дар бархӯрд бо паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҷилавгирӣ аз қурбониҳои зиёди инсонӣ ва хисороти молӣ мавҷи интиқодҳоро ба бор овардааст. Дар паи чандин обхезиҳои шадиди ҳафтаҳои гузашта, ки бар асари  боронгариҳои мудовом сар зад, даҳҳо нафар кушта шуда, садҳо деҳоту шаҳрҳо дар 20 минтақаи Эрон осеб диданд. Вилояти кӯҳии Луристон ва вилояти Хузистони нафткаш дар ин офатҳо хисороти бештар диданд ва манзили садҳо нафар хароб ва нобуд шуд. Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ рӯзи 3 апрел гуфт... Читать дальше...

Парлумони Бритониё Тереза Мейро маҷбур мекунад, ки тамдиди мӯҳлати Брекзитро бо ИА баррасӣ кунад

Ozodi.org 

Дар як овоздиҳӣ қонунгузорони бритониёӣ ҷонибдори он шуданд, ки нахуствазир Тереза Мейро маҷбур кунанд дар музокирот бо Иттиҳодияи Аврупо хостори тамдиди мӯҳлати Брекзит шавад, то ки Бритониё дар ҳолати “тарки ИА бидуни созишнома” дар таърихи 12 апрел дар ҳолати бебандуборӣ қарор нагирад. Барои тасвиби ин санад ва касби қонунии он ризоияти палатаи болоии парлумон лозим аст. Маҷлиси лордҳо, палатаи болоии парлумони Бритониё қарор аст рӯзи 4 апрел бо тарҳи ин қонун шинос шуда назари худро баён кунад. Читать дальше...

Изҳороти якҷояи Путину Тоқаев: Русияву Қазоқистон ба "сиёҳсозӣ"-и таърихи муштарак иҷозат намедиҳанд

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон ва Владимир Путин, президенти Русия дар поёни мулоқот дар Кремл рӯзи 3 апрел дар робита ба идомаи густариши муносибатҳои ду кишвар изҳороти муштарак нашр карданд. Дар изҳорот омадааст, ки Қазоқистону Русия "ҳеч талоши бадномсозии таърихи муштараки ду кишварро таҳаммул нахоҳанд кард". Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ҳамкорӣ дар доираи маҷмааи "Байконур", аз ҷумла амалисозии тарҳи бунёди маҷмааи мушакии "Байтерек"-ро идома медиҳанд. Ба иттилои Кремл... Читать дальше...

Порошенко ба баҳси як ба як бо Зеленский дар варзишгоҳ розӣ шуд

Ozodi.org 

Петр Порошенко, президенти амалкунандаи Украина розӣ шуд, ки бо рақиби интихоботиаш Владимир Зеленский дар варзишгоҳи "Олимпӣ"-и Киев дар мазҳари ом мунозира кунад. Порошенко ёдовар шуд, ки қонуни интихоботӣ баргузории мунозираҳоро дар толори телевизионҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ кардааст, вале ҳамзамон розӣ шуд, ки пешниҳоди Зеленскийро қабул кунад ва мунозираро дар варзишгоҳ баргузор намояд. "Бигзор дар варзишгоҳ бошад. Ман шуморо мунтазирам, Владимир Александрович", - гуфт Порошенко дар як навори видеоӣ, ки дар Твиттер нашр шуд. Читать дальше...

Як мубаллиғи ҷангҳои Сурия ба Қирғизистон истирдод шуд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни як амалиёти мақомоти қудратӣ як шаҳрванди соли таваллудаш 1995 боздошт ва ба Қирғизистон истирдод шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшуда дар хориҷ ба ҷалби сокинон ба ҷангҳои Сурия машғул буд. "Боздоштшудаҳои пешин тасдиқ карданд, ки бо даъват ва таблиғи шаҳрванди соли таваллудаш 1995 нахуст ба Туркия ва баъдан ба минтақаи ҷангҳои Сурия рафтаанд", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Марги фоҷиавии хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Амонмурод Бугаев, хабарнигори 68-солаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар як садамаи нақлиёт кушта шуд. Ин ҳодиса субҳи 3 апрел рух дод. Вай бо сафари корӣ ба вилояти Балкан равона буд. Дар оғози солҳои истиқлоли Туркманистон вай роҳбари Бунёди адабии Туркманистон буд. Дар солҳои гуногун ҳамчунин ба ҳайси муҳаррири телевизион ва муҳаррири нашрияҳо фаъолият кардааст. Бештар аз 15 сол Бугаев бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт. Дар сафари охири кориаш Бугаев мехост, дар бораи обхезӣ дар вилояти Балкан гузориш нависад.

Шиканҷа, боз шиканҷа. Хотима кай?

Ozodi.org 

Ду воқеаи ахир – осеб дидани Умед Ҳикоятови 38-сола ва зарбулати Мадина Шамсоваи 33-сола дар маркази Душанбе аз нав вожаи “шиканҷа” ва шикваҳо аз бадрафтории кормандони пулисро сари забонҳо кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *